Skip to main content

Шуъбаи сотсиология


МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ШУЪБАИ СОТСИОЛОГИЯИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

Илми сотсиология дар Тоҷикистон ба таври расмӣ соли 1967 бо таъсиси сектори таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар назди Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Дар он замон дар кишвар мутахассисони ин соҳа вуҷуд надоштанд, бинобар ин роҳбарии аввалин ба дӯши файласуфи варзида доктори илмҳои фалсафа, профессор Валентина Васильевна Выборнова вогузор шуд. Маҳз таҳти роҳбарии ӯ зерсохтори тозатаъсис ба як маркази муҳими илмии сотсиологӣ мубаддал гашт.

Дар солҳои аввал, ба бахш ҷавонони лаёқатманд аз соҳаҳои гуногун ҷалб гардиданд, аз ҷумла Одина Гуломов (ҳуқуқшинос), Лутфиддин Сулейманов ва Нина Мажарова (филологҳо), Баҳром Чаборов (файласуф) ва дигарон. Барои баланд бардоштани савияи тахассусии кадрҳо, роҳбарияти шуъба онҳоро ба таҷрибаомӯзӣ ва таҳсил дар аспирантураи Институти сотсиологияи АИ СССР (Маскав) ирсол намуд.

Дар давраи Шуравӣ, самтҳои асосии таҳқиқоти сотсиологӣ, ки дар шуъба амалӣ мешуданд, таҳлили муносибатҳои меҳнатӣ дар истеҳсолоти саноатӣ, омилҳои моддӣ ва маънавии ҳавасмандкунии меҳнат, шаклҳои иштироки омма дар идоракунӣ, мутобиқшавии иҷтимоии коргарон ва худмуайянкунии иҷтимоии ҷавононро дарбар мегирифтанд. Натиҷаҳои ин таҳқиқотҳо дар маҷмӯаҳои илмии муҳими он давра, аз ҷумла «Масъалаҳои тараққиёти иҷтимоӣ» (1975) ва «Фаъолнокии иҷтимоии коргарон» (1984), нашр гардиданд.

Бо шуруи дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар солҳои 1990-ум, самти фаъолияти илмии шуъба низ тағйир ёфт. Акнун диққати олимон ба таҳлили масоили марбут ба гузариш ба иқтисоди бозорӣ, тағйироти сохтори иҷтимоӣ, шуури ҷамъиятӣ, худшиносии миллӣ, ва масъалаҳои гендерӣ равона гардид. Асарҳои илмии Шоназар Шоисматуллоев, аз ҷумла «Характери интернатсионалии худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон» (1992), «Роҳои ҳаётии як насл» (1992) ва «Насл дар системаи таҳсилот» (1999) дар ҳамин замина таҳия шуданд.

Дар оғози асри XXI, шӯъба таҳқиқоти васеъро дар мавзӯъҳои табақабандӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ, таъсири дигаргунсозиҳо ба сохтори иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз намуд. Барномаҳои илмии «Оқибатҳои иҷтимоии дигаргунсозиҳо ва азнавсозиҳо» (2004–2008), «Табақабандӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ дар ҷомеаи тағйирёбанда» (2009–2013), «Омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии азнавсозии ҷомеа» (2014–2018),  «Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: ҳолат, омилҳои рушд ва дурнамо» (2019–2023) ва «Механизмҳои асосии ташаккули ҳувияти аҳолии Тоҷикистон» (2024–2028) дар ин давра ба амал бароварда шуданд.

Мавзӯи асосии таҳқиқоти илмӣ дар солҳои охир — Механизмҳои асосии ташаккули ҳувияти аҳолии Тоҷикистон — аз соли 2024 инҷониб таҳти барномаи илмии махсус иҷро мегардад. Ин самт мавзӯъҳои муҳими ташаккули ҳувияти миллӣ ва шаҳрвандии аҳолии кишвар, таъсири равандҳои таърихию иҷтимоӣ ба шиносоии шахсӣ ва гурӯҳӣ, нақши институтҳои иҷтимоӣ дар таҳкими ҳувият, инчунин мушкилоти марбут ба муҳоҷират, урбанизатсия ва гуногунфарҳангии минтақавиро фаро мегирад.

Дар баробари таҳқиқот, шӯъба вазифаи омода намудани мутахассисони соҳавиро низ ба зимма дошт. Аз охири солҳои 1990-ум, сотсиология ба сифати фанни таълимӣ ба барномаҳои мактабҳои олӣ ворид шуд, ки зарурати таҳияи дастурҳо ва тайёр намудани омӯзгорони соҳавиро ба миён овард. Дар муддати кӯтоҳ шуъба тавонист зиёда аз 10 нафар номзад ва доктори илмро ба воя расонад, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар фаъолият доранд.

Шуъбаи сотсиология тайи беш аз 55 соли фаъолияти худ бо муаррифии даҳҳо рисолаҳо, монографияҳо, дастурҳои таълимӣ ва асарҳои таҳлилӣ саҳми босазо дар рушди илм ва ҷомеа гузоштааст. Аз ҷумлаи охиринҳоро метавон номбар кард: «Синфи миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ғ. Қаҳоров, 2016), «Ҷавонон дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон» (Б. Насурова, 2017), ва «Тоҷикистон дар даврони истиқлолият: дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» (Ш. Шоисматуллоев, 2018), «Масъалаҳои иҷтимоӣ- иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Шоисматуллоев, Ш., Миров, Ф.С., 2023), «Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқи. ҳуввияти миллӣ ва муқовимат ба экстремизм дар шароити муосири Тоҷикистон» (Шоисматуллоев, Ш., Миров, Ф.С., 2024).

