Нусхаи чопи
 Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои соҳибистиқлолӣ буда, таҷассумгари фарҳанги баланд, хирад ва майли мардуми мо ба сулҳпарварӣ мебошад. Бо гузашти солҳо арзишу аҳамияти ин дастоварди бузург боз ҳам афзунтар мешавад. Ба шарофати ин дастовард ва рӯҳияи устувор халқи тоҷик тавонист соҳибихтиёрии кишвар, тамомияти арзии онро ҳифз намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид. Ваҳдат нурест, ки ба зулмоти шабистони ҷанги шаҳрванди ворид шуд ва роҳи раҳоии моро аз вартаи нобудӣ нишон дод. Ин нур ба сарзамини мо сулҳи деринтизори моро овард.
 Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро буҳрон фаро гирифта буд, вале ҳар роҳи раҳоӣ аз ин вазъияти душвору хатарнок муносибати оқилона ва дурандешонаро тақозо мекард. Бояд гуфт, ки халқи тоҷик барои расидан ба ваҳдати миллӣ озмоишҳои басо душвору сангинро пушти сар кард. Ба шарофати хирадмандие, ки аз қаъри асрҳо бармеояд, халқи мо ба ҷанги бародаркушии ғайричашмдошт хотима дод. Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рузи фируз моро лозим омад, ки роҳи тулонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.
  Бо шарофати хиради азалии миллати тоҷик ҷанги бародаркуши бемаънӣ хотима дода шуд, ки ин муҳимтарин саҳифаи таърихи имрузаи мост. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ваҳдати миллиро ҳифз ва қадр кунем, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, инчунин ҷавононро ба қадршиносӣ ва ҳифзи сарзамини худ равона созем.
Пас аз ба имзо расидани санади тақдирсоз 27 июни соли 1997 дар бораи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари мо бисёр чиз тағйир ёфт. Вақт дар як ҷо намеистад ва ҷамъияти мо бо суръат тараққӣ мекунад. Воқеан ҳам имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон  муҳимтарин ва муассиртарин омили  расидан ба ваҳдати миллӣ буд. Ваҳдате,  ки тайи бистшаш сол ҷомеаи мо марҳала ба марҳала онро тай карда истодааст. Тайи ин чанд сол ҷомеаи мо тавонистааст, ки дастовардҳои хотирмонеро  дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба ин чанд соли душвори бунёдкориву созандагӣ назар мекунем, мебинем, ки чи гуна давлати Тоҷикистон тавонистааст монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад.
Воқеан, мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.
 Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Бо шарофати сулҳу суботи комил Ҳукумати мамлакат ба рушду пешрафти тамоми шарҳу ноҳияҳои кишвар, хусусан, минтақаҳои дур¬дасти кӯҳистон эътибори аввалиндараҷа дода, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, инкишофи инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад.
  Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст ва дар ин азм устувор аст, эътимоди ҷиддӣ баст, уро ба узвияти хеш пазируфт ва тавассути созмону ниҳодҳои байналхалқӣ робитаи чандҷониба устувор кард.
  Имруз Тоҷикистон узви фаъоли беш аз даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад  ва дар ҳалли масоили умдаи минтақавиву байналмилалӣ саҳми худро мегузорад. Аз ҷумла иштирокчии фаъоли иттиҳодҳои ҳамгароии минтақавиву байналхалқӣ – ИДМ, СҲШ, САҲА, СҲИ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, СММ буда пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал намояд ва ҳамзамон барои рафъи хатароти имрузаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд.
  Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолият тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳоеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад. Ҷавонони мо фарзандони истиқлолият мебошанд, зеро онҳо дар канори истиқлолият ва ҳамроҳ бо озодиву соҳибихтиёрии ватанамон ба камол расидаанд.
  Ҷавонони имрӯза насле мебошанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба воя расидаанд, ки ғояҳои навоваронаи худро баҳри таҳкими сулҳу субот, рушди устуфори ҷамъиятию иқтисодии Ватани маҳбубамон амалӣ карда истодаанд. Натиҷаи фаъолияти навоваронаи онҳо имрўз аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сохторҳои давлатӣ тадриҷан эҳё, тақвият ёфта, дар фазои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ нақшаҳои азими миллӣ ва дарозмуддатро ба амал бароварда истодаанд.
  Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо дастгирии мардуми шарифу ҳимматбаланди кишварамон мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, ниятҳои неки оғозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои сокинони мамлакат зиндагии боз ҳам беҳтару шоистаро таъмин менамоем.
 
Қодирова Зулайхо
ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