Skip to main content

КОНСТИТУТСИЯ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсия - қонуни асосии давлат буда, меъёрҳои олии ҳуқуқӣ, сохтори давлатдорӣ, тарзи фаъолияти мақомоти ҳокимият ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муайян мекунад. Он ҳамчун таҳкурсии ҳуқуқии ҳар як давлати мустақил ва демократӣ хидмат карда, устувории ҷомеа ва соҳибихтиёрии давлатро таъмин менамояд.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, яке аз муҳимтарин дастовард дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, инчунин дар замони мураккаби таърихӣ ба ислоҳоти сиёсӣ ва таъмини сулҳу суботи кишвар замина гузоштааст. Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, санади сарнавиштсози миллат ба ҳисоб меравад.

Принсипҳои асосии Конститутсия ин дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани давлатро муайян намуда, ин санад кафолат медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат новобаста аз миллату нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ дар назди қонун баробарҳуқуқ бошанд. Нақши Конститутсия дар ҷомеа натанҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи муттаҳидии миллату давлат мебошад.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин заминаҳои ҳуқуқии давлати миллӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон танҳо ба мафҳуми истиқлолияти сиёсӣ маҳдуд нашуда, балки бо ҳифзи ҳудуд, фаъолияти институтҳои давлатӣ, волоияти Конститутсия ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайваст шудааст. Вуҷуд доштани соҳибихтиёрии давлатӣ бе ташаккули давлатдории устувор ва институтҳои иҷтимоӣ ғайриимкон аст. Мафҳуми соҳибихтиёрии Конститутсия ба давлат имконият медиҳад, ки тақдири минбаъдаи худро муайян намуда, манфиатҳои асосиву миллии шаҳрвандони худро ҳимоя намояд.

Мақсади асосии қабули Конститутсия – ин бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар он инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд. Солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба давраи бисёр мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ рост омада буд, ки масъалаи ҳифзи ягонагии давлат, мустаҳкам намудани сулҳро ба масъалаи муҳимми ҳаёт мубаддал гардонид. Аз ин лиҳоз, рушди соҳибихтиёрии мамлакат бо раванди мустаҳкамсозии сулҳу ваҳдат, таҳкими давлатдории миллӣ алоқамандии зич дорад.

Яке аз асоситарин марҳилаҳои ин раванд, қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки заминаи ҳуқуқии давлати соҳибистиқлолро таҳким бахшид. Агар истиқлолият оғози ҳуқуқии соҳибихтиёрии Тоҷикистон бошад, пас ташкилёбии институтҳои давлатӣ ва қабули Конститутсияи миллӣ онро ба равияи воқеии сиёсиву ҳуқуқӣ табдил додааст.

Давлати соҳибихтиёр бояд манфиатҳои милли худро муайян карда тавонад, онро ҳифз кунад ва барои ҳар гуна масъалаҳои умумӣ бо дигар кишварҳо ҳамкорӣ намояд. Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ барои Тоҷикистон нишонаи вобастагӣ набуда, балки яке аз роҳҳои ҳифз ва таҳкими манфиатҳои миллию давлатӣ мебошад. Ҷиҳати дигари қабули Конститутсия ин низоми ташаккули қонунгузории мамлакат мебошад. Конститутсия барои танзим намудани муносибатҳои муҳимми сиёсию ҷамъиятӣ ва рушди баъдинаи қонунгузории миллӣ заминаи мусоид мегузорад.

Соҳибихтиёрӣ танҳо замоне мустаҳкам мегардад, ки давлат тавони ҳифзу манфиатҳои миллӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дошта бошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ин самт таҷрибаи муайян дошта, заминаи устуворро барои қонунгузории мамлакат гузоштааст.

Иброимзода Сайёҳати Наим - лаборанти калони шуъбаи

масъалаҳои фалсафии дини ИФС–и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121