ИҚДОМИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР - РАМЗИ ЭҲТИРОМ БА ШАХСИЯТҲОИ ТАЪРИХИЮ МИЛЛӢ
Ба даст овардани истиклоли сиёсӣ ба мо имконият дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби тараққиётро ҷустуҷӯ ва дарёфт намоем. Аз ин рӯ, мо бояд дар бунёди давлати соҳибистиқлол ба ифодаи иродаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем, то битавонем, ҷомеаро ба пояи баланди рушди «иқтисодию сиёсӣ, илмию техникӣ бардорем», бахусус, дар ин марҳилаи тақдирсозе, ки тарбияи худшиносии миллӣ бояд ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Ҳамин заруратро Президенти кишвар дар вохӯриҳо бо кормандони соҳаи маориф, дар мулоқотҳояш бо зиёиён, бо ҷавонон ва дар Паёми ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид намуда, зарурати пурзӯр намудани нақши маорифу илмро дар ҳаёти ҷамъиятӣ махсус таъкид менамоянд.
Дар баробари ин, боз Истиқлол на танҳо барои бақои давлату сарзамин, балки барои ҳифзи шараф ва таъмини амалии озодиҳои ҳар як шаҳрванд шароит фароҳам меорад. Имрӯз ҳамаи мо вазифадорем, ки давра ба давра барои фароҳам овардани имконияти расидан ба қуллаҳои баланди истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, таъмини шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ва амалӣ гардонидани нияту нақшаҳои неку созандаи ватандорӣ пайваста заҳмат кашему мардумро дар рӯҳияи ватанхоҳию ватанпарастӣ тарбия намоем.
Аз ин рӯ, иқдоми нави Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба хок супоридани як каф хоки марқади қаҳрамонони миллат, ки аз кабристони Донскойи ш. Москва ба пойтахти азизамон шаҳри Душанбе оварда шудааст ин ҳамчун эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо маънидод карда мешавад. Зеро шахсиятҳои таърихӣ миллӣ, ҳамчун як рамзи эҳтиром ба ҷонсупориҳо баҳри миллату давлати навини тоҷикон арзёбӣ мегардад. Албатта, чунин иқдомҳо дар худ ҳадафҳои мухталиф доранд, Аз ҷумла, гиромидошти хотираи шахсиятҳои бузурги миллат, мутаҳид сохтани ҷомеа атрофи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва ғ.
Дар ин росто, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари сиёсӣ барои таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи мо як қатор корҳоеро ба анҷом расонидаанд, ки муҳиммияти бузурги таърихию сиёсӣ доранд, аз ҷумла: -таҷлили ҷашни 1100 солагии давлати Сомниён:- бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе;-гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллӣ Устод Рудакӣ, Шайхурраис Абуалӣ Сино, Ҷалолиддини Балхӣ ва ғ.- шоҳкории “Кохи Наврӯз” дар ш. Душанбе;
-
арҷгузори ба рамзҳои давлатӣ. бунёди майдони Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ;
-
бунёд намудани “Кохи тамаддуни ориёӣ”, “Маркази байналмиллалии Наврӯз”;
-
мушарраф гардонидани фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ба унвони “Қаҳрамон Тоҷикистон”;
-
ба таври ройгон дастраси аҳолии Тоҷикистон намудани китоби қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”;
-бознашри “Шоҳнма”-и безаволи Фирдавсӣ ва ба мардум ҳадя кардани ин шоҳкории ниёгонамон;
-
ба Ватан баргардоидан ва аз нав ба хок супоридан як каф хоки қаҳрамонони бегуноҳи ба катл расонидаи замони “Террори Сурх” . Инчунин, дигар иқдому ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он далолат менамоянд, ки танҳо қаҳрамони ҳакикии миллат метавонад чунин иқдомҳои некро роҳандозӣ намояд.
Хамаи ин иқдомҳо барои худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими давлатдории навини миллӣ равона шудаанд, ки боиси ифтихору эҳтироми мардуми мост. Шумо тасаввур намоед, ки Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсумро, ки яке аз роҳбарони Ҷумхурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон буд, бо кадом туҳмату буҳтонҳои ҳизбӣ соли 1937 ба катл расонида шудааст. ки шарҳи ин масъала, дар фармоиши соли 1938, П.:417 чунин омадааст:
-
Барои эътирофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ;
-
Ҳимояи мустакилияти давлати Тоҷикистон;
Мавкеъ оид ба ворид нмудани Самарқанду Бухоро ба ҳайати Тоҷикистон иброз доштан. Бо чунин айбномаҳо барои нишондодани фаъолияти зиддиинкилобӣ бадарға карда шуда, ба катл расонида шуд. Қаҳрамони дигари тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам бо чунин туҳматҳои беасос гуё , ки бо максади ҷудо кардани Тоҷикистон аз СССР ва омода намудани амалҳои террористӣ бар зидди роҳбарони ҳизб ва Ҳукумати Шуравӣ гунахгор дониста, соли 1937 ба катл расонида шудааст. Баъдан, 11 августи соли 1956, Коммисияи ҳарбии Суди Олии Шуравӣ парвандаи ӯро баррасӣ намуда, бо бегуноҳи сафед карда шуд.
Нисор Муҳаммад низ яке аз ҳамсафони Шириншо Шотемур буд. Ӯ дар рушди маорифу илми Тоҷикистон саҳми арзанда гузота , барои кушодани мактабҳо, таҳияи китобҳои дарси ва тарбияи кадрҳои тоҷик хизмати беҳамто намудааст. Худи ӯ муаллифи 11 осори илмию таълимӣ мебошад. Дар солҳои таъкиби сиёсӣ соли 1937 дар Москва бегуноҳ ба қатл расонида шудааст. Ӯ дар солҳои 1950 сафед карда шудааст.
Имрӯз баргардонидани як каф хоки марқади онҳо ба Ватан аз ҷониби Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон, ин натанҳо як мушти хоки ёддошт, балки як ҷаҳони андешаи бузургест, ки дар зеҳну тафаккури мардуми мо ва раванди таълиму тарбияи шаҳрвандони кишварамон макому мартабаи хосса дорад. Ин заковати бузурги давлатдорӣ ва дарки ҷоннисории фарзандони фаршонаи тоҷик аст, ки ҳеҷ вакт фаромӯшт нахоҳанд шуд.
Ба андешаи мо танҳо қаҳрамони ҳақиқӣ аз уҳдаи чунин амали нек баромада метавонад ва танҳо қаҳрамони миллат қодир аст, ки дар роҳи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ бо ду дасти пеши бар ва эҳтироми самимӣ як каф хоки бузургонро пешвоз гирифтаанд. Аҳсан ба чунин икдоми давлатмеҳварӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихию миллӣ, ки бо шиори “ бузургонро бузургон зинда медоранд”, таваҷҷуҳ доранд.
Муҳаммад Абдураҳмон- узви вобастаи АМИТ, доктри илмҳои сиёсӣ, профессор
