ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ:
ТАҲЛИЛИ СОТСИОЛОГИИ ЯК РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ
Дар ҷомеаи муосир масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Ҳар як миллат барои нигоҳ доштани ҳастии таърихии худ на танҳо ба захираҳои иқтисодӣ ё низомӣ, балки пеш аз ҳама ба хотираи таърихӣ, фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба қаҳрамонон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фидокори худ такя менамояд.
Маҳз хотираи таърихӣ омили муҳимми ташаккули шуури миллӣ, худшиносии иҷтимоӣ ва эҳсоси мансубият ба давлату миллат мебошад. Дар ҳамин замина, маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад, ки бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, аҳаммияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад.
Ин рӯйдодро танҳо ҳамчун як маросими давлатӣ ё ташрифоти расмӣ арзёбӣ намудан нокифоя аст. Аз нуқтаи назари сотсиология, чунин иқдомҳо механизмҳои муҳимми ташаккули ҳувияти миллӣ ва таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро ҷомеа маҳз тавассути гиромидошти хотираи таърихӣ ва эҳтиром ба шахсиятҳои миллӣ арзишҳои умумимиллӣ ва тафаккури дастаҷамъиро ҳифз менамояд.
Дар илми сотсиология мафҳуми “хотираи иҷтимоӣ” ё “хотираи дастаҷамъӣ” яке аз унсурҳои асосии ташаккули миллат маҳсуб меёбад. Миллатҳое, ки таърихи худро пос медоранд ва хизматҳои фарзандони содиқи худро қадр мекунанд, дорои сатҳи баланди ваҳдати иҷтимоӣ ва устувории миллӣ мебошанд.
Маросими истиқболи мушти хоки қаҳрамонони миллӣ дар фазои мутантани эҳтиром ва арҷгузорӣ баргузор гардид.
Иштироки шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯйдоди таърихӣ нишон медиҳад, ки масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи миллат дар меҳвари сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлати Тоҷикистон қарор дорад. Дар илми сотсиология чунин равандҳо ҳамчун шакли “рамзсозии сиёсӣ” арзёбӣ мегарданд, ки тавассути он давлат арзишҳои муҳимми миллӣ ва иҷтимоиро дар шуури ҷомеа таҳким мебахшад.
Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар марҳилаи бисёр ҳассоси таърихӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои сарзамини тоҷикон ва ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бурдаанд. Маҳз фаъолияти сиёсӣ ва ватандӯстонаи онҳо дар давраи тақдирсоз барои миллати тоҷик заминаҳои ташаккули давлатдории миллиро фароҳам овард. Аз ин нуқтаи назар, гиромидошти хотираи онҳо на танҳо эҳтиром ба шахсиятҳои алоҳида, балки арҷгузорӣ ба тамоми раванди таърихии ташаккули давлатдории тоҷикон мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки бисёр ҷомеаҳо бо буҳрони ҳувият рӯ ба рӯ мегарданд, масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Густариши фарҳангҳои оммавӣ, таъсири фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва тағйирёбии босуръати арзишҳои иҷтимоӣ метавонанд ба суст гардидани худшиносии миллӣ ва дуршавии ҷавонон аз арзишҳои таърихӣ мусоидат намоянд. Дар чунин шароит эҳёи номи қаҳрамонони миллӣ ва баргардондани хотираи таърихӣ ба фазои ҷамъиятӣ барои таҳкими устувории маънавии ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Аз нуқтаи назари сотсиологӣ, қаҳрамонони миллӣ танҳо шахсиятҳои таърихӣ нестанд, балки рамзҳои иҷтимоӣ мебошанд. Ҷомеа тавассути чунин рамзҳо арзишҳои асосии худро муайян ва интиқол медиҳад. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур дар шуури миллӣ ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҷасорат ва садоқат ба давлату миллат ҷой гирифтаанд. Маҳз ҳамин гуна шахсиятҳо барои тарбияи насли ҷавон ва таҳкими руҳияи ватандӯстӣ хизмат карда метавонанд.
Баргардондани мушти хоки ин қаҳрамонон ба Ватан дорои маънои бисёр амиқи рамзӣ мебошад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки Ватан фарзандони содиқи худро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Дар сотсиология чунин равандҳоро ҳамчун шакли “барқарорсозии адолати таърихӣ” арзёбӣ кардан мумкин аст. Зеро дар тӯли таърих бисёр шахсиятҳои миллӣ бо сабабҳои сиёсӣ аз ҳаққи қадршиносии муносиб маҳрум гардида буданд. Аммо дар шароити истиқлоли давлатӣ имрӯз хизматҳои онҳо дубора мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор мегиранд.
Масъалаи эҳёи адолати таърихӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад. Давлати соҳибистиқлол барои барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳое, ки барои бақои миллат хизмат намудаанд, тадбирҳои пайгирона амалӣ менамояд. Ин раванд ба таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат ва болоравии сатҳи худшиносии миллӣ мусоидат мекунад. Вақте шаҳрвандон мебинанд, ки давлат таърихи худро эҳтиром менамояд, эҳсоси ифтихор аз миллат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бештар мегардад.
Ҷиҳати муҳимми дигари ин рӯйдод нақши тарбиявии он барои ҷавонон мебошад. Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷомеаи Тоҷикистон тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таърих мебошад.
Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки истиқлол ва давлатдорӣ арзиши оддӣ нестанд, балки натиҷаи мубориза ва ҷоннисориҳои фарзандони миллат мебошанд. Маҳз тавассути чунин маросимҳои таърихӣ арзишҳои миллӣ аз як насл ба насли дигар интиқол дода мешаванд.
Дар сотсиология раванди интиқоли арзишҳои иҷтимоӣ ҳамчун шарти асосии устувории ҷомеа арзёбӣ мегардад. Агар ҷомеа натавонад арзишҳои асосии худро ба ҷавонон интиқол диҳад, хатари суст гардидани ҳувияти миллӣ ва коста шудани ҳамбастагии иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Аз ҳамин сабаб, чунин рӯйдодҳои таърихӣ аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва иҷтимоӣ доранд.
Маросими мазкур ҳамчунин нишон медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати фарҳангии Тоҷикистон ба эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ равона гардидааст. Дар солҳои истиқлолият даҳҳо шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангии миллат дубора ба ҷомеа муаррифӣ шуданд, осори таърихӣ эҳё гардиданд ва масъалаи омӯзиши таърихи миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Ин раванд барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва болоравии сатҳи худшиносии шаҳрвандон нақши муҳим бозид.
Дар илми сотсилогия миллат ҳамчун ҷомеаи дорои арзишҳо, рамзҳо, хотираи муштарак ва сарнавишти умумӣ тавсиф карда мешавад. Бе хотираи таърихӣ ва эҳтиром ба қаҳрамонони миллӣ ташаккули ҳувияти устувори миллӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, чунин иқдомҳо на танҳо аҳамияти сиёсӣ, балки аҳаммияти бузурги иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ доранд.
Иштироки мардум дар чунин маросим ба таҳкими эҳсоси ҳамбастагӣ мусоидат менамояд. Дар чунин лаҳзаҳои таърихӣ ҷомеа худро ҳамчун як воҳиди ягона эҳсос мекунад. Эҳтиром ба хотираи қаҳрамонони миллӣ мардумро ба ҳам наздик месозад ва эҳсоси ягонагии миллиро тақвият мебахшад.
Аз дидгоҳи иҷтимоӣ, сиёсати гиромидошти шахсиятҳои миллӣ яке аз василаҳои муҳимми муқовимат ба бегонапарастӣ ва бӯҳрони маънавӣ мебошад. Ҷомеае, ки қаҳрамонони худро мешиносад ва эҳтиром менамояд, сатҳи баланди устувории фарҳангӣ ва маънавӣ дорад. Баръакс, фаромӯш намудани таърих ба коста гардидани арзишҳои миллӣ ва заиф шудани робитаи иҷтимоӣ оварда расонида метавонад.
Маҳз ҳамин аст, ки иқдоми ба Ватан баргардондани мушти хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона ва миллатсозонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намудан мумкин аст.
Ин иқдом бори дигар нишон дод, ки дар Тоҷикистон эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти шахсиятҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Дар маҷмуъ, ин рӯйдоди таърихӣ аҳаммияти бисёрҷанба дорад. Он ҳамзамон рамзи эҳёи адолати таърихӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд гардидани эҳсоси ватандӯстӣ ва гиромидошти хизматҳои фарзандони содиқи миллат мебошад.
Ин маросим нишон дод, ки ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз ба марҳилаи нави дарки таърихи миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ворид гардидааст. Бешубҳа, чунин иқдомҳо дар ташаккули шуури миллӣ, баланд гардидани эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Қадршиносӣ аз хизматҳои фарзандони миллат барои наслҳои имрӯз ва фардо паёми равшан дорад: миллате, ки таърихи худро эҳтиром мекунад, ояндаи устувор ва давлатдории қавиро бунёд карда метавонад.
Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва
сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
