casino malaysia
casino malaysia
Конфронс дар мавзуӣ рушди илмҳои фалсафӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”(Бахшида ба 90-солагии академик М.Диноршоев)

wrapper

Рӯзи 22 –уми ноябри соли 2024 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи  А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии фалсафа” дар мавзӯи “Рушди илмҳои фалсафӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”(Бахшида ба 90-солагии академик М.Диноршоев), бо роҳбарии директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. баргузор гардид. Дар кори Конференсия  олимони шинохтаи тоҷик, ноиби президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон д.и.ф., профессор Саломиён М., д.и.ф, профессор, академик Олимов К., д.и.ф, профессор Содиқӣ Н.Н., д.и.с, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад А.Н., маърузачиён д.и.ф., узви вобастаи АМИТ Муҳаммадалӣ М., д.и.ф, Самиев Б.Ҷ., Доктор PhD Башир Азизӣ баромад намуданд.
Вобаста ба мавзуи конференсия д.и.ф, профессор Маҳмадизода Н.Д. изҳор намуд, ки чанд мулоҳизаи иҷмолие, ки дар атрофи фаъолиятномаи устод Мӯсо Диноршоев ироа доштем, муште аз хирвор аст. Зеро имрӯз вақти он расидааст, ки доир ба ин шахсияти фарҳангӣ таҳқиқоти мукаммалтареро анҷом диҳем. Азбаски осори сомондодаи ин зумра хирадмандон сирф илмист ва онон аз чакидаҳои пухта ва бикру ноб саршоранд, месазад, ки пиромунашон рисолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба нақша бигирем. Академик Олимов К., баён намуданд, ки академик Диноршоев М. ҳамчун муҳаққиқи таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик, кишварҳои ҳамсоя ва мамлакатҳои араб ва ҳамчунин масоили назарию методологии фалсафа – назарияи ҳастишиносӣ, маърифат, фалсафаи иҷтимоӣ, сиёсатшиносӣ ва мантиқ, муаллифи бештар аз 300 асари илмӣ аст. Истиқлолият ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон имкони бештареро баҳри таҳкиқу таҳлили осори ниёгон фароҳам овард. Ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ таъсири зиёде дар пешбурди ҳамаи паҳлӯҳои сохтори ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва бахусус илму маърифати ҷомеа гузошт.
Дар муҳокимаи маърӯзаҳо д.и.с. Муҳаммад А.Н. гуфт, ки саҳми Академик Мӯсо Диноршоев дар бедории мафкураи миллӣ хеле баланд аст. Ҳанӯз дар авҷи шукуфоии идеологияи Шӯравӣ, ӯ назди худ ҳадафи олии ба низоми муайян даровардани таърихи фалсафаи тоҷик ва афкори фалсафии намояндагони онро гузошта буд. Дар амалӣ шудани ин ҳадафи наҷиб бисёр талош варзида, чандин китобҳо ва садҳо мақолаҳо ва беш аз сад номгӯи тарҷумаву таҳрирҳо ва тафсиру тавзеҳҳое ба аҳли илм пешкаш намудааст, ки дар пешрафти фалсафаи муосири тоҷик мақоми хосса доранд.
Академик Мӯсо Диноршоев дар соҳаҳои мухталифи таърихи фалсафаи тоҷик ва намояндагони маъруфи он корҳои бунёдие эҷод намудаанд, ки дар таҳқиқоти муҳаққиқони минбаъда чун сарчашмаи муътамади илмӣ истифода мешаванд. Яке аз шохаҳои пурсамари фаъолияти илмии устод, ки аз ҷониби донишмандон ва алоқамандони фалсафа баҳои баланд касб кардааст. Инчунин Самиев Б.Ҷ. фармуд, ки машғул шудан ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ, таҳқиқ ва таҳлилу муқоиса кардани афкори ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мутафаккирони гузаштаи тоҷик шуғли дӯстдоштаи устод маҳсуб меёфт. Бинобар ин, пайваста талош мекарданд, ки дастхату сарчашмаҳо, китобҳои тозанашрро пайдо карда, ҳам мутолиа кунанд ва ҳам барои дастрас намудан ба шогирдон ва муштариёни китоб нусхаи онҳоро дар рафи китобхонаи худ маҳфуз нигоҳ дорнад. Аз ин рӯ, устоди гиромӣ на фақат худ соҳиби мутолиа, балки соҳиби китоб ва китобхона низ буданд.
Ҳамчунин дар муҳокимаи маърузаҳо д.и.ф. Ахмедов С.А., Муҳаммадсалом Махшулов ва д.и.т. Раҷабов Аскаралӣ ширкат доштанд.
Ҳамаи маърузачиёну баромадкунандагон саҳми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва бузргдошти донишмандону мутафаккирони тоҷик қайд намуда, пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи эшонро таъкид карданд.
 
 
Иҷрокунанда: мудири шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ, н.и.ф. Шамсов М.С.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia