casino malaysia
casino malaysia
Забони модарӣ бояд чун ганҷ ҳифз шавад

wrapper

         Имрўзҳо дар ҷаҳон ба ҷашнҳои муқаддас ва миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Аммо муқаддастарин фурсат, номгузории рӯз бо номи рӯзи забони модарӣ аст. Чун забон ва гуфтор хусусияти фарқкунандаи инсон аз дигар мавҷудот буда, бо забони модарӣ сухан гуфтан атои Худованд ба инсон аст. Инчунин вожаи «модар» дорои мазмуни ғанӣ ва пуршараф буда, мавзӯи забони модарӣ низ мебошад. Муҳим барои миллатҳо ва мардумон ин аст, ки равобити онҳо бо ҳамдигар тафоҳум дошта бошад ва чунин масъала ҷуз бо истифода аз забони модарӣ имкон надорад.
         Забон ҳамчун воситаи асосии тафаккур дар баёни ҳувияти ҳар як шахс ё миллат наќши аввалро мебозад. Дар воқеъ, забон зарфи андеша ва дар шаклҳои гуногуни хаттӣ, шифоҳӣ ва фолклорӣ дар рӯи замин ҷараён мегирад ва нақши як шахс ё миллатро дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба дигарон ва наслҳои оянда тасвир мекунад. Дарки мақом ва аҳамияти ҳар як забон дар ҷомеа муҳим аст. Бояд фаҳмид, ки забони ҳар миллат бо рӯҳи он миллат иртибот дорад. Ҳар гуна беэътиноӣ ба ин принсип аслан поймол кардани ҳуќуќҳои аввалиндараҷаи он миллат ва дар натиҷа зарбае ба ҷисми тамаддуни башарӣ мебошад. Забони модарӣ аввалин сарвати бебаҳои ҳар як инсон ва ҳар миллатест, ки дар сайёраи замин кӣ ва чӣ будани ҳузури инсон ё миллатро расман эътироф мекунад.
         Таърихи башарӣ гувоҳ аст, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллатҳо низ аз байн мераванд. Дар раванди таърих забонҳо бо соҳибони худ дар баробари ҳодисаҳои таърихиву иҷтимоӣ барои мондагории худ мубориза бурда, бархе аз онҳо мондагории миллати худро таъмин намуда, баъзеи дигар ба он муборизаҳои сарсахтона тоб наоварда, тобеи забони пурќудраттаре гашта, оҳиста-оҳиста фаромўш шудаанд. Марги ҳар забон маънои аз байн рафтани маҷмӯаи фарҳангу таърих ва урфу одати як гурӯҳ сокинони рӯи заминро дорад, аз ин рӯ ҳамасола гирдиҳамоиҳо ва муроҷиатномаҳо барои шинохти забони ҳар қавму миллат зиёд мешавад.
         Тоҷикистони мо кишваре аст, ки забонҳои мухталифе доранд, ки дар саросари кишвар бо ин забон гуфтугӯ ва зиндагӣ мекунанд, аммо забони тоҷикӣ танҳо дар миёни ин забонҳо эътироф ва асил дониста шудааст, аз ин рӯ эҳтиром ба забону фарҳангҳои мухталиф боиси ваҳдату ҳамдилӣ дар миёни мардуми як кишвар мешавад ва вақте миёни онҳо тафовут ва тафриқа вуҷуд надошта бошад, ҳеҷ душмане наметавонад ба ин кишвар ворид шавад. Забони модарии ҳар кас барои ӯ хеле азизу гиромӣ аст ва бояд чун ганҷ ҳифз шавад. 
         Ҳифзи забони модарӣ миллатро бузургу бузург мегардонад ва баръакс, аз даст додани забони модарӣ фарҳанг, аслият ва ҳувияти миллатро коҳиш медиҳад. Забони модарӣ бахше аз ҳуввияти ҳар инсон аст ва набудани он инсонро ба як кӯдаки овора дар шаҳри бегонае табдил медиҳад, ки модарашро меҷӯяд, аз ин рӯ, ҳифзи ӯ аз ҳама чиз дар зеҳни равони инсон авлотар аст.
         Забони модарии мо ҳамвор, равон ва асил аст, зеро ниёгони мо низ бо ин забон ҳарф мезананд ва арҷгузорӣ ва ҳифзи онро воҷиб донистаанд, зеро дар тағйироту таҳаввулот қарор дошт, аммо ба харобшавӣ нарасид ва аз насл ба насл ба мисли забони нодир гузашт.
         Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад. Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд.
         Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду гастариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.
         Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.» Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.
         Шояд ҳоҷат ба такрор нест, ки забони тоҷикӣ аз муҳимтарин омилҳои ҳифзи фарҳангу миллии мост. Мо ҳамчун миллат ба ҷаҳон аз чашми ин забон менигарем ва маҳз ба воситаи ин забон андешаи дигаронро мефаҳмем, андешаи гузаштаро мефаҳмем ва андешаҳои худро баён мекунем.
         Ҳимояи забони тоҷикӣ имрӯз, ки таҷовуз ба фарҳангҳои бегона тавассути расонаҳо ва кӯтоҳ шудани фосилаи вақту фазо шиддат гирифтааст, аз хатарноктарин вазифаҳои мост ва бояд то дер нашавад, талош кунем, ки онро ҳифз кунем. Ин кори осон нест, ки танҳо бо эҷоди чанд воҳиди дарсӣ дар бахшҳои адабиёти тоҷикӣ дар донишгоҳҳо ва ё тадриси чанд соат дарси забони модарӣ дар макотиби ибтидоӣ ва миёна ҳал шавад. Саъю кушиши бошараф ва уҳдадории дарозмуддат бо дастгирии васеи ҳукумат зарур аст, то ки мо роҳи дурусти расидан ба маќсадро бо банаќшагирии даќиќона пайдо кунем.
 
 
Зиёзода Н. И- ходими илмии
Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои
байналмилалии ИФСҲ АМИТ

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia