ГИРОМИДОШТИ ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Раванди муттаҳиднамоии ҷомеа дар заминаи арзишҳои умумии миллӣ ва таъмини пайванди наслҳо ҳамчун ворисияти сиёсию таърихӣ эътироф гардидааст. Ҷомеае, ки ворисияти сиёсии хешро гум мекунад, робитаи наслҳояш канда мешавад ва агар он арзишҳои умумӣ надошта бошад, дучори буҳрону парокандагӣ мегардад.
Бинобар ин, муттаҳидӣ дар атрофи арзишҳои миллӣ мисли ширеше мебошад, ки сохтори ҷомеаро нигоҳ медорад. Ворисияти сиёсӣ мисли пулест, ки гузаштаро бо оянда мепайвандад. Бе ин ду омил ҳеҷ як ҷомеа наметавонад дар дарозмуддат устувор бимонад. Танҳо сиёсате, ки ба пайванди таърихӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ такя мекунад, метавонад таҳкими давлатдориро дар дурнамои таърихӣ таъмин намояд. Дар ҷаҳони муосир, ин ду омил барои ҳар як миллати соҳибдавлат ҳукми обу ҳаворо дорад.
Сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳёи хотираи таърихӣ устувор мебошад. Рӯйдоди сиёсию таърихии 19 май, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд, намунаи барҷастаи ҳамин сиёсат маҳсуб меёбад.
Лозим ба тазаккур аст, ки иштироки бевоситаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад. Бояд иброз дошт, ки Пешвои миллат ҳамеша ба гузаштагони бузурги тољик арљ мегузоранд. Ба назари мо, ин падидаи нодир саҳифаи наверо дар шинохти гузашта ва ҳозираи давлату миллат боз хоҳад кард.
Маросими дар фурудгоҳ баргузор гардида нишон медиҳад, ки маҳз Роҳбари давлат бо нишони эҳтиром ба поягузорони давлатдорӣ, пайванди таърихиро аз гузашта ба имрӯз боз ҳам мустаҳкам намуда, низоми давлатро таҳким мебахшанд.
Ин раванд эътимоди аҳли аҷомеаро ба сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давомдиҳандаи ҳадафҳои олии қаҳрамонони Тоҷикистон мебошад, боз ҳам устувор месозад. Охирин насли ҷавонро дар руҳияи ватандўстӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтирому эътиқоди самимӣ ба соҳибдавлатро тарбия менамояд.
«Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновари таърихӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд».
Кӯчонидани хоки онҳо ба Ватан ва супоридан ба замин дар оромгоҳи Лучоб, рамзи пирӯзии ҳақиқат ва эҳёи адолати таърихӣ дар марҳалаи муосири рушди давлатдории миллӣ мебошад. Акнун « … ин қаҳрамонони миллӣ, фарзандони сарсупурдаи миллати бостонии тоҷик дар Ватани бобоии худ, Тоҷикистони азиз - кишваре, ки барояш ҷони ширини хеш нисор кардаанд, соҳиби оромгоҳи худ мешаванд. Ин иқдом, бешак, боиси оромиши руҳу равони ин шаҳидони роҳи озодӣ гардида, барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз собит менамояд, ки Ватан хизматҳои арзишманди фарзандони фидокору сарсупурдаи худро ҳаргиз фаромўш намекунад, дер ҳам бошад, арҷ гузошта мешавад».
Маросими таърихии истиқбол ва ба замин супоридани хоки Қаҳрамонони Тољикистон - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад, ки бо ибтикори бевосита ва иштироки шахсии Пешвои муаззами миллат сурат гирифт, танҳо як қадршиносии оддӣ нест.
Ин иқдоми беназир рамзи пирӯзии ҳақиқати таърихӣ, таҳкими пояҳои маънавии давлатдорӣ ва нишонаи олии ватандӯстиву ҳувияти миллӣ мебошад. Он ба ҷомеа, махсусан ба насли имрӯзу оянда собит месозад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеҷ гоҳ хизмати фарзандони фидокори худро фаромӯш намекунад.
Ҳамин тариқ, ин ташаббуси бузурги сиёсию таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дурахши адолати таърихӣ, балки роҳнамои равшане барои наслҳои имрӯзу оянда дар роҳи ҳифзу таҳкими давлатдории миллӣ хоҳад буд.
Муродов С.А. – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент мудири шуъбаи сиёсатшиносии ИФС АМИТ.
