ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ
2 декабри соли равон бо мақсади таҳилу баррасии ҳисоботи солонаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар назди ноиби президент АМИТ мӯҳтарам Саломиён Муҳаммаддовуд ҷаласаи умумӣ баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа муовини директори Институти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовадинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Хуршед Махшулзода ҳусни оғоз бахшид.
Дар идома ҳисоботи муфассал аз ҷониби муовини директор Зиёи Хуршед доир ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии институт дар давоми як сол ироа гардид.
Гуфта шуд, ки дар як соли сипаригашта аз ҷониби кормандони илмии доимии Институт 1043 корҳои илмӣ (нисбат ба соли 2024-ум 267 адад зиёд), аз ҷумла, 16 монография (нисбат ба соли 2024-ум 4 адад кам), 4 китоби дарсӣ (нисбат ба соли 2024-ум 3 адад кам), 435 мақолаҳои илмӣ (нисбат ба соли 2024-ум 85 адад зиёд): аз онҳо 192 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда (нисбат ба соли 2024-ум 57 адад зиёд) ва 222 мақолаи илмӣ дар конференсияҳо ва манбаъҳои дигари илмӣ (нисбат ба соли 2024-ум 7 адад зиёд), 350 мақолаҳои илмию оммавӣ (нисбат ба соли 2024-ум 22 адад кам), 21 мақола дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар нисбат ба соли 2024-ум 9 адад зиёд), (Русия, Қазоқистон) ба нашр расиданд.
Сипас, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳисоботи ироагардидаро натиҷагирӣ намуда, доир ба камбудиву норасоиҳои мавҷуда ибрози андеша намуданд.
Қайд гардид, ки мо бояд дар соли оянда фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институт- ро хуб ба роҳ монда ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гардем.
