Skip to main content

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК!

Муҳаққиқону омӯзгорони гиромӣ!
Рӯзноманигорону аҳли қалам!
Ҳамватанони муҳтарам!

Бо камоли эҳтирому қадршиносӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни муҳими фарҳангиву маънавӣ Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрику таҳният менамоям.

123Матбуот яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаи муосир ба шумор рафта, дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои волои инсонӣ ва густариши маърифат нақши басо муҳим дорад.

Рӯзноманигорон ва аҳли қалам бо заҳмати шабонарӯзии худ воқеияти рӯзгорро инъикос намуда, ҷомеаро бо ахбори дақиқу боэътимод таъмин мекунанд ва дар рушди тафаккури ҷамъиятӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол матбуот ҳамчун воситаи муҳими иттилоотӣ ва фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир дорад.

Маҳз тавассути фаъолияти масъулиятноки рӯзноманигорон арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлол ва талошҳои созандаи давлату ҷомеа ба мардум расонида мешаванд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, матбуот ва воситаҳои ахбори омма бояд ҳамеша дар хизмати ҳақиқат, рушди ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ қарор дошта бошанд. Ин масъулияти бузург аз аҳли қалам талаб менамояд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулият ва садоқат ба касби худ фаъолият намоянд.

Боиси ифтихор аст, ки намояндагони матбуоти тоҷик бо қалами бурро, андешаи созанда ва мавқеи шаҳрвандии худ дар тарғиби илму маърифат, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ саҳми назаррас доранд.

Фаъолияти онҳо дар инъикоси дастовардҳои илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, инчунин дар таҳкими робитаи ҷомеа бо муҳаққиқону аҳли илму фарҳанг нақши муҳим мебозад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи рӯзноманигорон, муҳаррирон, кормандони нашрияҳо, инчунин кулли намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, неруи тоза, қалами бурро, илҳоми эҷодӣ ва комёбиҳои нав дар фаъолияти пурмасъулият орзумандам.

Бигзор матбуоти тоҷик ҳамеша оинаи ҳақиқат, минбари андешаи солим ва василаи таҳкими маърифату худшиносии ҷомеа бошад.

Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бод!


Бо камоли эҳтиром,
Директор, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123