Skip to main content

Семинари илмӣ. ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ЧУН ОМИЛИ ДИГАРГУНИҲОИ ЗЕҲНӢ (МАЪРИФАТӢ) ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Кафедраи фалсафаи Раёсати тайёр кардани кадрњои илмии АМИТ дар таърихи 13 феврали соли 2026 семинари илмӣ-методологиро зери унвони “Шабакаҳои иҷтимоӣ чун омили дигаргуниҳои зеҳнӣ (маърифатӣ) дар замони муосир” баргузор намуд.

Дар семинар Шарифзода С.С. – сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих бо маърӯзаи илмӣ баромад намуд.

Мавзӯъҳое, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, асосан иборат буданд, аз: мафҳум ва моҳияти шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташаккули маърифат ва дониш, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккур ва шуури инсон, паёмадҳои мусбат ва манфии шабакаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва тафаккури интиқодӣ, ҷавонон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун гурӯҳи осебпазир, масъалаи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғ.

Дар семинар саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифт. Дар музокира устодон Мирзоев ­Ғ.. Аҳмадзода Ф., Ҷабборов Ф. ва дигарон баромад намуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123