Skip to main content

НАҚШИ АРЗИШҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат ва манбаи асосии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, асосҳои сохтори давлат, низоми мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои асосии ташкили ҷомеаро муайян мекунад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати юридикӣ дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои муайян кардани муносибати байни шаҳрванд ва давлат, инчунин танзимкунандаи сохтори ниҳодии давлатдорӣ асоси сохти конститутсионӣ мебошад. Ҳар давлати мутамаддин дар шароити ҳозира, бояд дорои конститутсия бошад.

Конститутсия асосҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро муқаррар намуда, он ҳуҷҷати асосии бунёдии давлат мебошад, ки тақсими ҳокимият, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд. Асоси қонунҳо, конститутсияҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои ба танзим даровардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, муайян намудани муносибатҳои давлат ва шаҳрванд, муносибатҳои байниҳамдигарии шаҳрвандон, ҳифзи моликият, тантанаи адолат дар ҷомеа мебошад, ки барои қабули он зарурат ба вуҷуд меояд.

Арзишҳои конститутсионӣ барои устувории ҳар як давлати мутамаддини муосир нақши муҳим мебозанд. Пас арзиши конститутсионӣ чист? Дар ҳуқуқшиносӣ муайян намудани мафҳумҳои асосӣ аз лиҳози моҳиятии онҳо аз талаботҳои муҳим ба шумор мераванд. Аммо баъзе мафҳумҳо маънои муайяни эътирофшуда надоранд, танҳо ҳар як муҳаққиқ ба таври худ маънои юридикии онро баён мекунад. Барои мисол барои шарҳи маънои мафҳумҳои демократия, соҳибихтиёрӣ, масъулити конститутсионӣ ва ғ. фикрҳои гуногун аз ҷониби олимони соҳа матраҳ мегарданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки худ падидаҳои ҳуқуқӣ дарбаргирандаи ҷанбаҳои муҳим ва гуногунмаъноанд. Аз ин рӯ, барои шарҳи мафҳуми “арзишҳои конститутсионӣ”, пеш аз ҳама диққати асосӣ бояд ба моҳият, нишонаҳои асосӣ ва маънои ҳуқуқии он дода шавад. Чунин муносибат барои муайян намудани ҷойгоҳи арзишҳои конститутсионӣ дар низоми ҳуқуқии давлат мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, арзишҳои конститутсионӣ, маҷмӯи принсипҳои муҳимми ҷамъиятӣ, ҳадафҳо ва аломатҳое мебошанд, ки дар конститутсия дарҷ гардидаанд. Арзишҳои конститутсионӣ барои таъмини рушди босуботи шахс, ҷомеа ва давлат, инчунин барои барқарории мувозинат дар байни манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар асоси принсипи адолат равона карда мешаванд.

Ба ибораи дигар, арзишҳои конститутсионӣ, ғояҳо ва ҳадафҳои асосиеанд, ки аз ҷониби тамоми мардум эътирофшуда буда, асоси низоми ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеа ва давлат мебошанд. Инчунин арзишҳои конститутсионӣ метавонад дар принсипҳои умумии конститутсионӣ ва меъёрҳои муайяни конститутсионӣ ифода ёбанд. Дар ин замина, масъалаи асосӣ дар он ифода меёбад, ки арзишҳои конститутсионӣ бояд як мувозинатро дар байни манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат таъмин намоянд. Вақте мо мувозинати манфиатҳо мегӯем, ин маънои онро дорад, ки манфиатҳо ва ҳуқуқҳои ҳама эътироф ва ҳимоя карда мешаванд, аз он ҷумла ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки тибқи Коститутсия ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Албатта ин арзишҳо, яъне арзишҳои конститутсионӣ ба принсипҳои бунёдии ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ такя мекунанд.

Арзишҳои конститутсионӣ аз принсипҳои конститутсионӣ фарқ доранд. Ин ду мафҳум ба ҳамдигар хело ҳам алоқаманданд, вале як чиз нестанд. Арзишҳои конститутсионӣ, мафҳумҳоеанд, ки давлат ва ҷомеа онҳоро муҳим ҳисобида, дар авлавият қарор додани онҳо ногузир аст. Дар конститутсия ин ду категория аз ҳам ҷудо нагардида бошад ҳам, муайян кардани хусусият ва моҳияти он объекти омӯзиши илмӣ-таҳқиқотӣ аст.

Принсипҳои конститутсионӣ бошанд, муқаррароти асосие мебошанд, ки ташкили давлат ва ҷомеаро муайян намуда, барои татбиқи арзишҳои конститутсионӣ шароит муҳаё менамоянд. Принсипҳои конститутсионӣ ба монанди ҳокимияти халқ, тақсими ҳокимият, сохти давлатдории ҷумҳуриявӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ, давлати дунявӣ, давлати иҷтимоӣ ва ғ. Дар маҷмуъ, ин принсипҳо дар баробари дигар муқаррароти конститутсионӣ, сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Принсипҳои конститутсионӣ: соҳибихтиёрии давлат (моддаи1), демократӣ (моддаҳои1,6), волоияти Конститутсия (моддаи 10), дунявият, ҳуқуқбунёд, ягона, иҷтимоӣ (м.1). ҳокимияти мардум (м.6), тақсими ҳокимияти давлатӣ ба қонунбарор, иҷроия ва судӣ (м.9), баробарии ҳама дар назди қонун ва суд (м.17), баробарии ҳуқуқҳои занон ва мардон (м.17), эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон (м.5,14), гуногунии шакли моликият ва ҳифзи ҳуқуқии онҳо (м.12).

Бояд қайд кард, ки принсипҳои конститутсионӣ асоси сохти конститутсиониро муайян намуда, шароитиҳои ҳуқуқии арзишҳои конститутсиониро таъмин менамоянд.

Муайян намудани моҳияти арзишҳои конститутсионӣ, албатта ба шароити таърихӣ, сохти сиёсӣ ва хусусиятҳои сохтори давлатӣ вобастагӣ дорад. Чуноне маълум аст, дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, то ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ чор маротиба конститутсияҳо қабул гардидаанд. Ҳангоми дар ҳайати Ҷумҳурии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶСС будан, дар солҳои 1929, 1931, 1938 ва 1978 конститутсияҳо қабул гардидаанд. Дар ин конститутсияҳо вобаста ба шароити сиёӣ-таърихӣ ба манфиатҳои давлат, моликияти ҷамъиятӣ ва идеологияи махсуси давлатӣ афзалият дода мешуд.

Инчунин гуногунандешии идеологӣ маҳдуд карда шуда буд. Аммо вобаста ба мавзӯи баррасишаванда як воқеият вуҷуд дорад, ки новобаста аз шароити таърихӣ ва сохти сиёсӣ як идда арзишҳои умуминсонӣ мавҷуданд, ки дар ҳар як шароити иҷтимоӣ-таърихӣ аҳамияти худро нигоҳ медоранд, аз қабили ҳуқуқ ба озодӣ, моликият, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлатӣ. Ин мафҳумҳо ҳамчун арзиш ба шумор мераванд. Ҳуқуқ ба озодӣ арзиши меҳварӣ мебошад, ки ҳар як шахс тибқи қонун мустақилона фаъолият менамояд аз ҳуқуқҳои худ истифода мебарад. Ҳар кас соҳиби моликияти шахсӣ аст, ҳуқуқ дорад аз он истифода барад. Ҳамзамон тартиботи ҷамъиятӣ барои ҳар як давлат зарур аст, ки он вазъ ва ҳолати муносибатҳои ҷамъиятӣ ба танзими ҳуқуқӣ дароварда мешаванд, ки дар он меъёрҳои ҳуқуқ, қонуният ва ҳуқуқи шаҳрвандон таъмин карда мешаванд. Дар ин замина, яке аз арзишҳои муҳим, амнияти давлатӣ мебошад, ки он ҳифз ва амнияти давлат ва ниҳодҳои он аз чолиш ва таҳдидҳое мебошанд, ки бақои бомароми давлатро зери суол мегузоранд.

Ҳамин тариқ, ин чор арзиш аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳо ба шумор мераванд, ки барои таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидӣ бозидаанд. Ин арзишҳо на танҳо дар Конститутсия, балки дар дебочаи он омадааст, ки «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем». Ин нуктаҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки эҳтироми конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ барои ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ аст ва ў барои ин масъулият дорад. Инчунин ибораи «мо халқи Тоҷикистон» ба он далолат мекунад, ки Конститутсия бо иродаи умумии мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардидааст, ки ҳамзистии осоишта бо дигар халқу миллатҳо ва бунёди ҷомеаи амну адолатпарвар аз ҷумлаи арзишҳои миллии тоҷикон аст.

