Забони тоҷикӣ ва дигар арзишҳои фарҳангии ниёгон дар замони Истиқлолият
- Душанбе, Сен 30 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, ки дар натиҷаи он нестшавии фарҳангу забон ва дигар арзишҳои инсонии мардуми камнуфус ба чашм мерасад, аз мо тақозо дорад, то омӯзиш, пуштибонӣ ва тоза нигаҳ доштани забони худро бояд муқаддастарин вазифаи миллии худ донем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем, барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда босамар истифода барем. Зеро қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо шири ширину аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари миллат ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, достонҳо навиштаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуд ва то ба имрӯз омада расидааст.
Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду гастариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз ба шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хеле боло бурдаанд.
Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи миллати тоҷик мебошад.
Забони модарӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Зеро аз бузургтарин рукнҳои ташаккул, тараққиёт ва камолоти ҳар миллат ин забони ӯст. Тавассути забон миллат метавонад қадами устувор ва собитро дар шоҳроҳи худшиносӣ ва мондагориву пояндагӣ бигузорад. Миллате, ки дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз забони хеш, ки олитарин мерос аз аҷдоди ӯст, устувор ва босадоқат кӯшиш ба харҷ намедиҳад, ояндаи ӯ бас тира хоҳад буд, балки ӯ ҳамчун миллат оянда надорад.
Забони тоҷикӣ, бешубҳа арзиши бузурги миллӣ, мояи ифтихор ва пояи давлатдорӣ, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ҳидояту ташаббускоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Зеро рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.
Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра маҳсуб мешавад ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.
Решаҳои забони мо ба ҳазорсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.
Фаромуш набояд кард, ки солҳои бистуми асри ХХ, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» – ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид. Забони тоҷикӣ ҳам барои миллати тоҷик бузургтарин рукни рушду нумӯъ ва пояндагиву мондагорӣ маҳсуб мешавад. Агар гуфта шавад, ки тавассути забон тоҷикон то имрӯз ҳамчун миллат дар дунё шинохта ва эътироф шудаанд, муболиға нахоҳад шуд.
Таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии забони давлатӣ ҳамчун омили рушди минбаъдаи он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта, ҷиҳати баланд бардоштани устувории он асоси қонунӣ гузошта шуд.
Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.
Қонуни мазкур ба рушди забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон нигаронида шуда, вазифаҳои навбатии давлат ва ҷомеаро муайян месозад. Истифодаи васеи забони давлатӣ дар соҳаи технология, компютеркунонӣ, интернет, такмили таълими забони давлатӣ дар гурӯҳҳои тоҷикию ғайритоҷикии мактабҳои миёнаву олӣ, тарбияи ифтихори миллӣ аз забони модарӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи қоидаву қонунҳои забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим маҳсуб мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш ироа намуд, ки ман ифтихор мекунам, ки тоҷикам!!! Месазад, ки ҳар як фарзанди фарзонаи ин сарзамин ки дар дохил ва берун аз кишвар зиндагонӣ мекунанд, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш намояд ва ифтихор намояд, ки у тоҷик аст.
Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустӣ кӯшишу талошҳои зиёд намоем. Барои он, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад. Онҳо пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёдамон бархурдор гарданд. Ҳамчунин моҳияти Ваҳдати миллии худро ба хуби дарк карда, бо рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузошта ба ин неъмати бебаҳо ва муқаддас ва сарвари шуҷои ин сарзамин ба қадри ин сарзамини биҳиштосо расему, ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт карда тавонем.
Дар назди мо ҷавонон масъалаҳое истодаанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани ватан забони модариро бо қалбамон талаб кунем.
Давлатмуродзода Балхия Давлатмурод – ходими
хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва
ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.