Skip to main content

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН

(бахшида ба 35 солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистон)

12Дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон занон мақоми махсусро соҳиб мебошанд. Бояд ин нуктаро қайд намуд, ки имрӯз соҳае вуҷуд надорад, ки занон дар рушду пешрафти он саҳм надошта бошанд. Дар сиёсати иҷтимоии давлат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати махсус дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ба масъалаи занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чунин қайд карданд: «Дар ин росто, ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад. Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем. Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд».

Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳимми давлатиро амалӣ менамояд, ки барои баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.

Боиси ёдоварист, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ба таъмини баробарҳуқуқии занону модарон диққати махсус равона гардида, дар самти муносибати гендерӣ пешравиҳои назаррасе низ ба даст оварда шудаанд. Ин далели он аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар занону духтаронро пайваста дастгирӣ менамоянд. Занон имрӯз дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ, фаъолона кору хизмат мекунанд..

Тибқи маълумоти дар суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи модар аз 7 марти соли 2025 пешниҳодшуда, занон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг ва 25 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад. Барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати кишвар пайваста чораҳои зарурӣ андешида шуда, занону бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунанда ҷалб карда мешаванд.

Барои Тоҷикистони соҳибихтиёр ва демократию дунявӣ барҳам додани қолабҳои гендерӣ, тақвият додани сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон аҳаммияти стратегӣ дорад. Дар Тоҷикистон барои таъмин намудани баробарии гендерӣ, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд. Таъмини баробарии гендерӣ масъалаҳои иҷтимоии занонро аз байн мебарад ва иштироки васеи онҳоро дар фаъолияти ҷамъиятӣ таъмин менамояд.

Шиддат гирифтани зўроварии хонагӣ, дур мондани занон аз фаъолияти сиёсӣ, паст рафтани сатҳи ҳифзи саломатӣ ва бехатарии занон, зарурати ба ҳимояи махсус доштани занон ва аз ҳама муҳим бо сабабҳои физиологӣ имконияти баробар надоштан бо мардон барои амалисозии ҳуқуқу озодиҳои худ давлати моро водор менамояд, ки ба масъалаҳои занон таваљљўҳи махсус зоҳир намоянд. Бо ин мақсад дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки ба барҳам додани қолабҳои гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013, №954, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим менамояд.

Дар моддаи 17-уми Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон баробарҳуқуқии занону мардон мустаҳкам гардида, муқаррар шудааст: «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».

10 сентябри соли 1998 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №363 «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид. Нақшаи мазкур ба баланд бардоштани мақом ва нақши занон, беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо, таъмини имкониятҳои баробар ва густариши иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ равона гардида буд.

Илова бар ин, дар давраи соҳибистиқлолӣ санадҳои дигари муҳим, аз ҷумла Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №167 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 тасдиқ карда шудааст.

Санади муҳими дигар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад. Ба шарофати татбиқи ин фармон имрӯз занон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд.

1 марти соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №89 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар ба танзим дароварда, табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва имкониятҳои баробари амалигардонии ҳуқуқҳоро муқаррар мекунад. Иштироки баробари мардону занон дар идоракунии давлатӣ яке аз самтҳои муҳимми қонуни мазкур мебошад.

Дар моддаҳои 10-13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» масъалаҳои қабули баробари мардону занон ба хизмати давлатӣ, иштироки онҳо дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои давлатӣ, дастрасии баробар ба захираҳои иқтисодӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, ҷойҳои холии корӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ, болоравӣ дар хизмат, таъмини шароити бехатари меҳнат ва пардохти музди баробар барои кори якхела ё баробарарзиш муқаррар гардидаанд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки меъёрҳои қонунро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар Кодекси меҳнатии Љумҳурии Тољикистон низ ҳангоми ба кор қабул намудани шаҳрвандон масоили гендерӣ ба инобат гирифта шудааст. Мувофиқи моддаи 225, ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати онҳо ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддорӣ манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила, зан ё дигар шахси дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки кӯдаки то сесола ё кӯдаки маъюб дорад, корфармо уҳдадор аст сабабҳои ба кор қабул накарданро ба таври хаттӣ хабар диҳад. Шахсони мазкур метавонанд аз қарори корфармо ба суд шикоят намоянд.

Масъалаи ба ҷойи кор таъмин намудани занон дар Тоҷикистон аз масъалаҳои муҳими сиёсати иљтимоии мамлакат ба ҳисоб меравад. Давоми солҳои истиқлолияти Тоҷикистон сиёсати шуғлмандии занон дар бозори меҳнат тағйир ёфтааст ва ба мансабҳои роҳбарикунандаи соҳаи иљтимоӣ љалб намудани занон диққати љиддӣ дода мешавад. Қариб 40% кормандони соҳаи иҷтимоиро занон ташкил медиҳанд. Онҳо дар вазифаҳои масъули роҳбарикунанда адои вазифа намуда, дар пешбурди рушди соҳаи иқтисодиёт ва иљтимоиёти љумҳурӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Занон дар Тоҷикистон қисми назарраси захираҳои меҳнатиро ташкил менамоянд. Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон барои касбомўзӣ ва бо љойи кор таъмин намудани онҳо пайваста тадбирҳо меандешад. Ба дастгирии ташаббуси соҳибкории занон аҳаммияти асосӣ дода мешавад ва ба онҳо қарзи имтиёзнок пардохт мегардад.

Занон неруи муҳими пешбарандаи рушди ҷомеаи соҳибистиқлол дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди давлат ба шумор меравад. Бешак, ғамхорӣ нисбат ба зан-модар – ғамхорӣ нисбат ба ояндаи миллат мебошад. Оянда ва ҳастии давлату миллатҳо аз занону духтарони соҳибмаърифат вобаста аст.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад.

Насурова Б.А. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121