ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БА МУНОСИБАТИ ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 20
Ҳамватанони азиз!
Бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва самимияти беандоза ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати қабули қатъномаи таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ва фарорасии ҷашни муқаддасу сарнавиштсози Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният мегӯям.
Қабули ин қатъномаи муҳим дар арсаи байналмилалӣ далели равшани эътирофи сиёсати сулҳпарварона, ташаббусҳои инсондӯстона ва мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ мебошад. Ин дастоварди муҳими дипломатӣ бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳхоҳ ва ташаббускор таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ нақши муассир ва обрӯманд дорад.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта ниёз дорад. Дар чунин шароит пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ аҳаммияти хосаи сиёсиву ахлоқӣ дошта, ҷомеаи байналмилалиро ба таҳкими фарҳанги сулҳ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамкории давлатҳо ва пешгирии низоъҳо раҳнамун месозад.
Барои ҷомеаи илмӣ, бахусус олимону муҳаққиқони Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ арзишҳои сулҳ, ваҳдат, адолат, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ на танҳо самти таҳқиқоти илмӣ, балки рукнҳои асосии рушди устувори давлат, ҷомеа ва таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб мераванд. Мо вазифадорем, ки бо таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, тарбияи насли соҳибилму соҳибмаърифат, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳанги сиёсӣ ва худшиносии миллӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, рамзи пирӯзии хиради миллӣ, иродаи қавии мардум, сулҳу оштӣ ва оғози марҳилаи нави давлатсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик на танҳо як санаи таърихӣ, балки мактаби бузурги худшиносӣ, ҳамбастагӣ ва кафили рушди устувору пешрафти давлат аст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имрӯз ҳамчун намунаи муваффақ дар арсаи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагӣ, меҳнати содиқона, илму маърифат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавонем Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта ва мақоми онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар намоем.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба тамоми сокинони Тоҷикистони азиз саломатии комил, рӯзгори осуда, саодати хонадон, иқболи нек, дастовардҳои нави илмиву меҳнатӣ, баракати зиндагӣ ва муваффақиятҳои беназирро орзумандам. Бигзор дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони азиз ҳамеша сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву ҳамдилӣ ва суботи сиёсӣ пойдору ҷовидон бошад.
Орзу менамоям, ки таҳти сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари маҳбубамон боз ҳам ободу шукуфон гардида, наслҳои имрӯзаву оянда дар фазои амну осоиш ва ваҳдати комил зиндагӣ ва фаъолият намоянд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз ҳамеша поянда бод!