Айни замон дар шуъбаи сотсиология 7 муҳаққиқ ва 1 лаборант фаъолият доранд. Самтҳои асосии фаъолияти илмии онҳо таҳқиқи равандҳои муосири иҷтимоӣ, ташаккули ҳуввияти аҳолии шаҳрвандон, таҳаввулоти низоми таълим, ҷараёнҳои табақабандӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ, мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъалаҳои иҷтимоии ҷавонон, худидоракунии маҳаллӣ, нақши ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва камбизоатӣ мебошанд.

Шуъба ҳамзамон бо муассисаҳои илмии дохили кишвар ва хориҷи он ҳамкориҳои илмӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ҳамкории судманд бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Тоҷикистону Россия (славянӣ), Институти сотсиологияи Академияи илмҳои Федератсияи Россия, кафедраи сотсиологияи идоракунии факултети идоракунии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва дигар марказҳои таҳқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.

Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ имруз яке аз марказҳои калидии омӯзиши масъалаҳои иҷтимоӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, бо мероси илмӣ, муҳаққиқони пуртаҷриба ва барномаҳои таҳқиқотии худ мавқеи устуворро дар рушди илм ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ишғол мекунад.

Маълумот барои тамос:

Суроға электронӣ шуъба (e-mail): sociology.ifppanrt.tj@gmail.com

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33

Рӯзҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00 - 17:00

Кормандони Шуъбаи сотсиология

  • Шоисматуллоев Шоназар, доктори илмҳои сотсиология, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – мудири шуъба
  • Кахоров Гаюр Гафурович, доктори илмҳои фалсафа – сарходими илмӣ
  • Насурова Беҳру Асадуллоевна, номзади илмҳои фалсафа – ходими пешбари илмӣ
  • Мирзода Фирӯз Сафаралӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент – ходими калони илмӣ (0,5 воҳиди корӣ)
  • Қодиров Зоҳир Қодирович, номзади илмҳои фалсафа, дотсент – ходими калони илмӣ (0,5 воҳиди корӣ)
  • Бобохонова Нилуфар Зиёратшоевна, номзади илмҳои сотсиологӣ – ходими калони илмӣ (0,5 воҳиди корӣ)
  • Беков Далер Қурбоналӣходими илмӣ
  • Гардоншо Алишер Меҳробшоходими илмӣ
  • Шоисматуллоева Азиза Азатшоевналаборанти калони шуъба

 

Ҳайати кормандони Шуъба

Шоисматуллоев Шоназар

123Ному насаб: Шоисматуллоев Шоназар

Вазифа: мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиология, профессор

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1968 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ)-ро бо ихтисоси муаллими фанҳои забон ва адабиёти рус хатм намудааст. Солҳои 1970–1971 таҷрибаомӯзи Институти таҳқиқотҳои мушаххаси иҷтимоии Академияи илмҳои ИҶШС буд. Солҳои 1971–1974 таҳсил дар аспирантураи Институти таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶШС ва солҳои 1988–1989 хатмкунандаи курси такмили ихтисоси ҳамин институт.

Солҳои 1993–1997 ба ҳайси докторанти Институти сотсиологияи Академияи илмҳои Федератсияи Россия фаъолият намудааст. Соли 1977 дар мавзӯи «Омилҳои иҷтимоии интихоби касб» дар шӯрои диссертатсионии назди Институти таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶШС рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.09 – сотсиологияи таҷрибавӣ ноил гардид.

Соли 2000 дар мавзӯи «Ҷойивазкунии иҷтимоии байнинаслӣ ва таҳаввулоти рафтори иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеаи буҳронӣ» рисолаи докторӣ дифоъ карда, унвони доктори илмҳои сотсиологияро аз рӯи ихтисоси 22.00.04 – сохтори иҷтимоӣ, институтҳо ва равандҳои иҷтимоӣ соҳиб гардид. Бо қарорҳои дахлдори ВАК, соли 2003 ба унвони дотсент ва соли 2005 ба унвони профессор аз рӯи ихтисос сарфароз гашта, соли 2008 ба ҳайси узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб шудааст.

Масъалаҳои асосии таҳқиқоти илмии профессори Ш. Шоисматуллоев ба омӯзиши худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас, таҳаввулоти системаи таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, инкишоф ва тағйироти сохтори иҷтимоӣ, табақабандӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ, нобаробарии гендерӣ ва равандҳои дигари иҷтимоӣ равона шудаанд. Ӯ муаллифи беш аз 150 асари илмӣ, аз ҷумла як қатор монографияҳо, мақолаҳои таҳлилӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад.

Дар асарҳои «Ибтидои роҳ: насл бо маълумоти миёна» (М.: Наука, 1989. – 255 с.), «Характери интернатсионалии худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон» (Душанбе, 1992. – 268 с.) ва «Роҳҳои ҳаётии як насл» (М.: Наука, 1992. – 246 с.), ки бо ҳаммуаллифии сотсиологҳои маъруф аз Москва, Екатеринбург, Барнаул, Эстония, Латвия, Литва, Белоруссия ва Украина таҳия шудаанд, хусусиятҳои хоси сохтори иҷтимоии ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ таҳлил гардидаанд. Дар ин асарҳо имконияту маҳдудиятҳои касбӣ, сатҳу сифати зиндагӣ, тарзи ҳаёт ва таъсири онҳо ба худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас баррасӣ шудаанд.

