Skip to main content

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ҲУҶҶАТИ МУҲИММИ СИЁСӢ ВА ҲУҚУҚИИ МИЛЛАТ

Конститутсия ҳамчун санади асосии давлат дар низоми ҳуқуқии ҳар як ҷомеаи муосир мақоми махсус дорад. Он на танҳо маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки ифодакунандаи арзишҳои бунёдӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва принсипҳои асосии ташкили ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат мебошад. Аз ин рӯ, қабули Конститутсия барои ҳар як давлати соҳибистиқлол марҳилаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Баъдан ба он дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Қабули Конститутсияи соли 1994 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Зеро он дар даврае сурат гирифт, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳилаи мураккаби гузариши сиёсӣ ва иҷтимоӣ ворид шуда, масъалаҳои барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими давлатдорӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди давлат аҳамияти махсус пайдо карда буданд.

Дар чунин шароит Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии давлатсозӣ ва омили муттаҳидкунандаи ҷомеа нақши муҳим бозид. Он принсипҳои асосии давлатдории Тоҷикистонро муайян намуда, муносибати давлатро ба инсон, шаҳрванд, ҷомеа ва арзишҳои миллӣ ба танзим даровард.

Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он асосҳои давлати соҳибихтиёр ва мустақили Тоҷикистонро ба таври возеҳ муайян кардааст. Моддаи 1-ум Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуда, шакли идораи давлатро президентӣ муайян мекунад. Ҳамзамон Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ мешавад, ки барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва рушди озодонаро ҳадаф қарор медиҳад. Ин меъёри конститутсионӣ аҳамияти калони сиёсӣ дорад. Он на танҳо шакли давлатро муайян мекунад, балки самти рушди давлатдории миллиро низ муқаррар менамояд.

Мафҳумҳои «соҳибихтиёр», «демократӣ», «ҳуқуқбунёд», «дунявӣ» ва «ягона» маҷмӯи арзишҳоеро ташкил медиҳанд, ки асоси сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунанд. Соҳибихтиёрӣ маънои онро дорад, ки давлат дар ҳудуди худ ҳокимияти мустақилро амалӣ намуда, дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад мекунад. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқии асосии давлати соҳибистиқлол кафолати ҳуқуқии ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар мебошад. Принсипи ягонагии давлат низ аҳамияти махсус дорад. Барои Тоҷикистон, ки таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҳифзи ягонагии давлат, таҳкими суботи сиёсӣ ва таъмини ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон аҳамияти стратегӣ касб мекунад.

Яке аз самтҳои муҳими аҳамияти Конститутсия нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ танҳо мафҳуми сиёсӣ набуда, балки падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ низ мебошад. Барои таҳкими он мавҷудияти арзишҳои муштараки миллӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст. Конститутсия чунин заминаи умумиро фароҳам овардааст. Дар муқаддимаи он «Мо, халқи Тоҷикистон» ҳамчун субъекти қабули Конститутсия баромад намуда, масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, таъмини соҳибихтиёрии давлат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ҳамчун ҳадафҳои асосӣ муайян шудаанд. Ин муқаррарот аз нигоҳи сиёсӣ аҳамияти махсус дорад, зеро дар онҳо идеяи ягонагии шаҳрвандӣ ва масъулияти умумӣ барои тақдири давлат ифода ёфтааст. Маҳз ҳамин арзишҳо метавонанд ҳамчун заминаи ташаккули фарҳанги конститутсионӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ хизмат намоянд.

Ваҳдати миллӣ дар шароити Тоҷикистон бо раванди ташаккули давлатдории навини миллӣ робитаи бевосита дорад. Таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сурати мавҷуд будани заминаҳои ҳуқуқӣ, иродаи сиёсӣ ва омодагии ҷомеа ба муколама ва ҳамкорӣ метавонанд ба унсурҳои устувори давлатдорӣ табдил ёбанд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияро метавон яке аз пояҳои муҳими ҳуқуқии раванди таҳкими ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуд.

