ТАНҲО ҚАҲРАМОН МЕТАВОНАД БА ҚАДРИ ҚАҲРАМОН БИРАСАД (Эссе)
Баъзе лаҳзаҳо дар таърихи миллатҳо танҳо як рӯйдоди сиёсӣ нестанд, балки оинаи виҷдон, эҳтиром ва худшиносии миллӣ мебошанд. Маҳз ҳамин нуқта таваҷҷуҳи маро дар маросими таърихие ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омад ҷалб намуд ва воқеан як лаҳзаи дурахшанда аст барои миллати мо.
Маросими истиқболи мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳанги миллӣ Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ, ки дар он ҷилваи оинаи виҷдон ва арҷгузорӣ ба худшиносии миллӣ аст, ба шумор меравад. Ин ҳодиса на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси миллат мебошад.
Вақте миллат ба гузаштаи худ эҳтиром мегузорад, дар асл ба ояндаи худ рӯшанӣ мебахшад. Манзараи дар фурудгоҳ истиқболи хоки қаҳрамонон, онҳое ки дар шакл гирифтани миллати мо заҳмати арзанда кашидаанд аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, вуруди нурҳои дурахшонеро мемонад, ки ояндаи моро равшан нигоҳ медоранд. Зеро таърих танҳо саҳифаҳои китоб нест, балки таърих сарнавишт, дард, мубориза ва ормонҳои мардумест, ки барои ҳастии миллат ҷоннисорӣ кардаанд.
Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи шахсиятҳое буданд, ки барои бедории фикри миллӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон хизмати бузург анҷом доданд. Номи онҳо танҳо дар таърих не, балки дар виҷдони мардум ҷой дорад.
Истиқболи хоки ин фарзандони миллат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо як иқдоми расмӣ нест. Дар ин амал пеш аз ҳама эҳтироми инсонӣ, қадршиносӣ ва пос доштани хотираи фарзандони содиқи миллат эҳсос мешавад. На ҳар кас метавонад арзиши қаҳрамонро дарк кунад. Барои эҳтиром ба чунин шахсиятҳо, инсон худ бояд дорои рӯҳи бузург, виҷдони бедор ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ бошад. Аз ҳамин ҷост, ки мегӯянд: "танҳо қаҳрамон метавонад ба қадри қаҳрамон бирасад".
Ин рӯйдод бори дигар нишон дод, ки миллате, ки гузаштаашро пос медорад, ҳеҷ гоҳ гумном намемонад. Арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат танҳо эҳтиром ба чанд шахсият нест, балки ин эҳтиром ба таърих, ба фарҳанг ва ба ҳастии миллат аст. Чунки миллат миллат бо хотираи таърихии худ зинда мемонад.
Имрӯз ҳар як ҷавони тоҷик бояд дарк намояд, ки оромии Ватан, соҳибдавлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Пушти ҳар дастоварди миллат ранҷ, мубориза ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқи он истодааст. Аз ин рӯ, пос доштани номи чунин абармардон вазифаи танҳо давлат набуда, балки рисолати ҳар фарди бедордили ҷомеа мебошад.
Борҳо таърих исбот кардааст, ки қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд. Онҳо дар хотираи миллат, дар саҳифаҳои таърих ва дар қалби мардум зиндагӣ мекунанд. Ва рӯзе, ки миллат фарзандони худро бо чунин эҳтиром ба ёд меорад, ҳамон рӯз виҷдони миллӣ зинда будани худро исбот мекунад.
Ситора АБДУМУМИНЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ. Корманди ИФС ба номи
А. Баҳоваддинови АМИТ.
