Ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ
- Панҷшанбе, Июн 20 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Соли 1991 давраи нави инкишофи таърихии давлатдории тоҷикон сар мешавад ва дар ҷомеаи навбунёди давлатӣ равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳотҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои нави миллӣ оғоз меёбанд. Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост меояд. Баъзе аз қувваҳо ва гурӯҳҳо аз ин вазъият истифода намуда, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат шуруъ намуданд. Вазъияти сиёсӣ ҳамчунон тезутунд гашта буд, ки ҳатто ба ном "ҳукумати мусолиҳаи миллӣ" имконияти таъмин намудани роҳбарии давлат ва ҷомеаро надошт. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд.
Хатарнокии вазъият дар он буд, ки қувваҳое, ки барои ғасб кардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекарданд, бо шиорҳои демократӣ баромад мекарданд, гарчанде ниятҳои аслиашон дур аз осоиштагӣ ва сохти конститутсионӣ буданд. Илова бар ин, халқи Тоҷикистон ба минтақаҳо, маҳалҳо ва миллатҳо тақсим гардид, ки ҳар кадоме манфиати худро аз манфиати умумимиллӣ афзалтар медонистанд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда буд, ки сабабҳои он дар мушкилоти барвақт бавуҷудомадаи сиёсӣ, хусусияти иқтисодӣ - иҷтимоӣ дошта, зиддиятҳои байни гурӯҳҳои алоҳидаи этникӣ, динӣ ва маҳаллӣ, ки бевосита аз хориҷи кишвар дастгирӣ меёфтанд ва барои бо роҳи зӯроварии мусалаҳона амалӣ намудани ниятҳои дурбинонаи худ ва мақсадҳои дигари сиёсӣ манфиатнок буданд, ниҳон гардида буд.
Сабабҳои сар задани муқовимати сиёсӣ, фалаҷ гардидани ҳокимияти даввлатӣ ба нестӣ омадани сохти Конститутсионии Тоҷикистон ба таври расмӣ ва аз нигоҳи таҳқиқоти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсатшиносӣ ба таври мукаммал дар китобҳо, маърӯзаҳо, суҳбатҳо ва баромадҳои Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Маҳз Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати ташаббускори асосии ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон баромад кардаанд. Чунки Ҷаноби Олӣ медонистанд, ки бе таъмини сулҳу салоҳ дар мамлакат бунёд намудани дигар созандагиҳо ѓайриимкон буд. Бинобар ин, Сарвари давлат тамоми ҳастии худро барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон бахшида буданд.
Бесабаб нест, ки бисёре аз мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ консепсияи ризоияти миллӣ ва оштии халқи Тоҷикистонро яке аз дастовардҳои нодире ҳисобиданд, ки таҷрибаи онро дар ҳалли муқовиматҳои сиёсӣ дар дигар давлатҳо истифода кардан мумкин аст.
Баъд аз муқовиматҳои зиёди мусалаҳона ва ҷанги бародаркуш, фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушода намуд. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб карда шуд.
Бо мақсади муътадил намудани вазъияти сиёсии Тоҷикистон ва барқарор намудани сулҳу амният аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони гурӯҳҳои силоҳбадаст муроҷиат намуда, то ки Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ наҷот диҳем.
Танҳо аз соли 1993, баъди аз фаъолияти Ҳукумати конститутсионӣ, ки амалиётҳои ҷангӣ коста мегардид, зарурати муросои миллӣ пеш омад ва аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва даври аввали гуфтушуниди байни тоҷикон баргузор гардид. Масъалаҳои асосии музокирот оид ба оташбас, гурезаҳо, муҳоҷирон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ буданд. Аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон даври дуюми гуфтушунид ба амал омад. Масъалаҳои асосии музокирот оташбаси муваққатӣ ба ҳисоб мерафт. Аз 20 октябр то 1 декабри соли соли 1994 даври сеюми музокирот дар шаҳри Исломобод, масъаларо дар бораи таъсиси комиссияи муштарак оид ба татбиқи созишномаи оташбас муҳокима намуд. Даври чоруми музокирот аз 22 май то 2 июни соли 1995 дар шаҳри Алма-Ато баргузор гардид, ки масъалаҳои дар рӯзномаи гуфтушуниди байни тоҷикон дар шаҳри Москав бамувофиқаомадаро муҳокима намуд. Даври панҷуми музокирот аз 30 ноябр то 23 декабри соли 1995 дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид, ки дар он мақсади ба эътидол овардани вазъи кишвар, пешгирии қурбонӣ ва азияти одамон, пешгирии вайроншавии инфроструктура ва нобуд гардидани арзишҳои моддӣ, ҳамчунин барои бо муваффақият анҷом додани гуфтушунидҳо ва дастрасӣ ба сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистонро дошт.
Санаи 9 марти соли 1996 қариб 30 ташкилотҳои ҷамъиятии сиёсӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро имзо намуданд. Мақсади асосии он ҳарчӣ зудтар ноил гардидан ба сулҳи байни тоҷикон ба ҳисоб мерафт.
Даври шашуми музокирот аз 4 то 19 январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон; даври ҳафтум аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 дар шаҳри Москва; даври ҳаштум 8-18 апрел, 21-29 майи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон ба амал омаданд.
Санаи 24-27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва даври хотимавии музокирот байни тоҷикон барпо гардид, ки дар он Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Президенти Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини тоҷик С. Нурӣ ба имзо расонида шуда, дар протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ қайд карда шуд, ки тарафҳо ба хулоса омаданд, ки дар давраи гузариш Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шавад. Ҳамин тавр, Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ташкил гардид.
Вазифаи асосии Комиссия аз ноил гардидан ба оштии миллӣ бо роҳи амалӣ намудани натиҷаҳои гуфтушунидҳо, ки дар рафти гуфтушуниди байни тоҷикон мувофиқа шуда буд, фароҳам овардани муҳити боварӣ ва ҳамдигарбахшӣ, таъмини музокироти неруҳои мухталифи сиёсии кишвар барои истиқрор ва таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, иборат буд. Комиссияи оштии миллӣ мақоме буд, ки аз шумораи намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик таъсис дода шуда, аз 15 сентябри соли 1997 то 1 апрели соли 2000 амал намуд.
Бояд тазаккур дод, ки баъди ба анҷом расидани раванди гуфтушуниди байни тоҷикон солҳои 1994-1997 дар ҷомеа оҳиста-оҳиста ҳиссиёти нобоварӣ ва душманӣ аз байн рафта, манфиатҳои миллӣ нисбат ба манфиатҳои сиёсӣ, динӣ, маҳаллӣ, гурӯҳӣ боло гузошта шуда, ба таҳкими худшиносӣ ва ягонагии миллӣ мусоидат намуд. Нақши асосиро дар марҳилаи хотимавии раванди сулҳ дар Тоҷикистон фаъолияти якҷояи босуботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи оштии миллӣ иҷро намуданд ва дар ин раванд хизматҳои шоёни Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд намуд.
Маҳз ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард. Ғояи Ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу осудагӣ мебошад, назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум пеш рафт ва халқро бештар фаро гирифт. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие ба сӯи Ваҳдати миллӣ буд.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ изҳор доштанд, ки: «Имрӯз дар арафаи яксолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман ба халқи худам гуфта метавонам, ки ҳарчанд зисту зиндагонии мардум беҳбудӣ наёфта бошад, ҳарчанд мушкилоти азими иқтисодӣ пешорӯи мо бошад, вале дар бобати хотима бахшидан ба ҷангҳои бародаркушӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Ватани азиз ва таъмини сулҳу осоиш барои шаҳрвандон, мо вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кардем».
Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 фармон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ» ба тасвиб расониданд, ки ба туфайли он дар кишварамон муҳити мусоиди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир омили муҳиме гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид гардида, фаъолияти худро ба ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеаи тоҷикон амалӣ созанд. Намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмону ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳамкории муштараку судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ин робитаҳо саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол карда, онро чун гавҳаракаи чашм ҳифз менамоянд. Ҳукумати кишвар 27- уми июнро иди ваҳдат - Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намудааст, ки он ҳар сол дар тамоми ҳудуди мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳтадгироии Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.
Бояд қайд намуд, ки чуноне аз мазмуну мундариҷаи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 бо аҳли илм ва маорифпарварони кишвар бармеояд, олимону зиёиёни мамлакат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва оромю субботи кишвар низ нақши босазо доранд.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ мебошад. Чунки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ намуда, ин неъмати бебаҳо - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид намуд, ки рисолати мазкур муваққатӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа хоҳад гашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн
Мудири шуъбаи масоили назариявии
давлат ва ҳуқуқи муосири ИФСҲ АМИ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Қодирзода Тоҳир Қамар
ходими пешбарӣ илмии шуъбаи масоили
назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири
ИФСҲ АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