Монӣ дар рӯзи 25 - уми моҳи фарвардини соли 215 дар сарзамини Бобул, имрӯза давлати Ироқ дар яке аз рустоҳои ороминишин (қавм, миллат) таваллуд шуда аст. Номи аслияш дар сарчашмаҳо наомадааст. Монӣ (киштии зиндагӣ) сифат аст ва вожаи оромист.
Номи падарашро муҳаққиқон Фотак (дар ҷое Бобак) гуфтаанд, зодаи Ҳамадон. Модарашон бо чанд ном ёд мешаванд, якеш Марям аст, аз хонаводаи ҳукуматдорон ё ашрофон, аслаш ориёӣ. Дар матлабе омада, ки гӯиё то 15 солагӣ барояш 2 бор аз Худои Олам ваҳй омада буда, ваҳйи оғози паямбарияш дар 26 солагӣ (с. 239) сурат гирифтааст. Он гуна ки худаш навишта фариштаи паём ё ваҳй ба наздаш омад ва гуфт: салом бар ту, эй Монӣ аз ман ва Парвардигор, ки маро ба назди ту фиристодааст. Ӯ, ки Рӯҳи Аъло ва Худои Олам аст, туро рисолати паямбарӣ дода ва ин маъмуриятро ба ту супурд, то навиди ҳақро ба мардум расонӣ.
Ибни Надим, ки яке аз китобҳои Мониро тарҷима кардааст мефармояд, ки Монӣ пеш аз он ки ба расули баргузида шуд, усқуди рустои “Қаниё” буд.
Ва баъди он ки Шопур ба тахт нишаст аллакай пешвои динӣ ё усқуфи манданиён дар Миёнрӯдон будааст, зеро маҳз Монӣ расми тоҷгузории Шопурро анҷом додааст. Баъди беъсат ё паямбар шуданаш низ аввалин таълифи динияшро, ки ба забони паҳлавӣ будаву “Шопургон” ном доштааст, ба шоҳ Шопур эҳдо намуда будааст. Монӣ дар рисолааш идао намудааст, ки Парвардигор дар ҳар замоне яке аз анбиёи хешро баргузида барои ҳидояти бандагонаш мефиристад: замоне Зардуштро барои эрониён, замоне Буддоро барои ҳиндувон, замоне Исоро барои мардуми Шом фиристод. Ва акнун маро барои ҳидояти мардуми Бобул фиристодааст. Яъне ӯ дар ин рисола сароҳатан гуфтаааст, ки паямбари охирзамон аст ва барои аҳли Миёнрӯдон мабъус (фиристода) шудааст, ки Исо навиди омаданашро дар охирзамон додааст. Ин навид боваре буд, ки ҳамаи масеҳиён ба он пойбанд буданд. Аммо дар миёни эрониёни маздоӣ касе ба ӯ таваҷҷуҳ нанамуд ва ҳеҷ ҷо дарҷ нашудааст, ки яке аз шогирдони Монӣ эрониасл будааст. Монӣ дар китоби “Кифалоя”, ки ба забони суриёнӣ буд, хабаре аз сафарҳояш ба Ҳинду Чин медиҳад ва ёдовар мешавад, ки дар бозгашт аз ин сафар дар Хузистон ба ҳузури Шопур расидааст. Маълум мешавад, ки Монӣ баъди беъсаташ чандин сол дар сафарҳои сарзамини Шарқ буда, сипас бо донистаҳои тоза ба Эрон баргаштааст. Ӯ дар ин сафарҳо бо таълимоти Буддо ошноии наздик ёфт ва ақидаи таносухро аз буддоиён вориди дини хеш кард. Таълимоти Монӣ зидди рушди тамаддуну фарҳанг, иҷтимоъ ва идомаи ҳаёти башарӣ буд, зеро мардумро ба кор накардан, хилватнишинӣ, ранҷ кашидан талқин менамуд. Ва албатта ин таълимот зидди андешаву таълимоти маздоӣ буд, аз ин рӯ мӯбадони дарбори Шопур тасмим гирифтанд, ки ҷилави таълимоти Мониро бигиранд.
