casino malaysia
casino malaysia
Табрикот

wrapper

   Дар XVI - умин Озмуни байналмилалии корҳои илмӣ – таҳқиқотии «Илм ва истеъдод - 2022» ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ – Саидова Фазилатмо Сайдамировна барандаи диплом гардиданд.
  Бояд гуфт, ки озмун моҳи августи соли 2022 дар Федератсияи Русия аз рўи панҷ  самт гузаронида шуда ва бист бахши илмиро дарбар мегирифт. Дар бахши илмҳои сиёсӣ аз рўи номинатсияи «Беҳтарин кори илмӣ – таҳқиқотӣ» мавзўи таҳқиқотии Саидова Ф.С. зери унвони «Политическая риторика и особенности её проявления в процессе изменяющегося общества (опыт Таджикистана)», ҳамчун беҳтарин рисолаи илмӣ, сазовори ҷойи дуюм дониста шуд.
Роҳбарият ва ходимони  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва  ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддови АМИТ номзади илмҳои сиёсӣ Саидова Фазилатмо Сайдамировна-ро бо ин дастоварди илмӣ табрику таҳният менамояд ва бо ӯ  комёбиҳои нави илмӣ-эҷодӣ орзуманд аст.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia