Skip to main content

МЕРОСИ ИЛМӢ ВА ХИЗМАТҲОИ МУҲАММАДСАЛОМ МАХШУЛОВ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ МУҲАҚҚИҚОН

Имрӯз, 30-июни соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ – амалии љумњуриявӣ дар мавзуи «Нақши Муҳаммадсалом Махшулов дар тарҷумаи осори риёзии Ибни Сино» (бахшида ба таҷлили 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, 75 – солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва фармони Пешвои миллат дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино дар соҳаи тиб) баргузор гардид.

Дар кори семинар сарравал директори Институт – д.и.ф., Маҳмадизода Нозим иштирокчиёни семинарро хушомадед гуфта, нақши Муҳаммадсалом Махшуловро дар рушди синошиносӣ наззарас арзиёбӣ намуда, доир ба аҳамияти омӯзиши осори Ибни Сино дар рушди худшиносии миллӣ суханронӣ намуданд. Баъдан, ноиби президенти АМИТ д.и.ф, Саломиён Муҳаммаддовуд дар бораи аҳамияти омӯзиши осори табиӣ-риёзии Ибни Сино ва тарҷумаи онҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ суханронӣ намуда, нақши Муҳаммадсалом Махшуловро дар тарҷумаи осори риёзии Ибни Сино назаррас хонданд.

Дар рафти семинар д.и.ф., Зиёӣ Хуршед дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ”, д.и.ф., Назариев Рамазон дар мавзуи “Нақши Муҳаммадсалом Махшулов дар тарҷумаи осори риёзии Ибни Сино”, д.и.ф., Маҳмадҷонова Муҳиба дар мавзуи “Ҷойгоҳи Муҳаммадсалом Махшулов дар рушди худшиносии миллӣ”, д.и.ф., Зиёев Идибек дар мавзуи “Сифоти инсони комил аз назари файласуф” суханронӣ намуданд.

Дар охир академик Кароматулло Олимов ва н.ф., Муродова Тоҷиниссо суханронӣ намуда, аҳамияти омӯзиши фалсафаро дар рушди худшиносӣ зарурӣ ҳисобиданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121