Skip to main content

КОНСТИТУТСИЯ ВА ҶАҲОНИ МАЪНАВИИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН

Имрӯз бо ташаббуси Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он устодон, муҳаққиқони ҷавон ва магистрантон иштирок намуданд.

Дар доираи иқдом ба иштирокчиён китоби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ин ташаббус на танҳо арҷгузорӣ ба Қонуни асосии кишвар, балки қадаме дар роҳи таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани худшиносии шаҳрвандӣ ва густариши ҷаҳонбинии сиёсии насли ҷавони илмпеша мебошад.

Конститутсия танҳо санади ҳуқуқӣ нест, балки таҷассумгари арзишҳои давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва заминаи устувории ҷомеа мебошад. Шинохти амиқи он барои ташаккули тафаккури масъулона, эҳтиром ба қонун ва дарки рисолати шаҳрвандӣ аҳаммияти хосса дорад.

Ин иқдоми маърифатӣ бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарияти институт ба тарбияи муҳаққиқони огоҳу масъулиятшинос ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ дар муҳити илмӣ мебошад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121