ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ТАШАББУСИ НАВБАТИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз 30.06.2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027–2036) семинари илмӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд иштирок намуда, оид ба аҳамияти таърихиву сиёсӣ ва байналмилалии қатъномаи мазкур суханронӣ кард.
Зикр гардид, ки қабули ин санади муҳим бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бозгӯи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳпарварона ва созандаи кишвари мост.
Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзачиён масъалаҳои марбут ба нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, густариши фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки қатъномаи мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон буда, барои таҳкими муколамаи тамаддунҳо, эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иштирокдорони семинар изҳор доштанд, ки қабули «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» далели равшани болоравии нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, саҳми кишварро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ ва амният боз ҳам муассир мегардонад.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки ҷомеаи илмии кишвар, аз ҷумла Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, минбаъд низ бо баргузории ҳамоишҳои илмӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ дар тавзеҳу тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои волои сулҳу ҳамзистии осоишта саҳми арзандаи худро мегузорад.
