Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 24 сентябри 2024 Конфронси илмӣ-амалиро дар мавзӯи: «Вазъ ва тамоюли рушди фалсафаи муосири тоҷик» (дар асоси фаъолияти илмӣ-амалии академик Кароматуло Олимов) баргузор менамояд.
Мақсади баргузории Конфронс баррасии илмӣ-методологии масъалаҳои мубрами фалсафа дар ҷаҳони муосир мебошад.
Дар Конфронс масъалаҳои зерин баррасӣ ва муқокима мешаванд:
- Масъалаҳои мубрами фалсафаи ҷаҳони муосир;
- Ҳолат ва самтҳои эҳтимолии рушди фалсафаи муосири тоҷик
- Фаъолияти илмӣ-назариявии академик К.Олимов
- Академик К.Олимов – родмарди майдони сиёсат, фарҳанг ва тамаддун
Талаботи умумӣ ба мақолаҳои илмии пешниҳодшаванда:
Ҳаҷми мақола бояд то 10 саҳифаи компютерӣ, иқтибосҳо дар охири матн оварда шаванд. Ному насаби муаллиф дар кунҷи болои тарафи рости саҳифа баъд аз номи мақола ҷойгир карда шавад. Андозаи ҳошия аз чап - 30 мм, рост – 10 мм, болоӣ – 20 мм, поёнӣ – 20 мм. Фосилаи байни сатрҳо 1. Кегл. 14. Шрифт Times New Roman (бо забонҳои русӣ ва англисӣ), Times New Roman Tj (бо забони тоҷикӣ), барномаи – Word
Забони кории конфронс: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ мебошад.
Мӯҳлати ниҳоии ирсоли мақолаҳо то 20 сентябри 2024 с.
Суроѓаи электронӣ ҷиҳати қабули мақолаҳо: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Масъулони тамос: Б.Каримова, М.Шамсов
Рақами телефон барои тамос: (+992) 221-07-28