casino malaysia
casino malaysia
Устоде, ки аз ӯ меомӯзем

wrapper

 «Ҷомеае, ки ба устод, омӯзгор эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад».
 Эмомалӣ Раҳмон
 
Вақте сухан дар бораи ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиноси ботаҷрибаю кордон, олими варзидаи соҳаи ҳуқуқи хусусӣ, устоди гиромӣ Раҳимзода Маҳмад Забир меравад, суханони файласуф, публитсист ва нависандаи амрикоӣ Ричард Бах ба ёд меоянд, ки гуфтааст: “Устоди шумо на он касест, ки ба шумо таълим медиҳад, балки касест, ки шумо аз ӯ меомӯзед”.
Устод, омӯзгор сарчашмаи ташаккули маънавӣ ва зеҳнии ҳар як шахс аст, бидуни заминаҳои нахустини дар бинои маърифату фарҳанги шахс гузоштаи ӯ расидан ба ҷодаи худогоҳиву худшиносӣ ва қуллаи мақсуд гарону  имконнопазир хоҳад буд. Табиист, ки нахустин ҳарф ва рафторро инсон аз волидон меомӯзад, вале дар роҳи минбаъдаи ҳаёти ҳар як фард “бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан”.
Аз ин ҷост, ки мақому мартабаи устоди шарафманду садоқатоин дар ҷомеа басо баланд ва арзишманд мебошад. Нуктаи муҳим он аст, ки маҳз аз баракати истеъдод, ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва тарзи дурусти ба роҳ мондани таълиму тарбия, дар зеҳни ҷавонон сатҳи маърифатнокӣ боло гирифта, ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва одоби ҳамидаи инсонӣ парвариш меёбад. Бузургии устодро дар ҳамин тасвир месозанд, ки ӯ воқеан  тарбиятгару роҳнамун ва ояндасози насли одам аст.
Шиносоии ғоибонаи ман бо устод Раҳимзода М.З. хеле пеш аз дохил шуданам ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳ миллии Тоҷикистон) оғоз ёфта буд. Он солҳо падарам – профессор Менглиев Ш., устоди ҳамин факултет буданд ва ман гоҳ-гоҳ шоҳиди гуфтугӯи волидайнам мешудам, ки дар бораи кори якдигар суҳбат мекарданд. Падарам дар он суҳбатҳо аз устоди ҷавону лаёқатманд Раҳимов Маҳмадҷон (маҳз ҳамин тавр падарам номи устод Раҳимзодаро ба забон меоварданд) баъзан ёд мекарданд.
Он солҳо ман ҳатто тасаввур намекардам, ки то чӣ андоза устод Раҳимзода М.З. дар камолоти ман ҳамчун ҳуқуқшинос ва ташаккулёбии ман ба сифати сиёсатмадор нақши бориз мегузоранд.  
Соли 1982 ман ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шудам ва ба ман муяссар гардид, ки бо устод Раҳимзода М.З. бевосита шинос шавам. Аз аввал эҳсос мекардам, ки устод ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда ҷиддияти ба худ хос доранд, аммо табиатан меҳрубонанд. Аз дарси нахустин эҳсос мешуд, ки устод нисбат ба донишҷӯён муносибати уфуқӣ ва озод доранд. Дарсро бо маҳорати ба худашон хос мегузаштанд. Мо донишҷӯён ҳаргиз аз устод муносибати амудиро эҳсос намекардем. Ба донишҷӯён тамоми мавзӯъҳоро то хурдтарин ҷузъиёташ фаҳмонида, бо падидаю назарияҳои навтарин моро ошно мекарданд ва муҳимтар аз ҳама, ба фикр кардан водор месохтанд. Баъзан шухиомез мегуфтанд, ки “ҳамин қадарашро донед ҳам бас”.
Мегӯянд, ки одамро дар сафар хубтар мешиносӣ. Соли 1987 ман ҳамроҳи якчанд донишҷӯён бо роҳбарии устод Раҳимзода М.З. ба Олимпиадаи умумииттифоқии донишҷӯёни ҳуқуқшинос ба шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия сафар кардем. Он вақт устод муовини декани факултаи ҳуқуқшиносӣ буданд, лекин ба ин мансабашон нигоҳ накарда дар назди мо донишҷӯён як инсони комил, хушмуомила, хоксору ҳалим ва омӯзгори асил меистод. Ҳидоятҳои устод ва таҳаммулпазириашон ба мо нерӯву дилпурии хосе мебахшид, ки дар муаррифии ҷумҳурӣ дар Олимпиадаи умумииттифоқӣ хеле муфид буд.
Тавре зикр кардем, устод Раҳимзода М.З на танҳо ҳамчун омӯзгор, балки ҳамчун маъмур низ фаъолият намудаанд. Хислатҳои ташкилотчигии устодро ба инобат гирифта, ӯро соли 1985 муовини декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин мекунанд, ки ин вазифаи пурмасъулро то соли 1993 ба уҳда доштанд. Соли 1994 ба ҳайси мудири кафедраи “Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ”-и факултаи ҳуқуқшиносӣ интихоб мешаванд. Махсус бояд қайд намуд, ки солҳои 1990 Раҳимзода М.З. яке аз ташаббускорони таъсиси кафедраи мазкур дар заминаи собиқ кафедраи “Қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнат” буданд, ки ин шаҳодати ояндабинии ислоҳотхоҳонаи устод мебошад.
Пас аз хатми донишгоҳ робитаи ман бо устод канда нашуд. Алалхусус солҳои кориам дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самти асосии фаъолиятам бо меъёрэҷодкунӣ алоқаманд буд, зуд-зуд аз маслиҳату машваратҳои устод Раҳимзода М.З. истифода менамудам, зеро пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ва даст кашидан аз иқтисоди ҳукмфармоӣ, интихоби фаъолияти озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ ва баробарии ҳамаи шаклҳои моликият такмили ҷиддии қонунгузории амалкунанда тақозои замон буд.
Соли 1999 ман ҳамчун намояндаи Вазорати адлия якҷо бо гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Бремени Олмон сафар намудем. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ олимони барҷастаи сивилистикаи тоҷик – устодон Усмонов О., Менглиев Ш., Тағойназаров Ш. ва Раҳимзода М.З. шомил буданд, ки мавқеи ҷумҳуриро дар баҳсҳо бо ҳамтоёни худ ва мутахассисон аз Олмон, ШМА, Фаронса, Ҳоланд ва Дания ҳимоя мекарданд. Қабули Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 (ва қисми 3 Кодекс соли 2005) ба марҳилаи нави рушди қонунгузории маданӣ ва соҳибкории ҷумҳурӣ замина гузошт.
То соли 2000 устод Раҳимзода М.З ба ҳайси мудири кафедраи “Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ”-и факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адои вазифа намуданд. Соли 2000 марҳилаи нави фаъолияти устод ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи олӣ оғоз мегардад. Ҳамон сол Раҳимзода М.З. бо роҳи худпешбарӣ аз ҳавзаи интихоботии № 9 ноҳияи А.Рӯдакӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эҷоди қонунҳои рӯзмарра бештар саъю талош менамуданд.
Ҳамчун вакил ӯ ҳамеша бо мардум буд ва кӯшиш менамуд, ки манфиатҳои аҳолиро ҳифз намуда, дар ҳалли мушкилиҳои онҳо мадад расонад. Ин буд, ки Раҳимзода М.З. соли 2005 дубора вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 9 ноҳияи А.Рӯдакӣ интихоб мешаванд.
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода М.З. ба ҳайси Раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, роҳбари гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии АвруОсиё ва намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудаанд.
