Нусхаи чопи
   Мувофиқи Амри Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оиди   сафари хизматӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар муддати рӯзҳои аз 27 май то 01 июни 2022 як гурӯҳ аз ҷумлаи роҳбарият ва кормандони илмии муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Нематов Акмал - муовини Саркотиби илмии АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, Ниёзӣ Ёрмахмад- директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осииё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, Ҳайдаров Рустам - муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа ва Партоев Қурбоналӣ-мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти институтҳои илмӣ-таҳқиқотии АМИТ, аз ҷумла Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров ва Институти биологии Помир ба номи Ю. Юсуфбекови АМИТ, инчунин ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ сафарбар гардидаанд.
  Сафари хизматии командони АМИТ аз дидани Боғи ботаникии Помир оғоз гардида, дар ин сафар директори Институти биологии Помир, номзади илмхои биологӣ Гулнора Хуҷамзод гурӯҳи кориро ҳамроҳи намуданд. Бояд тазаккур дод, ки Боғи ботаникии Помир дар баландии 2320 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, масоҳати он бештар аз 45 га-ро ташкил медиҳад. Дар ин боғ бештар аз 4000 намуду намунаҳои нодири дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гиёҳҳои табобатӣ, сабзавотиҳо, ғалладонагиҳо ва ғайраҳо парвариш меёбанд. Инчунин,  дар назди Боғи ботаникии Помир осорхона фааъолият менамояд, ки дар он ҷо экспонатҳои гуногун аз давраҳои оғоз гаштани корҳои илмӣ дар ин ҷо гирд оварда шудаанд. Бояд қайд намуд, ки оғози корҳои илмӣ дар ин Боғ ҳанӯз аз солҳои 1930-1940-уми асри гузашта бо роҳбарии олими шинохта А.Гурский ва дигарон оғоз гашта будаанд. Дар осорхона бо экспонатҳои гуногуни ғаладонагиҳо, дарахтони сояафкану мевадиҳанда, гиёҳҳои табобатӣ ва намудҳои гуногуни ҳайвоноти кӯҳӣ шиносоӣ пайдо кардан мумкин аст.  


Дар солҳои 50-уми асри гузашта дар як гӯшаи Боғи ботаникии Помир 15 дона сафедорро ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои СССР аз 15 ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистӣ  шинонда буданд, ки онҳо то кунун месабзанд. Ҳоло баланидии онҳо ба бештар аз 50 метр мерасад ва таҷассумгари дӯстии халқҳо мебошанд ва ба бинанда ҳаловат мебахшанду рамзи «ҳамзистӣ»-ро таҷассум менамоянд.

  Аз тамошои ин дарахтони анбӯҳи сафедорони «ҳамзист» мо хело хурсанд гаштем ва пешниҳод карда шуд, ки соли оянда дар моҳи апрел месазад, ки як гурӯҳ олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз қабили намояндагони вилояту шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишварамон ба Боғи ботаникии Помир ташриф оварда, дар боғ сафедорҳоро якҷо шинонанд ва барои наслҳои оянда рамзи абадияти дӯстии мардуми кишварамонро дар ин боғ хотирмон гардонанд.   

Сӯҳбат дар Боғи ботаникии Помир бо директори Институти биологии Помири АМИТ  Гулнора Хуҷамзод, 29.05.2022 

  Рафти омӯзиши фаъолияти  Институти биологии Помир ба номи Ю. Юсуфбекови АМИТ нишон дод, ки дар муддати 5 моҳи соли равон аз тарафи кормандони илмӣ бештар аз 20 мақолаҳои илмию оммавӣ чоп гардиданд. Рисолаҳои илмии 3 нафар олимони ҷавон барои ҳимоя омода мебошанд.

  Санаи  30.05.2022 фаъолияти гурӯҳи корӣ аз вохӯрӣ бо Раиси Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ оғоз гардида, дар вохӯрӣ самтҳои минбаъдаи рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, фарҳанг, маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз омадани олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минатдориашонро баён намуда, доир ба вохӯриҳои мо бо мардум маслиҳатҳо ва нақшаи кориро фаҳмонданд. Зимни ин, изҳор намуданд, ки бояд мардумро ба худогоҳии миллӣ, созандагӣ, дӯстиву ҳамдилӣ ва якпорчагии кишварамон  равона намуд. 

Суҳбати аъзоёни гурӯҳи кории АМИТ- Нематов А., Ниёзӣ Ё., Ҳайдаров Р., Партоев Қ.   бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот А.Х., 30.05.2022.

Мувофиқи нақшаи корӣ рӯзи 30.05.2022 гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии кормандони илмӣ ва мутахассисони Институти биологии Помири ба номи Х. Юсуфбеков ва Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров вохӯрӣ гузарониданд. Дар вохӯрӣ бештар аз 100 нафар кормандони илмии ин Институтҳо  ширкат варзиданд. Дар ин вохӯриҳо аъзоёни гурӯҳи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нематов А., Ниёзӣ Ё., Ҳайдаров Р., Партоев Қ. баромад намуда, доир ба вазъият дар ҷаҳони муосир ва таъсири он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.

Вохӯриҳо бо кормандони илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик  Баҳодур Искандаров  (аз чап) ва Институти биологии Помири ба номи академик Х. Юсуфбеков (аз рост), 30.05.2022.