Яке аз дастовардҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши муҳимми низоми давлатӣ эътироф мекунад. Меъёрҳои конститутсионӣ дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахс, озодии сухан, виҷдон, иттиҳодияҳо, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байни шахс ва давлатро муайян менамоянд. Муҳим он аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсия на ҳамчун имтиёзи давлат, балки ҳамчун арзиши эътирофшудаи ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд. Ин равиш ба принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд мувофиқат мекунад ва масъулияти давлатро барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон тақвият медиҳад. Ҳамин тариқ, Конститутсия муносибати навро ба мавқеи инсон дар низоми давлатдорӣ инъикос намуда, шаҳрвандро ҳамчун субъекти фаъоли муносибатҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ эътироф мекунад. Конститутсия на танҳо арзишҳои умумии ҳуқуқиро инъикос мекунад, балки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ низ заминаи муҳим фароҳам меорад. Дар ин замина масъалаи забони давлатӣ аҳамияти хос дорад.

Мувофиқи моддаи 2-юм забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад. Ҳамзамон забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф шуда, ба ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои сокини кишвар ҳуқуқи истифодаи озодона аз забони модарӣ дода шудааст. Ин меъёр муносибати мутавозинро нисбат ба арзишҳои миллӣ ва гуногунии фарҳангии ҷомеа ифода мекунад. Аз як тараф, мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун унсури муҳими давлатдории миллӣ мустаҳкам гардида, аз ҷониби дигар, ҳуқуқи намояндагони миллату халқиятҳои гуногун ба истифодаи забони модарӣ кафолат дода мешавад. Аз ин рӯ, Конститутсияро метавон ҳамчун яке аз санадҳои муҳимми ҳифз ва таҳкими ҳувияти миллӣ арзёбӣ кард. Зеро ҳувияти миллӣ танҳо тавассути арзишҳои фарҳангӣ ташаккул намеёбад, балки ба муҳити ҳуқуқӣ ва сиёсие низ ниёз дорад, ки дар он забон, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ҳифз ва рушд карда шаванд.

Конститутсия сохтори асосии ҳокимияти давлатиро муайян намуда, муносибатҳои байни мақомоти гуногуни давлатӣ ва салоҳияти онҳоро ба танзим медарорад. Дар асоси он низоми мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташаккул ёфта, принсипҳои фаъолияти онҳо муайян мешаванд. Мавҷудияти чунин низоми конститутсионӣ барои таъмини устувории сиёсӣ аҳамияти калон дорад. Зеро фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо сурат гирад. Дар ин замина Конститутсия ҳамчун механизми ҳуқуқии маҳдудсозии худсарии ҳокимият ва таъмини масъулияти мақомоти давлатӣ низ аҳамият пайдо мекунад. Давлати ҳуқуқбунёд дар асоси принсипи волоияти қонун амал мекунад ва ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон бояд меъёрҳои қонунро риоя намоянд.

Ҳамин тавр, Конститутсия на танҳо сохтори ҳокимияти давлатиро муайян менамояд, балки барои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва устувории муносибатҳои сиёсӣ замина фароҳам меорад.

Таҷрибаи давлатҳои муосир нишон медиҳад, ки суботи сиёсӣ бидуни низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва институтҳои устувори давлатӣ таъмин карда намешавад. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳамияти махсус дорад, зеро рушди давлат дар давраи истиқлолият дар шароити тағйироти ҷиддии дохилӣ ва байналмилалӣ сурат гирифтааст. Конститутсия тавассути муқаррар намудани асосҳои сохтори давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва механизмҳои фаъолияти сиёсӣ ба суботи сиёсӣ мусоидат мекунад. Дар ин замина, аҳамияти Конститутсияро танҳо бо меъёрҳои ҳуқуқӣ маҳдуд кардан дуруст нест. Он инчунин ҳуҷҷати сиёсие мебошад, ки дар он модели муносибатҳои давлат ва ҷомеа муайян гардидааст.

