Рӯзи 12 апрели соли 2024 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм, ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, чорабинии навбатӣ - Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» бахшида ба 35-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои зерин шунида ва муҳокима гардиданд: Буризода Э.Б. – д.и.ҳ., проф., “Таърих ва таълимоти ҳуқуқшиносӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ”; Нематов А.Р. – д.и.ҳ., Рустамзода М.Р. –н.и.ҳ., “Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ”; Бобоҷонзода И.Ҳ. – д.и.ҳ., проф., “Масоили ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ”; Қодирзода Т.Қ. – н.и.ҳ., “Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғ.