Skip to main content

ТАМОЮЛОТИ АСОСИИ ТАҲҚИҚОТИ ОНТОЛОГИЮ ГНОСЕОЛОГӢ ДАР ФАЛСАФАИ АСРИМИЁНАГИИ ТОҶИК

Имрӯз 21.04.2025, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Тамоюлоти асосии таҳқиқоти онтологию гносеологӣ дар фалсафаи асримиёнагии тоҷик» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии масъалаҳои муҳими онтология ва гносеология дар фалсафаи асримиёнагии тоҷик, таҳлили дидгоҳҳои илмӣ доир ба масъалаҳои ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ, инчунин муайян намудани равандҳои нави таҳқиқоти фалсафӣ дар ин самт ба ҳисоб мерафт.

Конференсияро муовини директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ифтитоҳ намуда, дар сухани ифтитоҳии худ аҳамияти таҳқиқоти онтологӣ ва гносеологиро дар рушди афкори фалсафии муосир муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идомаи конференсия олимону муҳаққиқон бо маърузаҳои илмӣ доир ба масъалаҳои мубрами фалсафа баромад карданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои фалсафа, профессор Сайфуллоев Н.М. дар мавзуи «Андешаҳои онтологӣ ва гносеологии Ибни Сино ва нақши онҳо дар ташаккули тафаккури илмӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик» маъруза намуда, ба аҳамияти мероси фалсафии Ибни Сино дар рушди афкори маърифатшиносӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, дотсент Усмонова З.М. дар мавзуи «Онтологические вопросы самости и разума в средневековых мусульманских учениях о сотворении человека», профессор Шамолов А.А. дар мавзуи «Назарияи маърифат дар афкори фалсафии Мотуридӣ», инчунин дигар муҳаққиқон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки таҳқиқоти онтологию гносеологӣ дар шароити муосир барои дарки амиқи равандҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва илмӣ аҳамияти хос дошта, метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа саҳми назаррас гузорад.

Дар анҷоми конференсия иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳои илмиро барои густариши таҳқиқоти фалсафӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ ва рушди андешаи миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123