СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ЭҲЁ, РУШД ВА ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ» ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ
Имрӯз, 28 август дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Истиқлол дар рушди фарҳанги миллӣ» семинари илмӣ баргузор гардид.
Семинарро директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, таъкид карданд, ки Истиқлол дар таърихи навини давлатдории тоҷикон на танҳо дастоварди муҳими сиёсӣ, балки марҳилаи нави эҳёи худшиносии миллӣ, рушди фарҳанг ва таҳкими ҳувияти миллии ҷомеа мебошад. Зеро бақои миллат пеш аз ҳама ба ҳифзи забон, таърих, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва мероси пурғановати ниёгон вобаста аст.
Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои омӯзиш, ҳифз, эҳё ва муаррифии мероси фарҳангии миллӣ имкониятҳои васеъ фароҳам омада, арзишҳои миллӣ ба омили муҳими худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли созандаву ватандӯст табдил ёфтаанд. Ҳамзамон, вазифаи насли имрӯз дар он аст, ки мероси маънавии гузаштагонро ҳифз намуда, онро ба талаботи замони муосир мутобиқ ва ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол диҳад.
Сипас, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанг, доктори илмҳои фалсафа, профессор Самиев Бобо Ҷӯраевич дар мавзуи «Рушд ва таҳаввули арзишҳои фарҳангии миллӣ – самараи Истиқлол» маъруза намуданд.
Профессор Б. Самиев зимни маъруза таъкид намуданд, ки Истиқлол барои фарҳанги миллӣ на танҳо имкони ҳифзи мероси гузашта, балки заминаи эҷоди арзишҳои нави маънавӣ ва ташаккули фарҳанги миллии ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир гардид. Дар ин раванд забони тоҷикӣ, адабиёт, ҳунарҳои мардумӣ, ҷашну суннатҳои миллӣ ва дигар унсурҳои фарҳангӣ ҳамчун василаи пайванди наслҳо ва таҳкими ҳувияти миллӣ аҳамияти хос доранд.
Дар фарҷом иштирокчиёни семинар андешаҳои худро баён намуда, таъкид карданд, ки Истиқлоли давлатӣ заминаи ҳастии сиёсии миллат ва фарҳанги миллӣ асоси ҳастии маънавии он мебошад. Ҳифзи ҳар ду барои имрӯзу фардои Тоҷикистон рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