Ин таҳқиқотҳо дар асоси натиҷаҳои ду марҳилаи лоиҳаи муқоисавии илмӣ-таҳқиқотии лонгитюдӣ таҳти унвони «Роҳҳои наслҳо», ки як барномаи умумииттифоқӣ буд ва муҳаққиқонро аз Россия, Украина, Белоруссия, Эстония, Латвия, Литва, Молдова, Қазоқистон ва Тоҷикистон муттаҳид мекард, таҳия шудаанд. Аз соли 1985 то соли 1998 чаҳор марҳилаи ин лоиҳа бо дарназардошти шароитҳои иҷтимоии мураккаб ва марҳилаҳои мухталифи синну соли иштирокчиён — аз хатми мактаб то расидан ба мақоми устувори иҷтимоӣ ва камолоти иҷтимоии ҷавонон (30-солагӣ) — амалӣ карда шуданд.

Профессор Ш. Шоисматуллоев дар ҳайати Шурои ҳамоҳангсозии лоиҳа қарор дошта, роҳбарии бевоситаи тадқиқотҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.

Дар асоси натиҷаҳои марҳилаҳои сеюм ва чоруми лоиҳаи илмии лонгитюдӣ «Роҳҳои наслҳо» як қатор асарҳои муҳими илмӣ ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, монографияҳои «Насл дар системаи таълимот» (Душанбе, 1999. – 140 с.), диссертатсияи докторӣ таҳти унвони «Ҷойивазкунии байнинаслӣ ва таҳаввулоти рафтори иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеаи буҳронӣ» (Москва, 2000) ва «Тоҷикистон дар оинаи меросият ва ивазшавии наслҳо» (Душанбе, 2006. – 320 с.). Дар ин асарҳо равандҳои рушди сохтори иҷтимоӣ-синфӣ, иҷтимоӣ-ҳудудӣ ва иҷтимоӣ-демографӣ дар Тоҷикистон, вазъи системаи таҳсилоти умумӣ ва касбӣ дар даврони шӯравӣ, хусусиятҳои дигаргунсозиҳои баъди шӯравӣ, инчунин масъалаҳои ҷойивазкунии иҷтимоӣ ва худмуайянкунии касбии ҷавонон таҳлил ва арзёбӣ шудаанд.

Ба таҳқиқоти масоили мавқеъ ва нақши зан дар ҷомеа, тақсимоти меҳнат дар оила, зӯроварии хонаводагӣ ва дигар падидаҳои иҷтимоии марбут ба занон асарҳои зерин бахшида шудаанд: «Зан ва нашъа» (Душанбе, 2000. – 67 с.), «Маълумоти духтарон» (Душанбе, 2002. – 60 с.) ва «Зӯроварӣ нисбати зан: дирӯз ва имрӯз» (Душанбе, 2005. – 247 с.). Дар онҳо масъалаҳои шуғли занон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ, монеаҳои иҷтимоӣ дар роҳи таълим ва рушди шахсии духтарон, нақши зан дар устувории оила, ҳамчунин мавзӯи ташвишовари нашъамандӣ ва таъсири он ба занон баррасӣ шудаанд.

Масъалаҳои васеъмиқёси ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои коҳиши камбизоатӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳаввулоти сохтори иҷтимоӣ, таъсири оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба табақабандии аҳолӣ, ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои устувории давлат ва низоми муносибатҳои гендерӣ дар асарҳои муштараке чун «Ҷамъияти муосири Тоҷикистон: равандҳои дигаргунсозиҳо» (ҳаммуаллифӣ, Душанбе, 2011. – 210 с.) ва «Тоҷикистон дар замони истиқлолият: дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ–фарҳангӣ» (Душанбе, 2018. – 160 с.) таҳлил шудаанд. Мавзӯъҳои мазкур инчунин дар мақолаҳои илмии охири солҳои фаъолияти илмии профессор Ш. Шоисматуллоев мунтазам инъикос ёфтаанд.

Монографияҳо ва китобҳои илмии узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор мудири шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ Шоисматуллоев Шоназар

  1. Шоисматуллоев Ш., Мирзода Ф.С., Гардоншо А.М. Механизмҳои асосии ташаккули ҳувияти аҳолӣ дар Тоҷикистон / Ш. Шоисматуллоев, Ф.С. Мирзода, А.М. Гардоншо. – Душанбе, 2025. – 200 с.
  2. Шоисматуллоев Ш., Мирзода Ф.С. Сабабҳо, хатарҳо ва роҳҳои пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон (таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ) / Ш. Шоисматуллоев, Ф.С. Мирзода. – Душанбе, 2025. – 110 с.
  3. Шоисматуллоев Ш., Миров Ф.С. Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқи. ҳуввияти миллӣ ва муқовимат ба экстремизм дар шароити муосири Тоҷикистон (маводи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ) / Ш. Шоисматуллоев, Ф.С.Миров. – Душанбе, 2024. – 135 с.
  4. Шоисматуллоев, Ш., Миров, Ф.С. Масъалаҳои иҷтимоӣ- иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маводи таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои таҳқикоти сотсиологӣ) / Ш.Шоисматуллоев, Ф.С.Миров. – Душанбе, 2023. 89 с.
  5. Шоисматуллоев Ш., Идиев Х., Баҳромбеков В., Миров Ф. Сотсиология. Китоби дарсӣ. Зери таҳрири профессор Шоисматуллоев Ш. – Душанбе: “Ирфон”, 2019. – 520 с.
  6. Шоисматуллоев Ш. Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият: дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ – фарҳангӣ / Ш. Шоисматуллоев. Душанбе, «Дониш», 2018. 160 с. (бо забони русӣ)
  7. Шоисматуллоев Ш. Тоҷикистон дар оинаи меросият ва ивазшавии наслҳо. Нашри дуюм. – Душанбе: Ирфон, 2008. – 384 с. (бо забони русӣ)
  8. Шоисматуллоев Ш. Зӯроварӣ нисбати занон: дирӯз ва имрӯз. – Душанбе: Нодир, 2005. – 248 с. (бо забони русӣ)
  9. Шоисматуллоев Ш.. Маълумоти духтарон. – Душанбе, 2002. – 60 с. (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)
  10. Шоисматуллоев Ш. Зан ва нашъа (ҳаммуалиф). – Душанбе, 2000. – 67 с. (бо забони русӣ)
  11. Шоисматуллоев Ш. Наслҳо дар системаи таълимот. – Душанбе, 1999. – 144 с. (бо забони русӣ)
  12. Шоисматуллоев Ш. Тоҷикистони шуравӣ. – Душанбе: Ирфон, 1999. (бо забони русӣ)
  13. Шоисматуллоев Ш. Характери байналхалции худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон (ҳаммуалиф). – Душанбе, 1992 – 244 с. (бо забони русӣ)
  14. Шоисматуллоев Ш. Роҳи ҳаётии як насл (ҳаммуалиф). – М.: Наука, 1992 – 252 с. (бо забони русӣ)
  15. Шоисматуллоев Ш. Хислати интернатсионалии худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон. – Душанбе, 1991. – 132 с. (бо забони русӣ)
  16. Шоисматуллоев Ш. Ибтидои роҳ. Насл бо таҳсилоти миёна (ҳаммуалиф). – М.: Наука, 1989 – 255 с. (бо забони русӣ)
  17. Шоисматуллоев Ш. ҲКИШ ва раванди барқароршавии якрангии иҷтимоии ҷамъияти шуравӣ. – Душанбе: Дониш, 1986. (бо забони русӣ)

 

Маълумот барои тамос:

Телефон: (+992) 93 508 68 78

Суроға электронӣ (e-mail): afkor1946@gmail.com

 

Қаҳҳоров  Ғаюр Ғафурович

12312412412Cарходими илмии шуъбаи сотсиология

Ному насаб: Қахоров  Ғаюр Ғафурович  

Вазифа:  Сарходими илмии шуъбаи сотсиология

Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои фалсафа

Дастовардҳои муҳими  илмӣ ва касбӣ: Соли 1978 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси муаллими фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намудааст. Солҳои 1979–1980 ҳамчун ходими илмӣ дар Институти таҳқиқоти илмии илмҳои педагогӣ (ҳоло Пажӯҳишгоҳи рушди маориф назди АМИТ) фаъолият намудааст. Солҳои 1981–1982 дар вазифаи лаборанти калони сектори сотсиологияи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1983–1984 таҷрибаомӯзи Институти таҳқиқотҳои сотсиологии Академияи илмҳои ИҶШС ва солҳои 1985–1987 аспиранти ҳамин муассиса буд.

Соли 1988 дар ҳамин институт диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи “Ҷойивазкунии иҷтимоии коргарони ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади фанҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.09 — сотсиологияи таҷрибавӣ гардид. Солҳои 1988–2002 ҳамчун ходими калони илмӣ дар сектори сотсиологияи Шуъбаи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои 2003–2015 дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори раёсати масъалаҳои иҷтимоӣ кор карда, дар ин давра рисолаи докториро дар мавзӯи “Табақабандии иҷтимоӣ дар ҷомеаи тағйирёбандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2011 ба итмом расонид. Аз соли 2017 то ҳол — сарходими илмии шуъбаи сотсиология.

Моҳи октябри соли 2017 дар Шӯрои диссертатсионии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи докториро аз рӯйи ихтисоси 09.00.11 — фалсафаи иҷтимоӣ дифоъ намуд.

Масъалаҳои асосии таҳқиқоти илмии Кахоров Гаюр ба омӯзиши табақабандии иҷтимоӣ, ташаккули синфи миёна, ҷойивазкунии иҷтимоии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таҳлили афкори омма оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, таҳаввулоти сохтори иҷтимоӣ-касбӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ифротгароии динӣ дар байни ҷавонон бахшида шудаанд. Ӯ муаллифи беш аз 80 мақола ва асари илмӣ мебошад, ки як қатор онҳо ба таври монография ва таҳлили амиқи илмӣ ба табъ расидаанд.

Соли 2018 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Монографияҳо ва китобҳои илмии, д.и.ф., сарходими илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ Кахоров Гаюр Гафурович

  1. Қаҳоров Ғ. Нақши омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар пешгирии ифротгароии динӣ / Ш.П. Бердиев, Б.Ҷ. Самиев, Ғ. Қаҳоров – Душанбе, 2024. – 329 с.
  2. Қаҳҳоров Ғ. Ифротгароии динӣ дар Тоҷикистон. Мониторинги афкори омма / Ш.П. Бердиев, Б.Ҷ. Самиев, Ғ. Қаҳоров – Душанбе, 2023. – 110 с.
  3. Қаҳҳоров Ғ. Ғ. Омилҳои ифротгароии динӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии он. – Душанбе, 2022. – 104 с.
  4. Қаҳҳоров Ғ. Ғ. Синфи миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккул ва рушди оянда. – Душанбе, 2016. – 130 с.
  5. Қаҳоров Ғ.Ғ. Табақабандии иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон. – Душанбе, 2011. – 298 с. (бо забони русӣ)

 

Маълумот барои тамос:

Телефон: (+992) 93 774 59 00

Суроға электронӣ (e-mail): qahorov1949@gmail.com

Насурова Беҳрӯ Асадуллоевна

54848Ходими пешбари илмӣ

Ному насаб: Насурова Беҳрӯ Асадуллоевна

Вазифа: ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиология

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси психология хатм намудааст. Аз соли 2005 то 2006 муҳаққиқ–коромӯзтаҳқиқотчии кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ буд. Солҳои 2006–2009 аспиранти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ. Аз соли 2006 то 2012 ассистенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ (ба ҳайси ҳамкор). Солҳои 2009–2011 ходими хурди илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ. Солҳои 2011–2012 ходими илмии шуъбаи сотсиологияи ҳамин институт. Аз соли 2012 то 2017 ходими калони илмӣ ва аз соли 2017 то имрӯз ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ. Аз соли 2012 то имрӯз муаллимаи калони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ (ба ҳайси ҳамкор).

