МОНОГРАФИЯИ НАВИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ БА ЧОП РАСИД!
Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон монографияи директори институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод таҳти унвони «Пешгирии ифротгароию терроризм дар ҷомеаи Тоҷикистон: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-фалсафӣ» ба чоп расид.
Монографияи мазкур ба таҳқиқи заминаҳои иҷтимоӣ-фалсафии ифротгароӣ ва терроризм, омилҳои зуҳури онҳо ва роҳҳои муассири пешгирии ин падидаҳои номатлуб бахшида шудааст. Муаллиф аҳаммияти ҳамкории давлату ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии солимро дар таҳкими амнияти ҷомеа ва муқовимат ба ғояҳои ифротӣ баррасӣ менамояд.
Дар шароити муосир, ки ифротгароӣ ва терроризм ба суботу амнияти ҷомеа таҳдид мекунанд, чунин таҳқиқоти илмӣ барои дарки амиқтари ин зуҳурот ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Нашри монография саҳми арзишманд дар рушди афкори илмӣ ва омӯзиши масъалаҳои мубрами ҷомеа буда, бори дигар нақши илму маърифатро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот таъкид менамояд. Зеро пешгирии ифротгароӣ пеш аз ҳама аз тафаккури солим, маърифати баланд ва масъулияти шаҳрвандӣ оғоз мегардад.
