Skip to main content

СЕМИНАРИ ИЛМӢ–АМАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

Имрӯз 26 сентябри соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ–амалӣ зери унвони «Тоҷикистони соҳибистиқлол амнтарин кишвари ҷаҳон» баргузор гардид.

Дар кори семинар ҳайати илмӣ, устодон ва муҳаққиқон ширкат варзиданд. Семинар бахшида шуда буд, ба ҷойгоҳи баланд касб намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии амният ва бехатарӣ миёни кишварҳои ҷаҳон.

Семинар бо суханронии ифтитоҳии директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод оғоз гардид. Номбурда зимни суханронии худ аз аҳамияти мавзӯи баргузории семинар ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки амният ва бехатарӣ аз муҳимтарин омилҳои рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад. Инчунин қайд намуданд, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати амн ва босубот муаррифӣ мегардад.

Ходими пешбари илмии шуъбаи сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент Сафарализода Х.Қ. дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон амнтарин кишвар дар ҷаҳон» маърӯза намуда, зикр намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз ба яке аз амнтарин кишвари ҷаҳон табдил ёфтааст.

Дар муҳокимаву мулоҳизаҳо иштирокчиён бар он таъкид карданд, ки амнияту суботи сиёсӣ дастоварди бузурги давлати соҳибистиқлол аст, ки рушди устувори давлат, ҷомеа ва фардро таъмин менамояд.

Хулоса семинари илмӣ–амалӣ бори дигар собит сохт, ки маҳз дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоламон амнтарин кишвари ҷаҳон шинохта шавад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123