Соли 2012 дар мавзӯи «Масъалаҳои иҷтимоии ташаккулёбии ҷавонон дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон» дар шӯрои диссертатсионии назди Институти таҳқиқотҳои сотсиологии Академияи илмҳои Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ ноил гардид.

Масъалаҳои асосии таҳқиқоти илмии Б.А. Насурова ба омӯзиши масъалањои иљтимоии љавонон, худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас, таҳаввулоти системаи таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, масъалањои иљтимоии оила, нобаробарии гендерӣ ва равандҳои дигари иҷтимоӣ равона шудаанд. Ӯ муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва 3 китобу воситаҳои таълимӣ мебошад.

Монографияҳо ва китобҳои илмии, н.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ Насурова Беҳрӯ Асадуллоевна

  1. Насурова Б.А., Ахмедова У.Б. Этносотсиология. Воситаи таълимӣ / Б.А.Насурова, А.Б. Ахмедова. – Душанбе, 2025. – 204 с.
  2. Насурова Б.А. Сотсиологияи ҷавонон. Воситаи таълимӣ / Б.А.Насурова. – Душанбе, 2023. – 246 с.
  3. Насурова Б.А. Ҷавонон дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон. Монография / Б.А. Насурова. – Душанбе, 2016. – 155 с. (бо забони русӣ)

 

Маълумот барои тамос:

Телефон: (+992) 93 180 63 69

Суроға электронӣ (e-mail): behru@mail.ru

Мирзода Фирӯз Сафаралӣ

1545Ходими калони илмӣ

Ному насаб: Мирзода Фирӯз Сафаралӣ

Вазифа: ходими калони илмии шуъбаи сотсиология (0,5 басти корӣ)

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 2003 факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси фалсафа хатм намудааст. Аз соли 2003 то 2005 дар кафедраи таърихи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедра кор кардааст. Ҳамзамон соли 2003 ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2007 онро хатм намудаааст. Аз соли 2005 ба ҳайси ассистенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолияти худро давом додааст. Соли 2016 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Вазифаҳои иҷтимоии ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи демократӣ” (роҳбарони илмӣ Ш. Шоисматуллоев ва В. Баҳромбеков) ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои фалсафа (аз рӯи ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ) гардидааст. Аз соли 2015 ҳамчун ходими калони илмӣ (0,5 басти корӣ) дар шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ фаъолият намуда истодааст. Соли 2016 ба вазифаи муаллими калон ва аз соли 2018 ба вазифаи дотсенти кафедраи сотсиологияи интихоб гардидааст. Солҳои 2016-2018 ба вазифаи муовини декани факултети фалсафаи ДМТ оид ба илм ва муносибатҳои байналхалқӣ ва котиби Шурои олимони факултети фалсафа фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то 2021 котиби илмии Шурои диссертатсионии дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050300 – Психологияи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамзамон аз соли 2018 то соли 2023 дар вазифаи мудири кафедраи сотсиология фаъолият намудааст. Аз фанҳои «Сотсиологияи умумӣ», «Методология ва техникаи гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ», «Коркард ва таҳлили ахбор» ва «Сотсиологияи ҳуқуқ» дарс мегӯяд.

Масъалаҳои асосии таҳқиқоти илмии Мирзода Фирӯз Сафаралиевич ба омӯзиши робитаи байни ҳуқуқ ва ҷомеа, институтҳои иҷтимоӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таҳлили афкори омма оид ба масъалаҳои маърифати ҳуқуқӣ ва ҳувияти миллӣ, муқовимат ба экстремизм, татбиқи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва рушди сармояи инсонӣ бахшида шудаанд. Ӯ муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва 18 китобу воситаҳои таълимӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои сотсиологияи ҳуқуқ, функсияҳои иҷтимоии ҳуқуқ, ташаккули ҳувияти ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ, сиёсати иҷтимоӣ, глобализатсия, муҳоҷират, рушди синфи миёна ва таҳаввулоти сохтори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба таври таҳлилӣ ва мукаммал инъикос ёфтаанд. Мавзӯъҳои пажӯҳиши ӯ на танҳо дорои аҳамияти илмии назариявӣ, балки барои таҳия ва амалӣ кардани сиёсати иҷтимоиву ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон низ муфид мебошанд.

Монографияҳо ва китобҳои илмии, н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ Мирзода Фирӯз Сафаралӣ

  1. Мирзода, Ф.С. Ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ ва нақши он дар рушди устувори ҷомеаи муосири Тоҷикистон (таҳлили сотсиологӣ). Монография / Ф.С. Мирзода. – Душанбе: ДМТ, 2025. – 416 с.
  2. Шоисматуллоев Ш., Мирзода Ф.С., Гардоншо А.М. Механизмҳои асосии ташаккули ҳувияти аҳолӣ дар Тоҷикистон / Ш. Шоисматуллоев, Ф.С. Мирзода, А.М. Гардоншо. – Душанбе, 2025. – 200 с.
  3. Шоисматуллоев Ш., Мирзода Ф.С. Сабабҳо, хатарҳо ва роҳҳои пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон (таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ) / Ш. Шоисматуллоев, Ф.С. Мирзода. – Душанбе, 2025. – 110 с.
  4. Шоисматуллоев Ш., Миров Ф.С. Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқи. ҳуввияти миллӣ ва муқовимат ба экстремизм дар шароити муосири Тоҷикистон (маводи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ) / Ш. Шоисматуллоев, Ф.С.Миров. – Душанбе, 2024. – 135 с.
  5. Миров, Ф.С. Сотсиология. Китоби дарсӣ / В. Баҳромбеков, Ф. Миров. Зери таҳрири профессор Шоисматуллоев Ш. – Душанбе: ДМТ, 2024. – 464 с.
  6. Миров, Ф.С. Сотсиологияи ҳуқуқ. Воситаи таълимӣ / Ф. Миров, В. Баҳромбеков. Зери таҳрири профессор Шоисматуллоев Ш. – Душанбе: ДМТ, 2023. – 230 с.
  7. Миров, Ф.С. Омӯзиши масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маводи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ). Монография / Ш. Шоисматуллоев, Ф.С. Миров. – Душанбе: Дониш, 2023. – 82 с.
  8. Миров, Ф.С. Методика ва техникаи тадқиқоти сотсиологӣ. – Матбааи “ДМТ”, 2021. – 428 с.
  9. Миров, Ф. Сотсиология. Воситаи таълимӣ / Ф.С. Миров, С.Ш. Носиров. – Душанбе: Ашуриён, 2021. – 240 с.
  10. Миров Ф.С. Функсияҳои иҷтимоии ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар шароити ташаккули ҷомеаи демократӣ: Монография / Ф.С. Миров. – Душанбе: ДМТ, 2020. – 144 с. (бо забони русӣ)
  11. Миров, Ф.С. Сотсиология. Китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Зери таҳрири профессор Шоисматуллоев Ш. / Ш. Шоисматуллоев, Х. Идиев, В.А. Баҳромбеков, Ф.С. Миров. – Душанбе: Донишвар, 2019. – 520 с.
  12. Миров, Ф.С. Асосҳои сотсиология. Воситаи таълимӣ. Нашри дуюм / В.А. Баҳромбеков., Ф.С. Миров. Зери таҳрири профессор Ш. Шоисматуллоев. – Душанбе: Суфра, 2016. – 267 с.
  13. Миров, Ф.С. Асосҳои сотсиология. Воситаи таълимӣ / В.А. Баҳромбеков., Ф.С. Миров. Зери таҳрири профессор Ш. Шоисматуллоев. – Душанбе: Суфра, 2015. – 267 с.
  14. Миров, Ф.С. Шиносоӣ бо методҳои тадқиқоти иҷтимоӣ. Китоби дарсӣ / Ф.С. Миров, Ҷ. Ҷураев, Ҳ. Шоинбеков. – Душанбе: Авалон, 2015. – 248 с.
  15. Миров, Ф.С. Фокус-гурӯҳ / Ф.С. Миров, Ҳ. Шоинбеков. – Душанбе: Вектор Принт, 2013. – 180 с.
  16. Миров, Ф.С. Кори иҷтимоӣ бо оила / В.А. Баҳромбеков, Ҷ.Д. Ҷураев, Х. Зеваров, Ф.С. Миров, К. Шоев. – Душанбе: Истеъдод, 2012. – 288 с.
  17. Миров, Ф.С. Муқаддимаи кори иҷтимоӣ / В.А. Баҳромбеков, Ф.С. Миров, Х. Зеваров, Ҳ. Шоинбеков, Х. Худододов. – Душанбе: Шаҳпар, 2011. – 212 с.
  18. Миров, Ф.С. Кори иҷтимоӣ: фарҳанги мухтасари энсиклопедии тоҷикӣ-русӣ / Муҳаррири масъул проф. И.Д. Зверева. – Душанбе, 2010. – 525 с. (Тарҷумон ва муаллифи мақолаҳо ; нашри тоҷикӣ‑русӣ).

Маълумот барои тамос:

Телефон: (+992) 93 733 33 11.

Суроғаи электронӣ (e-mail): mirov2010@mail.ru

Қодиров Зоҳир Қодирович

9595Ходими калони илмӣ 

Ному насаб: Қодиров Зоҳир Қодирович

Вазифа: ходими калони илмии шуъбаи сотсиология (0,5 басти корӣ)

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ:  Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев соли 2008 бо ихтисоси асосҳои давлат ва ҳуқуқ. Солҳои 2008–2009 ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев буд. Солҳои 2010–2013 дар бахши рӯзонаи аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИҶТ таҳсил намудааст.

Соли 2016 дар мавзӯи «Масъалаҳои ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар Ҷумҳарии Тоҷикистон (Таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)  дар шӯрои диссертатсионии назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИҶТ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.11 – фалсафа иҷтимоӣ ноил гардид.

Бо қарори дахлдори КОА, соли 2024 ба унвони дотсент аз рӯи ихтисоси сотсиология сарфароз гаштааст. Аз соли 2024 то ҳол ба ҳайси ходими калони илмии шуъбаи сотсиология (бо 0,5 басти корӣ) фаъолият дорад.

Масъалаҳои асосии таҳқиқоти илмии дотсент Қ.З.Қоддиров ба омӯзиши масъалаҳои худидоракунии маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сотсиологияи идоракунӣ, шарикии иҷтимоӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бизнес сохторҳо, нобаробарии гендерӣ ва равандҳои дигари иҷтимоӣ равона шудаанд. Ӯ муаллифи зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ ва 4 китобу воситаҳои таълимӣ мебошад.