Арзишҳое, ки зикр гардид, асоси арзишҳои давлатдории миллии моро ташкил медиҳад. Маҳз риоя ва таҳкими ин арзишҳо дар низоми қонунҳо устуворӣ, рушди бонизом ва таҳкими давлатдориро таъмин менамояд. Дар моддаи 5 Конститутсияи ҶТ омадааст, ки “инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд”. Ин ба он маъно далолат мекунад, ки давлат чунин шароитеро дар ҷомеа муҳаё менамояд, яъне дар ҷомеа танзими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъмин мегарданд. Ҳамин тавр, муқаррароти конститутсионӣ на танҳо ҳуқуқ ва озодиҳои шахсро ҳамчун арзиши олӣ эътироф мекунад, балки принсипҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳифзи онро муайян мекунад.

Дар ин ҷо зарур донистем, ки чанд арзиши конститутсиониро номбар кунем, ки дар Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидаанд: инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои вай (моддаи 5), ҳаёт, қадр ва номуси инсон (моддаи 5 ва 18),озодӣ ва баробарӣ (моддаҳои 5 ва 17), истиқлолияти мардумӣ (моддаи 6), истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ (моддаи 1), моликият ва иқтисодиёти озод (моддаи12), амният ва тартиботи ҷамъиятӣ (моддаи 14), ҳаёти бомаром ва рушди озоди инсон (моддаи 1).

Аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ дар он ифода меёбад, ки маҳз бо воситаи ин арзишҳо ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар рушд менамояд. Маҳз ин арзишҳо қодиранд, ки ваҳдати миллии аҳли ҷомеаро ба вуҷуд оранд ва шаҳрвандонро дар атрофи принсипҳои умумӣ муттаҳид намоянд. Ҳувияти миллӣ шаҳрвандонро водор менамояд, ки онҳо худро ба миллат ва давлати муайян мансуб дониста, худро меросбарони забон, таърих ва анъанаҳои миллӣ шуморанд. Арзишҳои конститутсионӣ на танҳо ин ҳувиятро таҳким мебахшанд, балки барои устувор мондани муқаррароти конститутсионӣ ба монанди ҳуқуқҳои баробар, озодӣ ва принсипҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд. Дар ин раванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, забони давлатӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аҳамияти муҳим доранд. Албатта эътирофи чунин арзишҳо дар Конститусия барои ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.

Арзишҳои конститутсионӣ ҳамчун асоси ҳуқуқии вуҷудият ва рушди давлат мебошанд. Маҳз ин арзишҳо ҳадафи сиёсати давлатиро муайян намуда, фаъолияти мақомоти давлатиро ташаккул медиҳанд. Вақте мо дар бораи истиқлолияти давлатӣ, ҳокимияти халқ, давлати ҳуқуқбунёд, волоияти қонун сухан меронем, бевосита ин принсипҳое ҳастанд, ки барои таҳкими истиқлолият, давлатдорӣ ва устувории ниҳодҳои давлатӣ ва қонуният мусоидат менамоянд.

Конститутсия ифодакунандаи манфиатҳои миллии кишвар буда, тамомияти арзии онро эътироф менамояд: «Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад… Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандоз, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст…» (Моддаи 7). Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои мардум бевосита боварии шаҳрвандонро ба давлат ва низоми ҳуқуқии он зиёд менамояд.

Конститутсия асоси ҳуқуқии умумиро барои намояндагони халқу миллатҳои гуногун, намояндагони дину мазҳабҳои мухталиф ва вазъи иҷтимоӣ гуногун таъмин менамояд. Эътирофи ҳама дар назди қонун баробаранд шароити зиндагии босуботро барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар муҳаё месозад.

Конститутсия баробарҳуқуқии тамоми шаҳрвандонро таъмин менамояд. Ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, ҷинс, эътиқод дар асоси Конститутсия ҳимоя мегардад ва ҳаёти босаодати вай таъмин мегардад. Ин омил метавонад боз ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоиро дар ҷомеа устувор намояд.

Нусратулло Зокирзода, номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмии

шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121