Раҳимзода М.З. дар барқароршавӣ ва ташаккули қонунгузории муосири Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Устод на танҳо дар таҳияи санадҳои қонунгузорӣ фаъолона ширкат намудаанд, балки ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо ташаббуси худ ба баррасии Парлумон санадҳои қонунгузории зиёдеро пешниҳод намудаанд. Раҳимзода М.З. яке аз таҳиягарони Кодекси маданӣ, Кодекси мурофиавии маданӣ, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ. буда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ва ғ. ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардаанд. Устод дар тӯли фаъолияти худ ба ҳайси вакили Парлумон дар таҳия, муҳокима, пешниҳоди хулосаҳо ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ зиёда аз 180 лоиҳаи қонун ширкат намудаанд.
Он солҳо бо устод ҳамкории хеле зич доштем, зеро дар раванди меъёрэҷодкунӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ман муовини Вазири адлия – масъули самти мазкур будам) мавқеи хос дошт. Якҷоя бо устод дар муҳокимаҳои лоиҳаҳои қонунҳо, конфронсу мизҳои мудаввар иштирок мекардем. Дар баҳсҳо устод ҳамеша мувозинатро риоя менамуданд, дар суханҳояшон доимо маърифати баланди инсонӣ, асоснокӣ, назари хос, ҷолиб ва андешаҳои ҳадафманд ошкор мешуданд.
17 марти соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ниҳоди нав – Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо фармони мазкур вазифаҳои Марказ низ муқаррар карда шуданд, ки асоси онҳо аз  таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, гузаронидани таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2009 Раҳимзода М.З. ба вазифаи Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.
Тақрибан ҳамон вақт манро низ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузарониданд. Ёд дорам, ки аввалҳои моҳи июни соли 2009 якҷоя бо устод ба қабули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон даъват шудем. Ҷаноби Олӣ ба устод рӯ оварда, оид ба таъйини он кас ба ҳайси роҳбари сохтори навтаъсис – Маркази миллии қонунгузорӣ хабар дода, таъсиси ин ниҳодро яке аз вазифаҳои калидии рушди минбаъдаи давлати ҳуқуқбунёдамон арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон Ҷаноби Олӣ зикр карданд, ки аз фаъолияти устод Раҳимзода М.З. дар Парлумони мамлакат қаноатманд буда, боварӣ изҳор намуданд, ки устод дар ташаккули Марказ тамоми неруи зеҳнӣ, амалӣ  ва ташкилотчигиашонро дареғ намедоранд. Ман шоҳиди ҳидоятҳои дилсӯзонаи Сарвари давлат нисбати устод Раҳимзода М.З. будам, ки албатта расидан ба чунин боварӣ нерӯву ғайрат, масъулияту заҳмати ба мароиб зиёдро аз устод талаб менамуд.
Устод Раҳимзода М.З. дар барқароршавӣ ва ташаккули ин муассисаи навташкил, ки яке аз вазифаҳои асосии он такмили қонунгузории миллӣ, рушди иттилооти ҳуқуқӣ, татбиқи самараноки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқ, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалии Марказ ба ҳисоб меравад, саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар як муддати кӯтоҳ таҳти роҳбарии бевоситаи устод Раҳимзода М.З. лоиҳаи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Сарвари давлат пешниҳод шуд, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 тасдиқ карда шуд. Дар заминаи Консепсияи мазкур бо ибтикори Марказ шаш барномаи гуногуни давлатии рушди соҳаҳои мухталифи ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд. Таҳти роҳбарии бевоситаи Раҳимзода М.З. яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим дар соҳаи ҳуқуқи инсон – Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 тасдиқ карда шуд.