Дар асарҳои «Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон» (Душанбе:.Дониш, – 2017,  – 196 с.), «Асосҳои худидораи маҳаллӣ дар Тоҷикистон»  (Душанбе:., Нушбод – 2021, – 208 с.), «Сотсиологияи идоракунӣ» (Душанбе. АИДнПҶТ, – 2022, – 201 с.) масъалаҳои асосии ташаккули ниҳоди худидоракунии маҳаллӣ, тағйироти унсурҳои таърихан ташаккулёфтаи ниҳодҳои худидоракунии маҳаллӣ дар шароити ҳокимияти мутамаркази  собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ, мушкилот ва рушти ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун унсури худидораи маҳаллӣ дар Тоҷикистон ва шарикии иҷтимоии сохторҳои муҳими ҷомеа баррасӣ гардидаанд.

Монографияҳо ва китобҳои илмии, н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ Қодиров Зоҳир Қодирович

  1. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. -  Ҷилди V. Матбааи АИД назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе: «Фасд-4». 2023. – 480 с. (дар ҳаммуаллифӣ)
  2. Сотсиологияи идоракунӣ  (Дастури таълимӣ) Абилзода Г.С., Қиёмиддин М., Қодиров З.Қ. – Душанбе:., матбааи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2022. – 201 с.
  3. Қодиров З.Қ. Асосҳои худидораи маҳаллӣ дар Тоҷикистон  (Воситаи таълимӣ). Душанбе: Нушбод, 2021. – 208 с.
  4. Қоддиров З.Қ. Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Дониш, 2017. – 196 с. (бо забони русӣ)

 

Маълумот барои тамос:

Телефон: (+992) 111 12 27 23

Суроға электронӣ (e-mail): zohir-85@mail.ru

Бобохонова Нилуфар Зиёратшоевна

53252354234Ходими калони илмӣ

Ному насаб: Бобохонова Нилуфар Зиёратшоевна

Вазифа: ходими калони илмии шуъбаи сотсиология (0,5 басти корӣ)

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои сотсиологӣ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 2009 ихтисоси сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо муваффақият хатм намудааст. Солҳои 2010–2014 ҳамчун аспиранти рӯзонаи кафедраи сотсиология таҳсил карда, дар ҳамин давра солҳои 2011–2013 ҳамчун корманди ғайриштатии кафедра ва солҳои 2009–2014 ба ҳайси лаборанти калони шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2025 ҳамчун ходими калони илмӣ (0,5 басти корӣ) дар шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ фаъолият намуда истодааст. Ҳамзамон аз моҳи августи соли 2015 ба сифати ассистент ва аз соли 2023 то имрӯз дар вазифаи муаллими калони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ фаъолият мекунад.

Санаи 23 сентябри соли 2022 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-05 дар заминаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таҳаввулоти вазифаҳои иҷтимоии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 22.00.04 – Сохтори иҷтимоӣ, институтҳои иҷтимоӣ ва равандҳо дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои сотсиологӣ гаштааст. Дар гурӯҳҳои тахассусӣ аз фанҳои “Ояндабинии иҷтимоӣ”, “Этносотсиология” ва дар факултетҳои ғайритахассусии ДМТ аз фанни “Сотсиология” дарс мегӯяд. Дар доираи фаъолияти илмӣ-педагогӣ муаллифи 2 воситаи таълимӣ ва зиёда аз 15 мақола ва фишурдаҳои илмӣ мебошад, ки масъалаҳои таҳаввулоти маориф, нақши он дар рушди иҷтимоӣ ва ислоҳоти муассисаҳои иҷтимоиро фаро мегиранд.

Монографияҳо ва китобҳои илмии, н.и.с., ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ Бобохонова Нилуфар Зиёратшоевна

  1. Бобохонова, Н.З. Эволюция социальных функций образования в Республике Таджикистан в период независимости. Монография / Н.З. Бобохонова – Душанбе: Дониш, 2024. – 157 с.
  2. Бобохонова, Н. Фалсафаи иҷтимоӣ / Н.Д. Маҳмадиев, Н. Бобохонова. – Душанбе, ДМТ, 2017. – 168 с.

 

Маълумот барои тамос:

Телефон: (+992) 88 999 70 90

Беков Дидавар Комилҷонович

5599Ходими илмӣ

Ному насаб: Беков Дидавар Комилҷонович

Вазифа: ходими илмии шуъбаи сотсиология

Дараҷа ва унвони илмӣ: надорад

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 2012 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси сотсиолог хатм намудааст. Солҳои 2013–2015 таҳсили аспирантуро дар шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, дар ҳамин давра ҳамзамон омӯзгори фанни ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон будааст. Аз соли 2014 то октябри соли 2023 дар Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси ходими илмӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2016–2017 дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №33 шаҳри Душанбе ҳамчун омӯзгори фанни ҷомеашиносӣ кор кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи майи соли 2025 дар шӯъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ба ҳайси ходими илмӣ фаъолият дошта, дар таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба масоили ҳувият, нобаробарии иҷтимоӣ, муҳоҷират, суботи иҷтимоӣ ва ташаккули сармояи иҷтимоӣ иштирок кардааст. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, ки дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба табъ расидаанд. Самтҳои асосии таҳқиқотии ӯ ба омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ дар шароити тағйирёбии ҷомеаи тоҷик нигаронида шудаанд.

Маълумот барои тамос:

Телефон: (+992) 111225590.