Ҳар қадаре ки ҷомеа ба меъёрҳои конститутсионӣ эҳтиром гузорад ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бошад, ҳамон қадар имконияти пешгирии низоъҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ зиёд мегардад. Аз ин рӯ, рушди фарҳанги конститутсионӣ яке аз шартҳои муҳими таҳкими суботи сиёсӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ муносибати байни давлат ва ҷомеа пайваста тағйир меёбад. Ҷомеаи муосир иштироки васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ талаб мекунад. Аз ин рӯ, Конститутсия бояд на танҳо ҳуҷҷати муайянкунандаи сохтори давлат, балки заминаи ҳуқуқии фаъолияти шаҳрвандон ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.

Эътирофи ҳуқуқ ба иттиҳодияҳо, озодии баён, иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва дигар ҳуқуқҳои конститутсионӣ барои ташаккули фарҳанги шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим доранд. Дар ин раванд масъулияти шаҳрванд низ муҳим мебошад. Ҳуқуқ бе масъулият вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Конститутсия бояд ҳамчун ҷузъи фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ташаккул ёбад. Хусусан барои насли ҷавон омӯзиши Конститутсия аҳамияти калон дорад. Ҷавонон на танҳо шаҳрвандони имрӯза, балки неруи асосии рушди минбаъдаи давлат мебошанд. Донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои конститутсионӣ метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ нақши мусбат гузорад.

Дар давраи истиқлолият Тоҷикистон марҳилаҳои муҳими давлатсозӣ ва таҳкими институтҳои давлатӣ ва ҳуқуқиро паси сар кардааст. Дар ин раванд Конститутсия ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқӣ амал намуда, барои рушди қонунгузорӣ ва ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ замина гузоштааст. Тағйиру иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 низ нишон медиҳанд, ки низоми конститутсионӣ дар раванди рушди ҷомеа ба талаботи нави сиёсӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ карда шудааст.

Яке аз хусусиятҳои муҳими низоми конститутсионӣ дар он аст, ки ба худи Конститутсия тағйиру иловаҳо танҳо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда мешаванд. Ин тартиб аҳамияти махсуси Конститутсияро ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ нишон медиҳад. Дар баробари ин, рушди давлатдории муосир тақозо мекунад, ки меъёрҳои конститутсионӣ на танҳо дар матни қонун, балки дар фаъолияти воқеии институтҳои давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста татбиқ гарданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Қабули он 6 ноябри соли 1994 барои муайян намудани асосҳои давлатдории навини Тоҷикистон, таҳкими соҳибихтиёрӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ташаккули низоми мақомоти давлатӣ ва таъмини суботи сиёсӣ заминаи устувор фароҳам овард. Конститутсия ҳамзамон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва арзишии миллат мебошад. Аҳамияти сиёсии он пеш аз ҳама дар муайян намудани самтҳои асосии давлатсозӣ ва муносибатҳои байни давлат ва ҷомеа ифода меёбад. Аҳамияти ҳуқуқии он бошад, дар мақоми олии он дар низоми қонунгузории кишвар ва муайян намудани асосҳои тамоми низоми ҳуқуқӣ зоҳир мегардад.

Дар заминаи таҳкими давлатдории миллӣ арзишҳое, ки дар Конститутсия инъикос ёфтаанд, ба мисли соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, демократия, ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, ягонагии давлат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳо аҳамияти стратегӣ доранд.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи Конститутсия бояд на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа бошад. Баланд бардоштани фарҳанги конститутсионӣ, махсусан дар байни ҷавонон, яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва суботи сиёсӣ мебошад.

Дар шароити тағйирёбии муҳити байналмилалӣ ва афзоиши таҳдидҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ арзиши Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии ҳифзи истиқлолият, ягонагии давлат ва манфиатҳои миллӣ боз ҳам бештар мегардад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон на танҳо санади асосии ҳуқуқии давлат, балки ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқии миллат, рамзи давлатдории соҳибистиқлол ва заминаи устувори рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Бедилзода Ҳ.- мудири шуъбаи ИФС ба номи А. Баҳовиддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121