Забон рукни асосии миллат ва давлат
- Чоршанбе, Окт 02 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя,
шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст
Эмомалӣ Раҳмон
Забони тоҷикӣ яке аз арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки нобиѓањои илму адаби тољик Рӯдакї, Фирдавсї, Њофизу Саъдї, Ҷомӣ, Мавлоно Љалолуддини Румї, Саъдӣ, Хайём, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор адибони форсу тоҷик ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо навиштаанд, ки осори баландарзишашон то ба замони мо расидааст.
Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат, воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд.
Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир мебошад. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.
Аз соли 2009 инҷониб дар кишвари азизамон ҳамасола 5-октябр Рӯзи Забон таҷлил мегардад, ки ин аз арзиши баланди миллї доштани забони тољикї ва арљгузории миллати тољик ба он дарак медињад. Бояд ќайд намуд, ки забони точикӣ аз забонҳои бостонии ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 оѓоз шудааст.
Забони тоҷикӣ диққати олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони форсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони марксизм Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид мешаванд.
Забони тоҷикӣ, ки бо номи забони модарї дар байни мардуми тоҷик шинохта шудааст, мавриди муоширати 88-фисади аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистон ќарор гирифтааст. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳаллӣ дар қисмати аъзаме аз шаҳру ноҳияҳои кишвари Ӯзбекистон (бахусус дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва ҳатто Тирмизу Намангон) ба ҳайси забони модарии xеш зиёда аз 15 миллион мешиносанд ва ҳамчун воситаи гуфтугўи ҳаррӯза истифода мебаранд. Ҳатто дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд гуфтугӯи мардуми ин шаҳрҳо ба тоҷикӣ сурат мегирад. Аз љиҳати забоншиносӣ забони тоҷикӣ ба гурӯҳи ғарбии забонҳои эронӣ, oилаи калони ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад. Бар ин гурӯҳ аз забонҳои имрӯзи зинда ғайр аз тоҷикӣ ду забони дигар - форсии навин (теҳронӣ), яъне забони Эрони имрӯза ва забони дарӣ — кобулӣ тааллуқ доранд.
Гарчанде ки тӯли ин садсолаҳо забони классикӣ, яъне забони адабиёт тағйири зиёде надид ва чун пештара дар тамоми олами форсизабон ягона буд, забони гуфтугӯии мардум, забони зинда ба таври интенсивӣ дигаргуниҳои нав мепазируфт ва аз забони адабӣ торафт дур мешуд. Ба замми ин, дар натиҷаи ба миён омадани фарқиятҳои намоён дар инкишофи сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоии кишварҳои олами форсизабон, хусусан баъд аз қарни пурошӯби 16-ум дар байни шеваҳои ҳам адабӣ, ҳам гуфтугӯии минтақаҳои гуногун монандиҳои ҷиддие пайдо гаштанд. Ҳамин тавр, аз асри шонздаҳ сар карда, метавон дар бораи забони точикӣ чун мафҳуми илмӣ сухан гуфт. Ба ин маром забони тоҷикиро забони аҳолии форсизабони Осиёи Марказӣ аз садсолаи 16-ум минбаъд донистан ҷоиз аст. Аммо дар дохили худи забони тоҷикӣ низ фарқиятҳо арзи ҳастӣ кардан гирифтанд ва ба ин минвол дар асри 19 байни забони адабиёту забони омма, ҳам байни лаҳчаҳои маҳалҳои гуногун фарқияти бузурге ба миён омад. Ҳанӯз ҳамон вақт маорифпарвари Бухоро Аҳмади Дониш кӯшиш ба харҷ дод, то забони адабиро оммафаҳм ва аз ибораҳои душвору такаллуфомез холӣ гардонад. Лекин кори асосиро дар самти ба роҳ мондани меъёри ягонаи забон дар айёми Шӯравӣ олимон ва адибони тоҷик бо сарварии Садриддин Айнӣ анҷом доданд.
Ҳамчун асоси забони адабӣ забони классикї aсрҳои 16-19 бидуни «арабизм»-ҳои душворфаҳми он гирифта шуд, валекин сохти грамматикӣ ва лексикаи забони навбунёди тоҷикиро шеваи мардуми тоҷикзабони водии Зарафшон, аз ҷумла Бухорову Самарқанд ташкил дод. Далели ин қарори забоншиносони онвақтаи тоҷик ин буд, ки дар ин минтақа тоҷик нисбатан асил ва тоза боқӣ мондааст. Дар ин забон, яъне забони расман тоҷикӣ, дар солҳои Шӯравӣ адабиёти бисёр интишор ва забони тоҷикӣ нашъунамо ёфт.
Аз ҷумла, имрӯз масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин, забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ таъмин гардидааст ва кор дар ин самт ҳамеша дар маркази диққати давлату Ҳукумат қарор дорад.
Гузашта аз ин, маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, садо медиҳад, ки боиси ифтихори ҳар як фарди миллат мебошад.
Маҳмадулоева Н.М. Лаборанти калони Шуъбаи
онтология, гносеология ва мантиқИ ИФСҲ – и АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон