casino malaysia
casino malaysia
Тезисҳо (мулоҳизаҳо) дар бораи Конститутсия

wrapper

        Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994. Ҳанӯз дар давраи  дар ҳайати ИҶШС қарор доштани Тоҷикистон, тибқи сиёсати бозсозӣ ва кушиши нав гардонии асосҳои сохтори конститутсионии давлати умумииттифоқии шӯравии сотсиалистӣ дар миқёси иттифоқ таҳияи лоиҳаи Шартномаи иттифоқӣ ва лоиҳаи Конститутсияи ИҶШС пеш гирифта шуд. Аз оғози соли 1990 дар Тоҷикистон низ кор оид ба тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурӣ суръат гирифт. Рафти таҳия ва анҷоми кор аз болои конститутсияи нави ҷумҳуриҳо бо қабули Шартномаи нав ва Конститутсияи иттифоқӣ вобаста буд, бо сабабҳои гуногун ин кор кашол ёфта, охири охирон боиси барҳамёбии давлати иттифоқии ИҶШС гардид.  Аз соли 1992 дар давлатҳои собиқ шӯравии нав соҳибихтиёр гардида кори таҳияи лоиҳаи конститутсияҳо ба анҷом расонида шуда, қабули онҳо суръат гирифт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ лоиҳаи конститутсияи нави ҷумҳурӣ моҳи апрели соли 1992  ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод ва дар рӯзномаҳо чоп шуданд. Аммо бо сабабҳои нооромии вазъи ҷумҳурӣ ва авҷи буҳрони иҷтимоӣ-сиёсӣ муҳокимаи лоиҳаи конститутсияи на дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба қадри даркорӣ суръат гирифтанд. Бо оғоз ва тезутундшавии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ масъалаи қабули конститутсияи нав ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Ҳамзамон масъалаҳои таъҷилии танзими сохтмони давлатӣ тибқи қабули қонунҳо дар бораи тағйироту иловаҳо дохил кардан ба Конститутсияи ҷумҳурӣ соли 1978 ҳал карда мешуданд.
Давраи нави кор аз болои лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои иҷлосияи 16 даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олӣ ва интихоби ҳайати нави роҳбарияти ҷумҳурӣ  робита дорад. Роҳбарияти     нави сиёсии ҶТ бо зуддӣ дарк намуд, ки ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба қабули конститутсияи нав вобаста аст. Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июли соли 1994 зарурияти ҳарчи бо зуддӣ қабул кардани Конститутсияи нав асоснок карда шуда, мӯҳлат ва тартиби қабули он муайян карда шуд. Моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи нави ҶТ  дар матбуот барои муҳокима чоп карда шуд. Дар 22 июли соли 1994 Шӯрои Олии ҶТ лоиҳаи Конститутсияи нав ва натиҷаи муҳокимаи умумихалқии онро баррасӣ намуда, онро маъқул шуморид ва барои қабул ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод кардани онро тавсия кард. Аз ду лоиҳаи пешниҳодшуда лоиҳаи идораи президентии ҶТ  ба раъйпурсӣ бароварда шуда, лоиҳаи идораи парлумонии ҷумҳурӣ беэътибор дониста шуд. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи ҶТ аз 6 ноябри соли 1994 тибқи расонаҳои ахбор чунин буд: аз 2685724 шаҳрвандони ба рӯйхат гирифташуда 2535437 нафар, яъне 94,4 % дар овоздиҳӣ иштирок карданд, аз ин шумор ба тарафдории қабули Конститутсия 2352554 нафар, яъне  87,59 % ва муқобил 105300 нафар ё ки 3,92 нафар овоз доданд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1994 давраи муайяни таърихи нави пайдоиши давлатдории миллати тоҷикро аз соли 1924 то соли 1994, яъне 70 соли соҳибдавлатӣ дар давраи ҷамъияти сотсиалистӣ ва рушди онро  ҷамъбаст кард. Конститутсияи мазкур давраи нави камолоти давлатдории миллӣ, давраи соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард. Акнун дар заминаи он ҷомеа ва давлати Тоҷикистон давра ба давра барои ноил гаштан  ба қуллаҳои баланди соҳибихтиёрии миллӣ, соҳибихтиёрии давлатӣ ва таъмини устувории ваҳдати миллӣ кушиш менамоянд.
Мухтасар дар бораи мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994.  Таркиби Конститутсияи мазкур аз дебочаи мухтасар оғоз ёфта, дар он як навъ бо оҳанги тантананок аз номи халқи ҷумҳурӣ ҳолату ҳадафҳо ва арзишҳое эълон шудаанд, ки ноил гаштан ба онҳо моҳияти давлатдориро устувор ва равшан мегардонад. Дебоча таъиноти сафарбарсозии халқро ба афзун гардонидани дастовардҳо дар сохтмони давлатӣ ва таъмини соҳибихтиёрии халқу миллат низ дорад. Ҳолатҳои дебоча ба мазмуни меъёрҳои Конститутсия таъсири бунёдӣ доранд. Боби аввали Конститутсия ҳадафи муайянсозии сохтори конститутсионӣ, моҳият, шакли  сохтори давлат ва шакли идораи он, таркиби сохтори ҷамъиятӣ ва гуногунандешии сиёсӣ, рамзҳои давлатӣ, соҳибихтиёрии халқ ва давлат, ҷойи Конститутсия дар низоми қонунгузорