casino malaysia
casino malaysia
“Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” – ташаббуси нави Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии босаодати башарият

wrapper

Дар ҷаҳони имрӯзи пур аз таззоду ихтилофҳо, ки бар асари ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо зуҳур кардаанд падидаи сулҳ ва таъмини амният арзиши амалии худро боз ҳам муассиртар гардонидаанд. Зеро сулҳу оромӣ омили асосии таъмини пешрафти зиндагии босаодату фарҳаманд барои ҳар як инсон маҳсуб меёбад. Тоҷикистон чун кишвари тарроҳи сулҳу вусъатбахшандаи фарҳанги сулҳпарварӣ дар ин самт ҳамеша гомҳои аввалин ва устувор мегузорад.
Махсусан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари оқилу батадбир ва таҳаммулгарою дурандеш, ки мислаш имрӯз дар сатҳи роҳбарони кишварҳои ҷомеаи инсонӣ, ҷиҳати бо халқ будан ва дастгирии мардумро кардан намебошад, пайваста барои оромии ҷомеаи башарӣ ва фароҳам сохтани заминаи устувори зиндагии осудаю босаодати  инсоният талош мекунад, ташаббус ва иқдомҳои саривақтиро барои дурнамои рушди ҷомеаи башарӣ пешниҳод менамояд. Илман ва мантиқан агар ин ташаббусу иқдомҳои созанда аз як тараф, дар сатҳи кишварҳои ҷаҳонӣ ҳамовозии ҳамагонӣ пайдо карданд, аз тарфи дигар, эътибору нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, шаъну эътибори мардуми шарифи онро баланд бардошта истодаанд, ки боиси қадрдонӣ ва эҳтиромгузорӣ мебошад.
Бахусус, пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули қатъномаи махсуси СММ вобаста ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки 23 сентябри соли 2024 дар шаҳри Нию – Йорк, дар Ҳамоиши байналмилалӣ – Саммити оянда садо дод, ба андешаи сиёсатшиносон дар самти  ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути муттаҳидсозии саъю кӯшиши ҷомеаи байналмилалӣ мусоидати ҷиддӣ мекунад. Зеро, сулҳу амният маҳаки асосии пешрафти ҷомеаҳо буда, барои рушду равнақи тамоми соҳаҳо, аз иқтисоду тиҷорат ва муҳимтар аз ҳама зиндагии хубу осудаи аҳли башар нақши муҳимму назаррас дорад.
Сарвари давлатии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як сиёсатмадори дурбину оянданигар пайваста аз минбарҳои баланд дар ин самт садо баланд мекунанд ва аз ҷомеаи чахонӣ барои дарёфти роҳу василаҳои расидан ба ин неъмати арзишмандтарини башарияти даъват ба амал меоранд.
Умеди комил аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо дарки амиқи ташаббуси навбатии Тоҷикистон якдилона аз “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” истиқбол мекунад ва ин пешниҳоди Сарвари давлати мо ба тахқими сулҳу субот дар ҷомеа ва дарёфти роҳу василаҳои муассири расидан ба он дар тамоми кишварҳои олам мусоидат хоҳад кард.
Барои хотима бахшидани ҷангҳои байнидавлатию байниминтақавӣ бо роҳи муколама ба созишу ҳамдигарфаҳми омадани тарафҳои даргир мусоидат мекунад, ки мазмунан ва мантиқан тамоили инсонгароӣ дорад.
 
 
 
Маҳмадизода Н.Д., доктори илмҳои фалсафа,
профессор, директори Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови АМИТ
 
 
Самиев Б. доктори илмҳои фалсафа,
профессор, мудири Шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови АМИТ
 
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia