ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ МУБОРАК!
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки корманди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Садаф Ҷангибекова рисолаи илмии худро дар мавзуи «Таҳлили фалсафии сиёсати фарҳангӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» бо муваффақият ҳимоя намуд.
Ҳимояи муваффақонаи рисолаи илмӣ яке аз дастовардҳои муҳим дар фаъолияти ҳар як муҳаққиқ буда, натиҷаи заҳмати пайваста, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, андешаронии мустақилона ва садоқат ба арзишҳои илму маърифат маҳсуб меёбад. Ин дастоварди илмӣ бозгӯи талошҳои пайгирона ва масъулияти баланди касбии муҳаққиқ дар роҳи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои мубрами илми фалсафа мебошад.
Мавзуи интихобнамудаи таҳқиқот аз аҳаммияти вижаи назариявӣ ва амалӣ бархӯрдор буда, дар шароити муосир, ки фарҳанг дар ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими худшиносии ҷомеа, тарғиби арзишҳои маънавӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии созанда нақши калидӣ дорад, ба яке аз масъалаҳои муҳимми илмию ҷамъиятӣ бахшида шудааст. Таҳлили фалсафии сиёсати фарҳангӣ имкон медиҳад, ки моҳият, заминаҳо ва равандҳои ташаккулу рушди фарҳанг дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон аз дидгоҳи илмӣ амиқтар дарк ва арзёбӣ гарданд.
Раёсат ва ҳайати кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Садаф Ҷангибековаро ба муносибати ин дастоварди арзишманди илмӣ самимона табрик гуфта, барояшон дар идомаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, тавсеаи уфуқҳои маърифат, таҳқиқи масъалаҳои мубрами фалсафӣ ва ба даст овардани комёбиҳои нави илмӣ барору муваффақият орзу менамоянд.
Бигзор ин дастоварди арзишманди илмӣ оғози марҳалаи нави камолоти касбӣ, таҳқиқоти созанда ва комёбиҳои боз ҳам бештари Садаф Ҷангибекова дар арсаи илму маърифат бошад!
