Ҳуқуқи мукофотдиҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: расмиёти маъмурӣ марбут ба мукофот
- Ҷумъа, Май 27 2022
- Навидҳо
Дар моҳи апрели соли 2022 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Иброҳимов Солеҳҷон таҳти унвони “Ҳуқуқи мукофотдиҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: расмиёти маъмурӣ марбут ба мукофот ” ба нашр расид.
Монографияи мазкур ба ҳуқуқи мукофтдиҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, қисми мурофиавӣ-расмиётии пешбурди фаъолияти мақомоти давлатӣ марбут ба мукофотдиҳӣ дар бар мегирад.
Китоби зикргардида барои истифода дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ,бахусус ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Межрелигиозная и внутри-религиозная толерантность в таджикистанском обществе (исторические и теоретические аспекты, реалии и освящение в СМИ)
- Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон (дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
- Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи оилавӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон
- Маърифати ҳуқуқӣ - омили тақвияти тартиботи ҳуқуқи ва қонуният
- Муносибатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Точикистон бо Ҷумхурии Узбекистон дар замони имруза