Skip to main content

КОНСТИТУТСИЯ - МЕХАНИЗМИ ТАҲКИМИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Дар таърихи афкори сиёсӣ Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқӣ ва механизми муҳими сиёсӣ барои таҳкими соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад, ки он истиқлоли том, тамомияти арзӣ , таъмини амният ва рушди давлатдориро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ таъмин менамояд.

123Андешаҳо дар мавриди мазмун, таркиб ва хусусиятҳои Қонститутсия дар ҷаҳон хеле гуногунанд. Ҳаст кишварҳое, ки тамоман Конститутсия надоранд ва тарзи давлатдории онҳо дар шакли дигар баррасӣ мегарданд. Аммо ҷиҳатҳои умумие низ вуҷуд доранд, ки таълимоти донишмандони соҳавиро ба ҳам наздик менамоянд. Ин пеш аз ҳама, таъмини соҳибихтиёрии давлат, муайян намудани низоми давлатдорӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини истиқлоли сиёсӣ ва ғ. . Яъне ин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқие мебошад, ки бояд аз заминаи ҳуқуқӣ , сиёсӣ ва институтсионалӣ бархурдор бошад. Агар истиқлоли сиёсии Тоҷикистон дар таъмини мустақилияти давлат мақому мартабаи худро дошта бошад, пас Қонститутсия заминаи ҳуқуқии рушди озодӣ, давлатдории миллӣ ва ҷомеаи демократиро фарохам меорад.

Аксари пажуҳишгарон истиқлоли кишварро дар ду навъ тасниф менамоянд: истиқлолияти дохилӣ ва истиқлолияти хориҷӣ. Ба истиқлоли дохилӣ ғояҳои халқ, конститутсия, қонун, парламент ва ғайраҳоро мансуб медонанд. Яъне, мавҷудияти чунин институтҳои ҷамъиятию сиёсиро шарти зарурии воқеияти истиқлоли давлатӣ медонанд.Истиқлолияти хориҷӣ бошад ин мустақилияти давлат дар дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Ба сифати шарти зарурии истиқлоли хориҷии кишвар ҳуқуқи комили давлатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ баромад мекунад.

Дар баробари ин, Конститутсияи кишвари мо соли 1994 қабул карда шуд ва бо таззодҳои гуногуне рӯ ба рӯ ҳам гашт. Кувваҳои мухолифин интихоботи Президент ва қабули Конститутсияи нав, инчунин феврали соли 1995 интихоботи парламентро бойкот эълон карда буданд. Онҳо нигоҳ доштани шиддатро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва ноҳияҳои қисмати ҷанубу шарқии мамлакат раво медонистанд. Аммо чунин муносибат иродаи оҳанини Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро шикаста натавонист.

Ҳаминтавр, Конститутсияи Ҷумурии Тоҷикистон дар райпӯрсии умумихалқӣ қабул гардида, соҳибихтиёрии давлатро муқаррар намуда, барои мустақилияти Тоҷикистон шароити ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Мавриди қайд аст, ки имрӯза мо ба моҳияти соҳибистиқлолии на танҳо Тоҷикистон, балки ба дигар давлатҳо бояд ҳамчун категорияи таҳлилию бунёдӣ такя намоем. Зеро, истиқлол пурарзиштарин дастовард дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Маънои асосии он мисли қуллаи баланди озодие мебошад, ки барои мо уфуқҳои нави рушду инкишофро пайдо намудааст.Тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ин умеду орзуҳои чандинсолаи мардуми кишвари мо мебошад.

Маълум аст, ки то имрӯз истиқлоли давлатии Тоҷикистонро зиёда аз 192 кишвари ҷаҳон пазируфтааст ва кишвари мо бо 188 кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст, ки ин тақвияти эътирофи истиқлоли сиёсии давлатдории миллии мост. Яъне, маънои асосии истиқлолият волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба давлатҳои дигар аст.

Дар ин раванд хизматҳои шоистаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё намудани хотираи таърихию таҳкими давлатдории миллӣ масъалаҳое мебошанд, ки ба сиёсати дохилию хориҷии кишварамон такони ҷиддие дода тавонистанд. Хусусан, дар рушду инкишофи сохторҳои давлатӣ, рамзҳои сиёсӣ, сохтмони бузурги аср, НБО-и Роғун, мактабу таъминоти тиббӣ ва дигар иншооти варзишӣ ба назар мерасад. Дастовардҳои илмию варзишӣ низ дар замони соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишвар ҷойгоҳи хеле баланду болоро касб кардаанд.

Бояд гуфт,ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои навин, қонунҳо, масъалаи таҳкими соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи олимону пажуҳишгарон қарор гирифтанд. Масалан, академик Тоҳиров Ф.Т., дар мақолаи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1994 ва баъзе проблемаҳои ташаккули низоми ҳуқуқӣ» ибрози андеша намуда будаанд. Мавриди қайд аст, ки устод Ф.Т.Тоҳиров ҳамчун олим дар илми ҳуқуқшинос ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст, ки имрӯз ҳам шоёни арҷгузорӣ мебошад.

Ҳаминтавр, аксарияти кишварҳои ҷаҳони муосире, ки Конститутсияи худро доранд, имрӯз мафҳуми “истиқлол”- ро ҳамчун раванди қабули қарори сиёсӣ ифода менамоянд, ки он барои идораи корҳои давлатӣ истифода бурда мешавад. Аз нн рӯ, мо бо ҳидоятҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон волоияти қонунгузории миллии худро устувор намуда, Конститутсияи кишварамонро ҳамчун механизми таҳкими соҳибистиқлолӣ мавриди истифода қарор медиҳем.

Муҳаммад А.Н. –узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121