Skip to main content

ТАҶАССУМИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ ДАР СИМОИ УНВОНҶӮИ СОҲИБАНДЕША

Раёсати Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо эҳсоси самимии ифтихор ва қадршиносии баланд унвонҷӯи шӯъбаи сиёсатшиносии Институт Нусратова Шаҳнозаро ба муносибати иштироки фаъолона, муаррифии сатҳи баланди донишу маърифат ва ба даст овардани натиҷаҳои шоиста дар озмуни ҷумҳуриявии “Ману китоб” самимона табрик ва таҳният менамояд.

Муваффақияти Шумо дар ин озмуни бонуфуз далели равшани фарҳанги волои китобдӯстӣ, ҷаҳонбинии фарох, масъулияти баланди илмӣ ва садоқат ба арзишҳои маънавию маърифатӣ мебошад.

Иштироки фаъолона дар чунин ташаббуси муҳими фарҳангӣ на танҳо дастоварди инфиродӣ, балки нишонаи нуфузи мактаби илмии институт ва намунаи ибрат барои ҷавонон ва муҳаққиқони ҷавон ба ҳисоб меравад.

Озмуни “Ману китоб” ҳамчун минбари муҳимми маърифатпарварӣ дар тарғиби анъанаҳои неки мутолиа, таҳкими худшиносии миллӣ, парвариши тафаккури интиқодӣ ва ташаккули шахсияти соҳибандеша нақши муассир дорад.
Маҳз тавассути чунин иқдомҳо фазои фарҳангии ҷомеа ғанӣ гардида, заминаи ташаккули насли наврасу ҷавони дорои тафаккури илмӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷаҳонбинии созанда фароҳам оварда мешавад.

Итминон дорем, ки ин дастоварди арзанда барои Шумо қадами устувор дар масири камолоти илмӣ ва такмили маҳорати таҳқиқотӣ буда, дар оянда барои татбиқи ғояҳои навоварона, рушди андешаи сиёсӣ ва ҳимояи рисолаи илмӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Бовар дорем, ки фаъолияти минбаъдаи Шумо бо рӯҳияи эҷодкорӣ, талошҳои пайгиронаи илмӣ ва садоқат ба рисолати муҳаққиқӣ идома ёфта, ба рушди соҳаи сиёсатшиносӣ ва таҳкими муҳити маърифатии ҷомеа саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Бо таманниёти беҳтарин сиҳатмандии бардавом, илҳоми эҷодӣ, матонати илмӣ, устуворӣ дар роҳи донишандӯзӣ, муваффақиятҳои назаррас дар фаъолияти таҳқиқотӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди маърифат, ки мояи ифтихори институт ва ҷомеаи илмӣ хоҳанд гардид.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123