 

Дар ин вохӯриҳо ходими илмии Институти биологии Помир Боймадов Қаноатшо ва мудири шуъбаи этнографияи Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров Шоинбеков Аловиддин баромад намуда, тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмии олимонро дар оянда қайд намуданд.

Сӯҳбатҳо бо ходимони илмӣ дар маҷлисгоҳи Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодуров Искандаров, 30.05.2022 

Ҳамон рӯз гурӯҳи корӣ инчунин бо устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғи ба номи Моёншо Назаршоев вохури баргузор намуданд, ки дар он бештар аз 100 нафар устодони Донишгоҳ хузӯр доштанд. Дар ин Донишгоҳ бештар аз 321 муаллимон ба бештар аз 3230 нафар донишҷӯён аз фанҳои гуногун сабақ меомӯзанд.

Аъзои гурӯҳи кории АМИТ-ро ректори Донишгоҳи давлатии Хорӯғ доктори илмҳои физикаву математика Юсуфзода Гулзорхон хайрамақдам гуфтанд. Дар ин вохӯрӣ  олимони АМИТ Нематов А., Ниёзӣ Ё., Ҳайдаров Р., Партоев Қ. баромад намуда, зарурати  мустаҳкам намудани сулҳу суботро дар кишвар таъкид намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ бо омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ муовини раиси ВМКБ Асламшоева Нилуфар баромад намуда, ба аъзоёни гурӯҳи кории АМИТ миннатдории хешро баён намуданд.

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хорӯғ ба номи Моёншо Наврӯшоев, 30.05.2022.

Ҳамон рӯз аъзоёни гурӯҳи кории АМИТ ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омада, бо фаъолияти Донишгоҳ ва шароити гузаронидани таълим ва раванди дарсҳо дар ин Донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.

Дар ин Донишгоҳ бештар аз 22 омӯзгори касбии байналмилалӣ ба бештар аз 120 нафар донишҷӯён таълим медиҳанд. Дар ин сафар ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гурӯҳи кориро муовини раиси ВМКБ Асламшоева Нилуфар ва директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик  Б. Искандаров Ҳоким Қаландариён хамроҳӣ намуданд.

Аъзоёни гурӯҳи кории АМИТ дар даромадгоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, 30.05.2022.

Вохӯрии аъзоёни гурӯҳи кории АМИТ – Нематов А., Ниёзӣ Ё., Ҳайдаров Р., Партоев Қ., Қаландариён Ҳ. ва муовини Раиси ноҳияи Роштқалъа Ниёзмаҳмадов Ф. бо сокинони ноҳияи Роштқалъа, 31.05.2022.


Рӯзи 31.05.2022 гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Роштқалъа сафар намуданд ва дар он ҷо ба бештар аз 100 нафар аҳолии ноҳия вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо гузарониданд.

Вохӯрии аъзоёни кории АМИТ дар ноҳияи Роштқалъа бисёр шавқовар гузашт ва дар он ҷо таклиф шуд, ки хатмкунандаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Амиршоева Софияро дар Инстиутути ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ дар соли 2023 ба ҳайси унвонҷӯй қабул карда шавад ва ӯ корҳои илмиро дар бахши омӯзиши коллексияи картошка ва гандум дар шароити ноҳияи Роштқалъа гузаронад. Дар ин вохӯрӣ муовини аввали раиси ноҳияи Роштқалъа Вафобек Ниёзмаҳмадов омадани олимони АМИТ-ро бисёр зарур дониста, миннатдории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъаро ба гурӯҳи корӣ баён намуданд.

Рӯзи 31.05.2022 гурӯҳи кории олимони АМИТ дар шаҳри Хоруғ ба бештар аз 120 нафар шаҳрвандон вохӯрӣ гузарониданд. Ин вохӯрии олимонро бо шаҳрвандони шаҳри Хорӯғ раиси шаҳри Хоруғ муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ кушода, миннатдории хешро ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ  доир ба ташкил намудани сафари олимон ба ВМКБ баён намуда, ба аъзоёни гурӯҳи корӣ сухан доданд. Дар ин вохӯрӣ олимон Нематов А., Ҳайдаров Р., Ниёзӣ Ё., Партоев Қ. ва Қаландариён Ҳ. баромад намуда, риояи талаботҳои қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди самаранок истифода бурдани захираҳои табии вилоят ва дастгирӣ намудан аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.        

Сӯҳбати аъзоёни гӯрӯҳи кории АМИТ бо Раиси шаҳри Хоруғ муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ  ва дар вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Хоруғ, 31.05.2022 .

Аъзоёни гурӯҳи кории АМИТ рӯзи 31.05.2022 инчунин вохӯрии судмандро бо намояндагони аҳолии ноҳияи Шуғнон гузарониданд. Дар аввал меҳмононро раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Ҷумъа Ҷумъазода қабул намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, миннатдории хешро ба олимони АМИТ изҳор намуданд.

 Аъзоёни гурӯҳи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Нематов А., Ниёзӣ Ё., Ҳайдаров Р. ва Партоев Қ.) дар бештар аз 5 вохӯриҳо дар назди кормандони илмии Институтҳои АМИТ дар Бадахшон, дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон, шаҳри Хоруғ ва дигар Донишкадаҳои ВМКБ бо бештар аз 700 нафар сокинон вохӯрӣ гузаронида, доир ба ҳамкориҳои илмӣ, якпорчагии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии тамоми мардуми кишварамон ва оиди ҷонибдории сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат намуданд.