Суроғаи электронӣ (e-mail): didavar1989@list.ru

Гардоншо Алишер Меҳробшо

12312312Ходими илмӣ

Ному насаб: Гардоншо Алишер Меҳробшо

Вазифа: ходими илмии шуъбаи сотсиология

Дараҷа ва унвони илмӣ: надорад

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Алишер Гардоншо таҳсили худро дар бахши сотсиологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оғоз намуда, зинаҳои бакалавр (2015–2019), магистр (2019–2021) ва доктор PhD (2021–2024)-ро бо муваффақият хатм намудааст.

Солҳои 2021–2022 ба сифати ассистент (ҳамкор) дар ду муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият намудааст. Аз сентябри 2021 то июни 2022 ҳамчун ассистент – ҳамкор дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, дарсҳои фанни сотсиологияро ба донишҷӯён омӯзонидааст.

Аз моҳи майи соли 2023 то моҳи феврали соли 2024 ба ҳайси менеҷери лоиҳаҳо дар ширкати байналмилалии тадқиқотӣ ва машваратии M-Vector фаъолият намудааст, ки масъулияти ташкилу ҳамоҳангсозӣ ва ҳамчунин таҳлили илмии тадқиқотҳои сотсиологӣ ва бозорӣ (маркетингӣ)-ро ба уҳда дошт.

Аз соли 2024 ҳамчун ходими хурди илмӣ дар шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 2025 ба вазифаи ходими илмӣ гузаронида шудааст. Ҳамзамон, аз соли 2024 инҷониб ҳамчун ҳамкор дар кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯёни ихтисоси сотсиология фанни “Интихобнома дар таҳқиқоти сотсиологӣ”-ро дарс медиҳад.

Фаъолияти илмии Алишер Гардоншо ба омӯзиши ҳамаҷонибаи нобаробарии иҷтимоӣ, мушкилоти адолати иқтисодӣ ва гендерӣ, равандҳои ҳувиятсозӣ, муҳоҷират, рушди сиёсати иҷтимоӣ ва сифати таҳсилот равона шудааст. Дар мақолаҳо ва таҳқиқоти ӯ масъалаҳои муҳими таҳаввулоти сохтори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, таҳлилҳои эмпирикӣ дар бораи афкори умум, таҳқиқи омилҳои таҳдидкунандаи рушди устувор (аз ҷумла, паёмадҳои зеҳни сунъӣ), имкониятҳои коҳиши нобаробарӣ тавассути интегратсия ва ислоҳоти сиёсати андозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ӯ ба таҳлили мавзӯъҳои ба монанди ҷойгоҳи меҳнати хонагӣ дар тамаддуни суннатии тоҷикӣ, нақши таҳсилот дар баробарии иҷтимоӣ ва таҳаввулоти ҳувияти миллӣ тавассути фазои шаҳрӣ низ таваҷҷуҳи махсус додааст. Ҳамзамон, дар як қатор мақолаҳо ва суханрониҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, масъалаҳои ҳамгироии минтақавии Осиёи Марказӣ ва имкониятҳои он барои бартарафсозии нобаробарии иҷтимоӣ баррасӣ шудаанд.

Захираи илмии ӯ, ки беш аз 15 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳо ва конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалиро дар бар мегирад, собит мекунад, ки фаъолияти илмии ӯ ба таҳлили амиқи масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва минтақа нигаронида шудааст.

Ӯ ба сифати таҳқиқотчӣ дар беш аз 20 лоиҳаи эмпирикӣ иштирок намудааст ва дар раванди татбиқи онҳо масъулиятҳои таҳияи интихобнома, омодасозии асноди саволнома, назорат ва ҳамоҳангсозии мусоҳибагузарон, инчунин ворид ва таҳлили маълумоти сотсиологиро ба уҳда доштааст. Ҳамзамон, ӯ муаллифи зиёда аз 10 ҳисоботи таҳлилии натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологии ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия ва навишта шудаанд.

Монографияҳо ва китобҳои илмии, ходими илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ Гардоншо Алишер Меҳробшо

  1. Шоисматуллоев Ш., Мирзода Ф.С., Гардоншо А.М. Механизмҳои асосии ташаккули ҳувияти аҳолӣ дар Тоҷикистон / Ш. Шоисматуллоев, Ф.С. Мирзода, А.М. Гардоншо. – Душанбе, 2025. – 200 с.

Маълумот барои тамос:

Телефон: (+992) 550 10 35 10.

Суроғаи электронӣ (e-mail): gmalisher@gmail.com

Шоисматуллоев Азиза Азатшоевна

2123242Ному насаб: Шоисматуллоев Азиза Азатшоевна

Вазифа: лаборанти калони шуъбаи сотсиология

Дараҷа ва унвони илмӣ: надорад

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Азиза Шоисматуллоева соли 2010 факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси сотсиология хатм намудааст. Аз соли 2010 то соли 2017 ҳамчун ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур фаъолият намудааст.

Солҳои 2021–2024 дар ширкати “Таҳлил ва Машварат” (Z Analytics group) ба ҳайси мутахассиси тафтиши корҳои саҳроӣ фаъолият намудааст, ки дар он ҷараён масъулияти санҷиш, ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани мусоҳибаҳои сотсиологӣ, инчунин ҷамъоварии иттилооти саҳроиро ба дӯш дошт.

Аз моҳи марти соли 2024 то имрӯз дар шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҳамчун лаборанти калони шуъба фаъолият мекунад. Дар доираи фаъолияти худ, дар тайёр кардани маводҳои ибтидоӣ, саҳмгузор аст.

Маълумот барои тамос:

Телефон: (+992) 93 383 4535

 

3123123