Skip to main content

БАРҚАРОРСОЗИИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ҲИФЗИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ: АҲАМИЯТИ СИЁСӢ ВА МАЪНАВИИ БОЗГАРДОНИДАНИ ОРОМГОҲИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ, ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА НИСОР МУҲАММАД БА ТОҶИКИСТОН

Дирӯз дар шаҳри Душанбе маросими бозгардонидани муште аз хоки чеҳраҳои таърихии миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад бо иштироки бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки нишонаи олии арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанги миллӣ ва бузургдошти хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватани азиз маҳсуб меёбад.Ин рӯйдод танҳо як маросими рамзӣ набуда, балки иқдоми муҳими сиёсӣ, маънавӣ ва таърихӣ дар роҳи барқарорсозии адолати таърихӣ ва эҳёи хотираи миллӣ ба шумор меравад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки масъалаҳои ҳувияти миллӣ, худшиносии таърихӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ аҳамияти акталиро касб намудаанд, таваҷҷуҳ ба мероси шахсиятҳои таърихӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлат табдил ёфтааст. Миллате, ки қаҳрамонон ва фарзандони содиқи худро гиромӣ медорад, метавонад пояҳои давлатдории худро устувор намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дар шуури ҷомеа таҳким бахшад.

Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷастаи таърихи сиёсии тоҷикон мебошанд, ки дар солҳои аввали ташаккули давлатдории шӯравии тоҷикон барои таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муайян намудани сарҳадҳои сиёсиву маъмурии миллат саҳми бузург гузоштаанд. Маҳз талошҳо ва ҷоннисориҳои онҳо имкон фароҳам оварданд, ки тоҷикон ҳамчун миллати соҳибдавлат дар харитаи сиёсии минтақа мавқеи худро ҳифз намоянд.

Аммо таърих гувоҳ аст, ки солҳои 30-ум асри XX, дар авҷи репрессияи сиёсӣ ҳазорон фарзандони содиқи миллат қурбони сиёсатҳои худкомаи замон гардиданд. Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур низ аз ҷумлаи он шахсиятҳое буданд, ки сарфи назар аз хизматҳои бузургашон ба миллат ва давлат, ба таъқибу фишорҳои сиёсӣ дучор шуда, қурбони беадолатиҳои таърих гардиданд. Аз ин рӯ, бозгардонидани хоки онҳо ба сарзамини аҷдодӣ маънои амиқи сиёсиву ахлоқӣ дошта, ҳамчун рамзи эҳтиром ба ҳақиқат ва адолати таърихӣ арзёбӣ мегардад.

Ин иқдом инчунин нишон медиҳад, ки давлати Тоҷикистон имрӯз ба масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва эҳёи шахсиятҳои миллӣ бо масъулияти баланд муносибат менамояд. Дар воқеъ, сиёсати давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба эҳёи таърихи миллӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ равона гардидааст. Дар ин раванд нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ниҳоят бузург аст. Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти ин Абармарди давлат ва миллат, арзишҳои миллӣ дубора эҳё гардида, шахсиятҳои таърихӣ ҷойгоҳи шоистаи худро дар шуури ҷамъиятӣ пайдо менамоянд.

Аз нуқтаи назари сиёсӣ, чунин иқдомҳо барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ аҳаммияти муҳим доранд. Зеро хотираи таърихӣ яке аз омилҳои асосии ташаккули ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Миллате, ки таърихи худро мешиносад ва қаҳрамонони худро гиромӣ медорад, нисбат ба таҳдидҳои фарҳангӣ, идеологӣ ва геополитикии беруна устувортар мегардад.

Дар ин қатор, бозгардонидани оромгоҳи шахсиятҳои таърихӣ ба Ватан ҳамчун намунаи эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва анъанаҳои миллӣ низ арзёбӣ мешавад. Дар фарҳанги тоҷикон эҳтиром ба гузаштагон, бузургон ва фарзандони миллат ҷойгоҳи махсус дорад. Аз ин рӯ, ин иқдом дар шуури ҷомеа ҳамчун амали неку инсонпарварона қабул гардид.

Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳон бо буҳронҳои ҳувиятӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва кӯшишҳои таҳрифи таърих рӯ ба рӯ мебошад, ҳифзи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои миллӣ аҳаммияти боз ҳам муҳимтар пайдо мекунад. Ин на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат мебошад.

Дар хотима, бозгардонидани хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Тоҷикистонро метавон ҳамчун намунаи барқарорсозии адолати таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат арзёбӣ намуд. Ин рӯйдод бори дигар нишон дод, ки давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба таърих, хотираи миллӣ ва арзишҳои давлатдорӣ эҳтироми хосса доранд ва ҳифзи мероси маънавии миллатро яке аз вазифаҳои муҳимми худ медонанд.

Бедилзода Ҳ –мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилаӣ ИФС ба номи А. Баҳовиддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121