casino malaysia
casino malaysia
Баргузори конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Вазъ ва тамоюли рушди фалсафаи муосири тоҷик (дар асоси фаъолияти илмӣ-амалии академик Кароматуло Олимов)»

wrapper

Дар таърихи 24 сентябри соли 2024  бо ташаббуси Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ  Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Вазъ ва тамоюли рушди фалсафаи муосири тоҷик (дар асоси фаъолияти илмӣ-амалии академик Кароматуло Олимов)» баргузор гардид.
Дар Конференсия бо суханони ифтитоҳӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва д.и.ф., профессор, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Содиқӣ Н.Н. ва директори ИФСҲ АМИТ д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д. баромад намуданд.
Иштирокчиёни конференсия маърузаҳои Олимов К. – д.и.ф., профессор, академики АМИТ дар мавзуи “Фалсафаи замони истиқлол: дастовардҳо ва дурнамои таҳқиқот”, Музаффарӣ М. – д.и.ф., профессор, узви вобастаи АМИТ дар мавзуи “Доираи андешаву тарзи баён ҷилваҳои рафторанд” ва Мирзоев Ғ. – д.и.ф., мудири кафедраи фалсафаи Раёсати  АМИТ-ро дар мавзуи “Хирад гавҳари шаҳриёрон бувад” муҳокима ва баррасӣ намуданд.
Дар конференсия олимон, донишмандон ва меҳмонон аз бахшҳои гуногуни фаъолияти илмӣ-амалии академик Кароматулло Олимов сухан ронда, зарурати таҳқиқоти бунёдии масоили фалсафиро дар Тоҷикистон таъкид намуданд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки асарҳои мавсуф дар асоси дастовардҳои навтарини илмӣ, бо истифода аз методологияи муосири таҳқиқоти илмӣ таълиф гардида, аз ҷумла, як нигоҳи тозае ба тасаввуфи минтақа ва умуман ба таълимоти ирфонӣ дар Шарқ мебошанд. Академик Кароматулло Олимов асосан он ҷанбаҳои тасаввуфро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки дархӯри талаботи замони муосир мебошанд. Ҷанбаҳои манфии ин таълимоти фалсафию диниро низ ин олими шинохта ба хубӣ дарк мекунад ва аз ин рӯ изҳор доштааст, ки “ривоятҳову афсонапардозиҳои  иғроқомез  ва даъватҳо ба ҳаёти ғайрифаъол ва таваккули аз ҳад зиёд, ки дар мероси тасаввуфӣ ҷой доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ дархурди имрӯз намебошанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фаъол мусоидат намекунанд”.  Аз ин рӯ “мероси ирфонӣ барои тамаддуни муосир бо ақидаҳои сулҳофаринӣ, таҳаммулгароӣ ва бузургдошти қадру шарафи инсонӣ, қатъи назар аз мақоми иҷтимоӣ ва манзалати ӯ,  дорои аҳаммият ва қобили  истифода  мебошад”.
Дар баробари ин, аз ҷониби муҳаққиқон таъкид гардид, ки масъалаҳои сиёсат, замон, фарҳанг ва шахсият дар асарҳои академик Кароматулло Олимов ҷойгоҳи махсус дошта, муаллиф дар онҳо ба тари возеҳ қайд мекунанд, ки дар ҷомеа вуҷуди элитаи сиёсӣ ҳатмӣ буда, он бояд сарвари сиёсиро ба вуҷуд орад, то ки манфиатҳои худро ба воситаи ӯ таҳаққуқ бахшад. Устод Кароматулло Олимов одилона таъкид доштаанд, ки агар аз нуқтаи назари ба вуҷуд омадани элитаи сиёсӣ ва сарвари сиёсӣ таърих ва роҳи тай кардаи халқи тоҷикро пайгирӣ намоем, пас маълум мешавад, ки он басо душвор ва пур аз фоҷиаҳо буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳар давлату миллат ҳамеша ба Пешво ниёз дошта, дар даврони навини таърихи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мақомро сарбаландона ба дӯш доранд. Аз ин рӯ, Кароматулло Олимов Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти бузурги миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намуда, нақши эшонро дар эъмори ваҳдат ва таҳкими истиқлоли давлатӣ кушодаанд.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia