Санаи 17 сентябри соли равон бо иштироки магистрон ва докторантони PhD - и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи "Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур олимону муҳаққиқон бо гузоришҳои илмии худ баромад намуданд. Чорабиниро директори Институти ФСҲ- и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа Н.Маҳмадизода оғоз намуда, ташкили чунин чорабиниҳоро барои муҳаққиқони ҷавон, ки дар зинаҳои магистратура ва докторантура ба пажӯҳиш машғуланд бисёр муфид арзёбӣ намуд.
Дар миззи мудаввар Зоир Ҷурахон Маҷидзода - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Неъматов Акмал - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Абдумуминзода Ситора - номзади илмҳои педагогӣ, доктор Башир Азиз бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар қисми музокирот магистрон ва докторантони PhD атрофи мавзуи мизи мудаввар баҳсҳо намуданд.