casino malaysia
casino malaysia
Муқовимат бо терроризм - омили суботи ҷомеа

wrapper

Дар охири асри XX ва аввали асри XXI дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба миён омад. Воқеияти сиёсии олами мутамаддин нишон дод, ки фазои сиёсии ҷаҳон доимо дар тағйирот ва ҳаракат аст. Дар натиҷаи таъсири омилҳои глобализатсионӣ фаъолияти доираҳои террористӣ, экстремистӣ, ки пештар доманаи нисбатан маҳдуд доштанд, дар ин раванд хеле  васеъ гардида ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Хатари масъалаҳои глобалӣ дигар на ба манфиат ва амнияти як давлат балки ба ҳамаи башарият мерасад. Манфиатҳои миллӣ ба манфиатҳои ҷаҳонӣ ва амнияти миллӣ ба амнияти сайёравӣ табдил меёбанд. Дар ин раванд давлатҳое, ки аз назари иқтисодӣ, сиёсӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ қафомонда ё заиф ҳастанд, зери таъсири давлатҳое мемонанд, ки дорои ҳамаи ин қудратҳоянд. 
Терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният  боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур истифода мегардад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” қайд карданд, ки “Ифротгароиву терроризм бо тамоми зуҳуроти зишти худ ҳеҷ рабте ба миллат, дину мазҳаб ва шаҳрвандӣ надорад. Вобаста ба ин, дарк бояд кард, ки танҳо ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи асосии муборизаи самаранок ба мақсади рафъи мушкилоти терроризм мебошад. Ҳамчунин, барои таъмин намудани ҳифзи сарҳад, сохти конститутсионӣ ва рушди муназзами давлатҳо ҳамкории воқеиву шаффоф дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ зарур ва ба манфиати ҳамаи ҷонибҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсад бо якчанд созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои мададрасон, аз қабили Япония, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чин ва Россия дар доираи лоиҳаҳои гуногуни марбут ба мудирияти сарҳад ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст”.
Барои муқовимат намудан ба экстремизми сиёсӣ муборизаро  муқобили андешаҳои ғалати динию экстремистӣ, миллатгароию радикалӣ  террористию  идеологӣ  бояд дар ҳама самтҳои  ҳайёт пурзўр намуд. Экстремизми сиёсӣ, ки аз ҷиҳати характери фаъолият глобалӣ аст, пас мубориза бо он низ бояд дар сатҳи глобалӣ сурат гирад. Аз ин лиҳоз дар Моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо экстремизм ва терроризм омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм мубориза баранда, ҳамкорӣ менамояд.
         Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи  пеши алайҳи мубориза бо терроризм қарор дорад. Барои мубориза ва пешгирӣ намудани терроризм ва экстремизм бояд ки тамоми қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ амал намоянд. Аз ин рў, Тоҷикистон муборизаро дар сатҳи дохилӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ бо созмонҳои байналмилалӣ қавитар месозад. Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба, бисёрҷониба, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ ва амнияти инсоният мусоидат мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.
 
          
Қодирова З.Б. – ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 

 

 

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia