Нусхаи чопи
   Дар моҳи   апрели   соли  2022  дар  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи   миллии илмҳои Тоҷикистон  китоби мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии  институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Иброҳимов Солеҳҷон таҳти унвони   “Ҳуқуқи мукофотдиҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: расмиёти маъмурӣ марбут ба мукофот ”  ба нашр расид.
   Монографияи мазкур  ба ҳуқуқи мукофтдиҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, қисми мурофиавӣ-расмиётии пешбурди фаъолияти мақомоти давлатӣ марбут ба мукофотдиҳӣ дар бар мегирад.
   Китоби зикргардида  барои истифода дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ,бахусус ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.