Skip to main content

ТАЪРИХИ ШУЪБАИ МАСОИЛИ СИЁСИИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН


          Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (ИФСҲ-и АМИТ) тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 бо роҳи муттаҳид кардани Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти фалсафа, сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Муассисаҳои илмии мазкур солҳои зиёд бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ касб намудаанд. Пас аз муттаҳид шудани институтҳои болозикр Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинова низ фаъолияти хешро дар ин ҷода идома дода, ҷалби мутахассисони ҷавон, нашри монографияҳо, мақолаҳои мубрами илмӣ, баргузории конфронсҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин таблиғи донишҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро боз ҳам густурдатар ба роҳ мондааст.

Соли 2017 бо қарори Шӯрои олимони Институт (суратҷаласа 4 аз 27 апрели соли 2017) бахши масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ба Шуъбаи масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйир дода шуд.

Дар тӯли фаъолияти хеш Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, солҳои 2018-2022 лоиҳаи тадқиқотиро дар мавзӯи «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо радикализми сиёсӣ, ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ» ба анҷом расонидааст. Айни замон дар шуъба лоиҳаи «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар институтҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамчун омили рушди устувор ва амнияти миллии он» мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар шуъба 2 доктори илмҳои сиёсӣ, 1 доктори илмҳои фалсафа, 3 номзади илмҳои сиёсӣ ва дигар кормандони илмӣ фаъолият намуда, дар давраи гузашта ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

• Мудири шуъба – Бедилзода Ҳусайн, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

• Сарходими илмӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

• Ходими пешбари илмӣ Қувватзода Сайдулло, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.

• Ходими пешбари илмӣ Саидов Нуралӣ, номзади илмҳои фалсафа.

• Ходими калони илмӣ — Сангинов Нарзулло, номзади илмҳои сиёсӣ.

• Ходими калони илмй — Саидова Фазилат, номзади илмҳои сиёсӣ.

• Ходими илмӣ — Шозедов Хуршед

• Ходими илмӣ Зиёзода Нодир

• Ходими хурди илмӣ Маҳмадова Фарзона Абдураҳмоновна

• Лаборанти калон — Мамадназарова Азима

Айни замон самти асосии фаъолияти Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ - омӯзиш ва муайян кардани омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин заминаҳои рушди равандҳо ва институтҳои ҳамгироии минтақавӣ, омӯзиши таҷриба ва мушкилоти бунёди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои иштирокчии равандҳои Авруосиё оид ба масъалаҳои рушди минтақавии ҳамгироии ниҳодҳои давлатӣ ва омили устувори амнияти миллӣ мебошад.

Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи амалии лоиҳаҳои илмӣ таҷрибаи кофӣ дошта, барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур иқтидори зеҳнии мувофиқ дорад.


Ҳайати кормандони Шуъба:

Бедилзода Ҳусайн Кабут

123123

13-уми сентябри соли 1969 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаи умумиро дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии 10-и ноҳия Восеъ гирифтааст. Аз соли 1986 то соли 1987 дар МПМК ноҳия Восеъ ба ҳайси сохтмончӣ фаъолият кардааст. Адои хизмати низомиашон дар Федератсияи Россия ба солҳои 1988-1989 рост меояд.  Аз соли 1987 то соли 1990 донишҷуйи Донишкадаи политехникии шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек) буданд. Соли 1991 ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷураев (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) қабул гардида, соли 1996 онро бо мувафақият хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба ҳайси аспиранти аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷураев дохил шуда, баъди хатми аспирантура соли 1998 масъул оид ба гурӯҳҳои шартномавии донишгоҳ таъин шуда, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то соли 2007 ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ фаъолияти педагогӣ мебарад. Соли 2007  ба вазифаи муаллими калони кафедра мушараф гардида, худи ҳамон сол рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Инкишофи муносибатҳои миллӣ дар раванди демократикунонии ҷомеа (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ҳимоя мекунад. Соли 2012 аз тариқи озмун ба вазифаи дотсенти кафедра аз руйи ихтисос гузашта, дар кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ ба фаъолияти педагогӣ машғул мешавад.

Дар солҳои минбаъда собиқаи кории Ҳусайн Бедилзода чунин аст: - Солҳои 2010 -2011 ҷонишини раиси хадамоти сифати таҳсилоти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ;

Солҳои 2011-2012 мудири шӯъбаи тайёрӣ ва репетитории ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

Солҳои 2012-2013 ҷонишини директори Маркази такмили ихтисоси кормандони ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

Солҳои 2013-2014 ҷонишини декани факултети иқтисодиёт ва идоракунии маориф оид ба корҳои таълим;

Солҳои 2014 -2015 дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

Солҳои 2016 -2017 сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

Соли 2017 - 2021 мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

Соли 2021-2022 дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ:

Соли 2022-2024 - мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Соли 2024 – мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – то ҳол.

Акбаршо Искандаров

5555Мудири Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ

Ному насаб: Акбаршо Искандаров

Вазифа: Мудири Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: Доктори илмҳои сиёсӣ

Таҳсилот: Хатмкардаи техникуми политехникии ш. Душанбе (с.1973), факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (с. 1979), Мактаби олии ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шўравӣ дар ш. Тошканд (с. 1989).

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Муаллифи зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ доир ба масъалаҳои муносибатҳои байналмиллалӣ, равандҳои ҳамгироӣ, сиёсати хориҷии давлат, таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, амнияти минтақаи Осиёи Миёна ва ғайра мебошад. Монографияҳои «Государства  Центральной Азии в интеграционных процессах» (с.2007), «Интеграция в Центральной Азии: политические аспекты» (с.2007), китобҳои «Родники дружбы», «Записки посла»-ро ба табъ расондааст.

Телефон барои тамос: +(992) 227-11-34

Суроғаи электронӣ: aiskandarov@ifppanrt.tj

Юсуфҷонов Фаридун Муҳаммадиевич

555Ходими калони илмӣ

Ному насаб: Юсуфҷонов Фаридун Муҳаммадиевич

Вазифа: Ходими калони илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: Номзади илмҳои сиёсӣ

Таҳсилот: Соли 1998 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 2007-2010 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи Калифорнияи шаҳри Беркли таҳсил кардааст. Соли 2018 рисолаи диссертатсиониро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ дар мавзўи «Место и роль Таджикистана в системе современных международных отношений» аз рўи ихтисоси «23.00.04 – масоили сиёсии муносибатҳои байналмиллалӣ, рушди глобалӣ ва минтақавӣ» ҳимоя кардааст.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ доир ба масъалаҳои моҳият ва ташаккули сиёсати хориҷии давлат, равандҳои ҳамгироӣ, таҳдид ва чолишҳои байналмилалӣ мебошад. Монографияи «Таджикистан в системе международных отношений»-ро соли 2020 ба табъ расондааст.

Телефон барои тамос: +(992) 227-11-34

 Суроғаи электронӣ: fyusufjonov@ifppanrt.tj

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна

454564Ходими илмӣ

Ному насаб: Дороншоева Некбахт Шоқосумовна

Вазифа: Ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмиллалӣ

Таҳсилот: Соли 2006 факултаи фалсафаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 2007-2010 таҳсилоти аспирантураро дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расондааст. Солҳои 2014-2015 дар факултети сиёсатшиносӣ ва журналистикаи Донишгоҳи ба номи Адам Мицкевича дар ш. Познан таҳсил кардааст.  Соли 2020 дар арафаи дифои рисолаи диссертатсиони барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ дар мавзўи «Основные направления и перспективы развития взаимоотношений Таджикистана и США» аз рўи ихтисоси «23.00.04 – масоили сиёсии муносибатҳои байналмиллалӣ, рушди глобалӣ ва минтақавӣ» қарор дорад.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ доир ба муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА мебошад.
Телефон барои тамос: +(992) 227-11-34
Суроғаи электронӣ: info@ifppanrt.tj

 

3123123