Яъқубӣ менависад, ки Мӯбади мӯбадон аз Шопур дархост намуд, ки Мониро ба дарбор даъват кунад, то як ҷаласаи мунозира дар бораи дини овардааш баргузор шавад. Мӯбади мӯбадон мехост дар ин маҷлис ботил будани ақидаҳои Мониро ба исбот расонад. Монӣ чун ҷони худро дар хатар дид ба Ҳинд рафт ва то Шопур зинда буд ба Эрон барнагашт. Сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки Монӣ пас аз он ки аз Эрон рафт дар Кобулистон ва Туркистон ва сарзаминҳои Чину Ҳинд ба таблиғи динаш пардохт. Дар ин сарзаминҳо ойини Буддо густариш ёфта буд ва ин таълимот низ асосан дунёгурезӣ ва зуҳду ранҷкашӣ ва ибодатҳои худозоронаро иблоғ мекард ва шабоҳате ба ойини муғтасала дошт ва он гуна ки мутуни монавӣ мегӯянд, Монӣ дар ин сарзаминҳо пайравони бисёре ба даст оварду марказҳои зиёде барои таблиғ барпо намуд.
Дар сарзаминҳои Шарқ (Кобулистон ва Туркистону Суғд) ба иллати он ки таълимоти Буддо зуҳду дунёгурезиро ривоҷ дода буд, заминае барои пазириши таълими Монӣ фароҳам буд. Ва Монӣ дар даври дуввуми сафарҳояш муваффақ шуд, ки пайравони бисёре ба даст биоварад. Ӯ шогирдони тирози аввалашро аз Миёнрӯдон ва Хузистон, ки бо ӯ рафта буданд дар ҳайатҳои даъватгар бо ҳамроҳи навиштаҳояш ба Шом, Анатолия, Балкан, Итолиё, Испониё, Фаронса ва Миср ва шимоли Африқо фиристод. Фаъолиятҳои таблиғгарони масеҳӣ дар ин сарзаминҳо ва таблиғашон дар бораи пайғамбари охирзамон, ки қарор буд ба зудӣ зуҳур кунад заминаи комёбии ин ҳайатро фароҳам овард.
Дар андак замон дар ин сарзаминҳо тавассути пайравони навини Монӣ навиштаҳояш ба забонҳои юнонӣ ва лотинӣ ва қибтӣ тарҷима ва дар Аврупову Мисру Шому Африқо мунташир шуд. Дини Монӣ дар Ғарб ба бузургтарин рақибаш – Масеҳияти навпо табдил ёфт. Гар чи Монӣ дар оғози кораш гуфта буд, ки Масеҳро Худо барои ҳидояти мардуми Мағрибзамин фиристода буда ва барои Исо эҳтироми бисёре қоил шуд ва то тавонист бахши бузурге аз пайравони Исоро ба худаш бикашонад, вале вақте кораш боло гирифт, Исои мавриди назари хешро Исои масеҳиён муаррифӣ кард. Ва гуфт, ки он Исое, ки писари Марям буда буд ва яҳудиҳо ӯро куштанд як шайтоне буд. Ӯ Мӯсоро низ дурӯғбанд баровард ва гуфт, ки Шайтон дар пӯсташ даромада буд ва сухан бар забонаш мениҳод. Вале Зардушт ва Буддо ва Иброҳимро паёмбарони ҳақиқӣ ва диновар медонист. Бад-ин тартиб ӯ аз номи Исои дигари худогунае ҳарф мезад ва худашро Пороклити (умедбахшу наҷотбахш) ӯ муаррифӣ мекард ва Исои масеҳиён мепарастидаро як шайтон мегуфт. Иддаъо дошт, ки Исои воқеӣ он аст, ки ман муаррифӣ мекунам ва ӯ муждаи зуҳури маро (пороклит) додааст. Монӣ дар “Кифолоя” талқин мекунад, ки дар ҳар замоне, ки башарият ба вазъияте мерасида, ки дахолати Парвардигор барои наҷоти башарият аз гуноҳоне, ки домангирашон аст як Пайғамбареро бармегузинад ва маъмураш мекунад, ки таблиғи ҳақоиқ кунад. Ва акнун, ки охирзамон аст, Монӣ, ки Масеҳи мавъуд ва Пороклит аст маъбус кардааст. Акнун, ки башарият беш аз ҳар замони дигар гирифтори фасод ва зулмот аст ва ниёзманди роҳнамоӣ ҳастанд ин вазифаро Парвардигор бар уҳдаи Монӣ ниҳодааст.
Таълимоти Монӣ
Монӣ таълимоти динияшро аз динҳои пешин гирифта бо ҳам омехта буд ва иҷро мекард. Худояш “Худои Язд” (Эзади нур) буд, ки ба номи Зарвон “Ваҳишт шаҳриёр” (Султони биҳишт) низ аз ӯ ёд карда аст. Рӯшон Язд дорои 10 дастёр буд бо номҳои ҳилм ва илм, ақл ва тадбир ва ғайб ва ҳубу имон, вафову муруввату ҳикмат. Ҳикмат дар навиштаҳои Монӣ ба маънои “Дини Монӣ” аст. Нубувват ва ваҳй ва фариштаи ваҳйро Монӣ аз адёни Сомии Миёнрӯдон гирифта буд ва ҳамон гуна, ки Худо дар адёни сомӣ дар Осмон нишаста буду паёмашро ба василаи фариштаи ваҳй барои паямбараш мефиристод. Монӣ низ паёми худро тавассути як фаришта дарёфт мекард. Устураи офаринишу ӯ махлути асотири сомӣ ва эронӣ буд ва бахше аз Тавроти масеҳиён гирифта шуда буд. Одам ва Ҳаввои масеҳиён дар навиштаҳои Монӣ ҷои вижа доранд. Назарияи таззоди хайру шарро аз оини Зардушт гирифта буд. Зуҳд ва шодиситезӣ, ранҷписандӣ ва иҷтиноб аз ҳар гуна лаззатро аз муғтасала, собеиён, масеҳиёну буддоиён гирифта буд. Ақидаи таносухро аз буддоиён ва ҳиндувон. Зиндагии ухравӣ ва биҳишту дӯзахро аз маздояснон гирифта, ба навҳи хоса такмил дода буд. Ва аз таркиби ҳамаи онҳо маҷмуан таълими навинро эҷод карда буд то ҷои ҳамаи адёни ҷаҳонро бигирад. Монӣ аввалин эҷодаш “Шопуркон” – ро ба забони паҳлавӣ навишта буд ва баъдан ҳатто таълифоташро ба забони суриёнӣ таҳрир кард ва барои ҷолиб шуданаш ба аввом бо тасвир (Аржанг) орост. Монӣ 7 китоб таълиф намудааст. Китоби розҳо, Китоби фармонҳо, Китоби зиндагон, Вазоифи дӯстдорон, Вазоифи ниёишгон, Воҷиботи ибодӣ. Худи Монӣ низ номи китобҳояшро дар “Кифолоия” оварда аст ва аз китобе бо номи Инҷилиюни бузург низ ёд мекунад. Инҷилиюни Монӣ дорои 22 сура будааст.
Яъқубӣ менависад, ки Монӣ дар китобҳояш шеваҳои иборат ба манзури халосии рӯҳ (буридан аз модда) – ро шарҳ дода буд. Китобе низ ба номи “Сифрал асрор” оварда, ки дар он муъҷизаҳои анбиёи пешинро рад кардааст. Китоби Прогматиё таълими роҳу равиши ибодат ва рӯзагирӣ ва маҳори нафси аммора аз гароиш ба шаҳватҳо ва омӯзиши роҳҳои гуногуни зорию худозорӣ ба манзури халосӣ додани нафс аз аносири зулмонӣ буд. Дар таълимоти Монӣ ду Худо дар ҷаҳон вуҷуд доранд, ки ҳар ду Офаридгоранд ва аз азал бо ҳам вуҷуд доштаанд; яке нуру хайр аст, дигаре зулмоту шарр. Аз ин рӯ, ду Худои Монӣ шабеҳи духудоии Зарвония аст. Дар таълимоти Монӣ ҳар чӣ хайру нафъ ва писандида аст офаридаи Худои нур аст ва ҳар чӣ баду зиёну нописанд, офаридаи Худои зулмот аст. Ҷаҳони ин ду Худо аз азал ҷудо буд. Худои нур як зоти неруманди нуронӣ ва руҳи холис ба ном Урмузд офарид ва ба набарди Аҳриман фиристод ва 5 эзад, ки насим ва бӯйи хуш ва нуру об ва оташ буданд. Чун Урмузд бо ин лашкар аз Осмон фуруд омад то ба ҷанги Аҳриман биравад Аҳриман бо лашкриёнаш,ки дуду сӯзандагӣ ва сиёҳӣ ва яхбод ва меғ буданд, ба ҷанги ӯ бархостанд. Аҳриман бар Урмузд пирӯз шуд ва ӯро дар миёни аносири зулмот гирифт ва аносири 5 - гонаи зулмонӣ омехта кард. Кӯшишҳои Урмузд бе натиҷп монд ва аз таркиби аносири моддӣ ва нуронӣ мавҷуде падид омад, ки “Одам” номида шуд.
Урмузд барои халосии Одам Исои осмониро фиристод, ки зоти нуронӣ ва руҳи холис буд. Аҳриман аз вуҷуди Одам “Ҳавво” – ро падид овард.
Бо тавтиаи Аҳриман Одам ба Ҳавво омезиш кард ва дар натиҷа духтаре зода шуд “Оз” (ҳавои нафс) номид. Ба ин тартиб руҳи инсон, ки аносири нуронӣ буд, дар колбади моддии тан, ки тааллуқ ба ҷаҳони Шайтон дошт зиндонӣ шуд. Ин гироишро Монӣ “ҳавои нафс” номид. Ҳарчи барои инсонҳо хушӣ меоварад аз модда буд ва Монӣ мегуфт грроиш ба онҳо аз таҳрикоти Шайтон аст ва инсон бояд аз онҳо дурӣ ҷӯяд. Қудрати сиёсӣ низ.
Салтанат дар таълмоти Монӣ як падидаи шайтонӣ буд, ки инсони парҳезкор бояд аз он дурӣ ҷӯяд ва умури ҷаҳонро аз худ раҳо кунад, то лашкари нур битавонад зулматро шикаст диҳад ва моддаро нобуд кунад.
Таълимоте, ки Монӣ овард аз ҳама сӯ мухолифи суннатҳои фарҳангию динии ҳазорсолаи Ориёиён буд, ки асосаш бар меҳнату муҳаббат ва ободу зебосозии ҷаҳон ниҳода шуда буд. Офаридагони Аҳриман ба гуфтаи Монӣ дар бода, зан ва гӯшт лона кардаанд то ҳар гоҳ як инсоне бода бинӯшад ё бо зане ҳамхобагӣ кунад ё гӯшти ҳайвоне бихӯрад, вориди колбадаш шаванд ва рӯҳро ҳарчи бештар ба сӯи шарру зулмат бикашонанд. Дигар вазифаи инсон дар таълимоти Монӣ он буд, ки бо корҳои писандида лашкари шайтонро аз худ биронад ва рӯҳи худро биполояд ва зарроти зулмотро аз худ дур кунад ва чунон кунад, ки нури холис шавад ва шоистаи интиқол ба ҷаҳони нур – ҷаҳони Зарвон!
Монӣ бар он буд, ки бо таъсиргузорӣ ба султаи сиёсӣ як ҳукумати ормоние ва адолатгаре ва зуҳдпешае бисозад ва султаи деви Озро барои ҳамешагӣ аз ҷаҳон барандозад ва қаноати мутлақро ба бар ҷомеаи башарӣ ҳоким созад.
Ташкилоти Монӣ
Монӣ барои нашри динаш ташкилоти бисёр муназзаме эҷод кард. Ӯ пайравонашро ба 5 дараҷа тақсимбандӣ карда буд. Нахустин дараҷа аз он 12 шогирди барҷастаи ӯ буд, ки раъси ҳар ташкилоти имониро ташкил медоданд ва “Фарништагон” номида мешуданд. Пас аз асҳоби 12 гона 72 тан азҳоби тирози дуввум қарор мегирифтанд, ки “Апсистон” ном доштанд ба маънои таълимёфтагон ё уламо, ки аз дувоздаҳгона дарс гирифта буданд. Дар марҳилаи поинтаар 360 омӯзгорон қарор доштанд ва ҳамистагон (калонтарон) унвон доштанд. Чаҳорум мартаба гузидагон буданд, ки онҳо муъминони муътақиду мутадаъин буданд, ки дар саросари ҷаҳон пароканда буданд. Панҷумин табақа муъминони тоза имоноварда буданд ва онҳоро “Ниюшгон” меномиданд. Вазифаашон кишоварзӣ ва домпарварӣ. Аз закоти онҳо марказҳо ва мадрасаҳо бино мешуданд. Хулоса, Монӣ тавонист як ташкилоти бузургу муназзам, як дастгоҳи пурқуввату муҳкаме таъсис бидиҳад ва дар ихтиёри динаш бугузорад.
Саранҷом Монӣ аз тарафи душманони ғоявияш, хусусан коҳинони зардуштӣ сахт таъқиб шуд ва ӯ аз Эрон фирор кард ва баъди муддате боз соли 273 ба Мадоин баргашт. Бадхоҳонаш ӯро ба бидъат айбдор карда, дар Гундишопур ҳабс ва қатл намуданд.
Баргардон аз форсӣ, таҳия ва такмилу тавзеҳ:
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Абдуқодир Талбаков
(Ориёмеҳр Зардушт)