Саҳми Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Раҳимзода М.З. дар ташаккул ва рушди қонунгузории муосир хеле назаррас буда, дар ин муддат пайвастагии илми ҳуқуқ ва қонунгузориро ба вуҷуд овард.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки устод Раҳимзода М.З. роҳбарии онро ба ӯҳда доштанд, ҳамкориҳои судманди корӣ дошт. Соли 2013 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ дар чаҳорчӯби “Барномаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” Ёддошти тафоҳум оид ба ташкили минбари муколамаи муштаракро ба имзо расонид. Барои ташкили ин майдони нави муколама дар соҳаи ҳуқуқ бевосита ба устод Раҳимзода М.З муроҷиат кардам ва хоҳиш намудам, ки дар ташкили форуми ҷумҳуриявӣ ёрӣ расонанд. Устод хоҳиши моро пазируфтанд ва нигоҳи хешро барои баргузории он иброз намуданд. Бо дастгирии устод ба мо муяссар гардид,  ки соли 2015 ҳамоиши аввалини “Форуми миллии волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баргузор намоем. Форум як майдони бузурги муколамаи намояндагони ҷомеаи ҳуқуқӣ, соҳибкорӣ, сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар оид ба таҷдиди қонунгузорӣ ба манфиати шаҳрвандон, рушди соҳибкорӣ, такмили таҷрибаи татбиқи ҳуқуқ, пешбурди ташаббусҳои қонунгузорӣ бо мақсади рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва танзими иҷтимоию иқтисодӣ дар шароити дигаргуниҳои ҷаҳонӣ  буд. Устод Раҳимзода М.З. ҳамасола дар кори ҳайати тадорукот фаъолона иштирок намуда, бахши ҳуқуқи маданӣ ва соҳибкориро дар Форум роҳбарӣ мекарданд.
Аз соли 2013 Раҳимзода М.З. роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав буданд. Кор бо лоиҳаи Кодекси мазкур хеле мураккаб буд, зеро мебоист санад дар маҷмӯъ (қисмҳои якум, дуюм ва сеюм) бо назардошти таҳаввулоти ҳуқуқӣ, рушди иқтисодиёт ва соҳибкорӣ таҳия карда мешуд.
Атрофи лоиҳа баҳсҳои зиёде буданд, алалхусус вобаста ба номи он, ки он бо ташаббуси устод Раҳимзода М.З. истилоҳи “гражданӣ” мутобиқ ба услуби ифода дар забони давлатӣ ба истилоҳи “маданӣ” иваз карда шуд. Ниҳоят мавқеи устод қобили қабул буд ва соли 2022 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бешубҳа, яке аз хизматҳои муҳими устод ин барқарор намудани мақому эътибори забони давлатӣ дар танзими муносибатҳои маданӣ-ҳуқуқӣ мебошад.
Саҳми устод Раҳимзода М.З. дар ташаккул ва рушди қонунгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хеле назаррас аст. Дар баробари пешбурди фаъолияти сиёсӣ ва меъёрэҷодкунӣ, устод Раҳимзода М.З. ҳамеша машғули фаъолияти илмию омӯзгорӣ низ ҳастанд.
Бояд гуфт, ки профессор Раҳимзода М.З. мактаби илмии «Таҳқиқоти проблемаҳои ҳуқуқи маданӣ ва соҳибкорӣ»-ро таъсис дода, қисми асосии таҳқиқоти он кас ба як ғоя – афзалияти ҳуқуқи соҳибкорӣ ҳамчун танзимгари муносибатҳои иқтисодӣ бахшида шудааст. Тадқиқотҳои илмии устод бештар ба уҳдадориҳо ва иҷрои онҳо алоқаманд буда, коркарди модели хоси иҷрои уҳдадориҳо ташкил медиҳанд. Устод бар он ақидаанд, ки дар муомилоти муътадил иштирокчиён манфиати худро танҳо дар ҳолате қонеъ карда метавонанд, ки манфиатҳои контрагенти худро низ ба инобат гиранд, дар акси ҳол ба натиҷаи ниҳоӣ ноил шудан имконнопазир аст. Аз ин ҷост, ки ба ақидаи устод Раҳимзода М.З., соҳибкорӣ падидаи соф хусусӣ нест,  зеро он таъиноти иҷтимоӣ – касбӣ дорад.
Албатта маҳсули эҷоди устод Раҳимзода М.З. дар илми ҳуқуқшиносӣ хеле гуногун буда, он аз таҳлилҳои соҳавӣ, амалию назариявӣ, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ғ. иборат мебошанд. То ҳол устод  зиёда аз 470 монография, китобҳои дарсию васоити таълимӣ-методӣ, тафсири кодексу қонунҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ эъҷод намудаанд. То ба имрӯз ба қалами устод Раҳимзода М.З. 80 асар, аз ҷумла 15 монография, 14 китоби дарсӣ, 25 тафсири кодекс ва қонунҳо, 26 китоб ва васоити таълимӣ тааллуқ дорад.
Устод Рахимзода М.З. аз зумраи он олимоне ҳастанд, ки ба илм ва пажуҳиши илмӣ воқеан содиқанд. Дар фаъолияти кории худ устод ба тайёр намудани олимони ҳуқуқшиноси ҷавон таваҷҷуҳи зиёд медиҳад. Шогирдони зиёдеро тарбия карда, ба онҳо ёрии амалӣ ва консептуалӣ мерасонанд. Таҳти роҳбарии устод 4 (чор) нафар рисолаи докторӣ ва 17 (ҳабдаҳ) нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Раҳимзода М.З. дар давраи фаъолияти илмию амалии худ ба ҳайси узви Шӯрои машваратӣ-илмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, узви Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Шӯрои ҳимояи рисолаҳои доктории назди Донишгоҳи гуманитарию ҳуқуқии Қазоқистон, узви Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар соҳаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия фаъолият намудаанд. Ҳамзамон, ба ҳайси муовини раиси Суди ҳакамии Маркази байналмилалии оид ба ҳалли баҳсҳои назди Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 2005 то 2020, Раиси Шӯрои экспертии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқшиносӣ иҷрои вазифа намудаанд.
Фаъолияти илмию омӯзгории устод Раҳимзода М.З. ба пойдории нуфуз  ва анъанаҳои тадрисии Донишгоҳи миллии Точикистон саҳми арзанда ниҳода, барои нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани мактаби  сивилистикаи тоҷик нақши муассир гузошт.
Имруз ҳам устод Раҳимзода М.З. дар ҳаёти сиёсӣ, илмиву ҷамъиятӣ фаъоланд. Устод узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, узви Бюрои Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Комиссия оид ба ҷоизаи ба номи М. Осимии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Шӯрои диссертатсионии ҳуқуқи хусусии Донишгоҳи славиянии Тоҷикистону Россия, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии “Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Силсилаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ”, “Қонунгузорӣ”, “Маҷаллаи академии ҳуқуқ”, “Ахбори Донишгоҳи давлатии бизнес, сиёсат ва ҳуқуқ”, инчунин “Юридеческая наука: история и современность” ва “Правовая экономика”-и Федератсияи Россия мебошанд.
Дар фаъолияти беш аз 45-солаи илмию омӯзгорӣ, таҳияву эъҷоди қонунҳо, устод ба ҳайси яке аз олимони пешбари илми ҳуқуқи тоҷик дар соҳаи ҳуқуқи маданӣ, соҳибкорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар дохил ва берун аз мамлакат маъруф гардидаанд. Устод Раҳимзода Маҳмад Забир узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Лаурети ҷоизаи давлатии Абуали Ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ мебошанд.
Итминон дорем, ки корномаи ин шахсияти шинохтаи ҷумҳурӣ, ходими давлатию ҷамъиятӣ, олим ва ҳуқуқшиноси ботаҷрибаю кордон идома ёфта, устод барои рушди босуботи кишвар ва пойдории истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд. Ба устод Раҳимзода М.З. саломатии бардавом, бахту иқболи нек, саодати рӯзгор ва муваффақиятҳои беназир дар ҳаёт ва фаъолияти минбаъдаашон таманно дорем.
 
 
 
 
Р.Шоҳмурод – раиси Кумитаи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният

 

                                                                                                  

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia