Имрузу фардои мо маърифат аст (дар ҳошияи Паёми табрикотии Пешвои миллат бахшида ба “Рӯзи дониш ва “Дарси сулҳ”)
- Сешанбе, Сен 10 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Дарси сулҳи имсола монанди ҳамаи дарсҳои солҳои гузашта ҷолиб, хотирмон, мубрам, коргар буд.
Аввалин нуктае ки дар байни мардум мушоҳида кардем ҳамовозии гарму ҷушон пайдо кард суханони Президенти арҷманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,- Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳтироми муаллим аст. Албатта он пешниҳод, ки дар муддати шаш моҳ лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омузгор” омода карда ба мақомоти қонунгузориву ҳукуматӣ пешниҳод шавад, аҳамияти қонуниву воқеъӣ хоҳад дошт.
Ин нукта чӣ дар байни мардум, чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хусусан дар байни муаллимони мактабҳои миёна истиқболи гарму ҷӯшон ёфт.
Дар баробари ҳамин нуктаи дигари суханронӣ ва талаби қатъи кардани Президент дар масъалаи тафтишҳои зиёди мактабу муаллим буд. Дар айни замон масъалаи ба истилоҳи дақиқи ҷаноби олӣ “Зоҳирпарастӣ кардани мақомоти шаҳрҳову ноҳияҳо дар мавриди ба пешвози мансабдорони Ҷумҳурӣ баровардани муаллимону талабагон дар гармиву сардӣ, ҳамин гуна ҳамсадоӣ пайдо кард ва ташаккури зиёди мардумро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳокимаи мардум шунидем.
Ҳақиқати ҳол ин аст, равшану мусаллам аст, ки барои аз байн бурдани ҳуввияти миллии миллати мушаххас,модари ин миллат, муаллимашро, аҳли фарҳангашро бе қадру хору залил кардан кифоя аст. Дар ҷараёни пуршуру талотуми рӯзгори муосир, мо падидаҳои ин раванди миллатзудоиро мебинем. Он ишора, ки Президенти муҳтарам дар мавриди зиёд шудани эҳсоси исломситезӣ низ дар ҳамин қатор аст. Аз қазияи исломситезӣ ва ифротгароӣ, ки масъалаи алоҳида аст бигзарем ва масъалаеро ки матраҳ кардем боз бубинем, дар ҳамин ҷараён мушоҳида мешавад, ки ошкорову пардапушона кушиши бе қадр, бе арзиш кардани мақому эътибори модар, муаллим аҳли фарҳанг дар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ мушоҳида мешавад.
Дар ин раванд албатта мо фаромуш намекунем, ки дар солҳои нооромиҳои аввали истиқлолият аҳволи иқтисодии муаллим ва умуман аҳволи мактаб дар чӣ ҳоле хароб ба сар мебурд. Аз ҳамин қазия,аз ҳамин манзар вақте ба таҳлил бигирем, баръало равшан мешавад, ки хусусан дар даҳ соли охир ҳам вазъияти мактаб ва ҳам вазъияти муаллим тағйир ёфт ва ба маротиб вазъи моливу шароити таҳсил беҳтар шуд. Дар суханронии Ҷаноби Олӣ чандин дафъа ба эътибору иззати муаллим руҷуъ карданд ва ба назари мо он нукта, ки шахсан худи Президент ҳаргиз муаллимонашро фаромуш намекунад ва ҳатто дар бораи муаллими нахустинаш ҳам ёдоварӣ кард як таъсири бисёр барҷаставу амалӣ дорад. Воқеъан ин суханашон ҳам таъсири самаровар хоҳад дошт, ки гуфтаанд: эҳтиром ба омузгор –эҳтиром ба ояндаи миллат аст!
Дар ҷараёни суханронӣ гаштаву баргашта масъулияти тамоми мақомотро дар мавриди тарбияту маърифат таъкид карданд. Ҳақиқатан ҳам масъалаи ҳам таълим, ҳам тарбият ҳамеша мубрам буду ҳаст, аммо ҷараёни рӯзҳои охир, ба мушкилоти печидаву ғайриинтизор рӯ ба рӯ омадани ҳам табақаи коргар, ҳам муҳоҷирони меҳнатӣ нишон дод, ки мо бояд таълиму тарбиятро бознигарии ҷиддӣ бояд кунем. Аз ҷумлаи чунин бознигарии ҷиддӣ тадбири таъсис додани “Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ”, мебошад. Таъсиси ин кумита шароит фароҳам меорад, ки ҷавонон ҳатман як ихтисосе, ки дар бозори меҳнат даркор бошад омода карда шавад.
Тадбиру пешниҳодҳое ки дар ин дарси Сулҳ, дар рӯзи дониш пешниҳод шудаанд бе шакҳу шубҳа барои ояндаи миллат дар рӯзгори муосир ба як шакли шоиставу боиста дар амал татбиқ хоҳад шуд .
Назри Яздонӣ – Ходими илмии
Институти фалсафа, сиёсатшинось ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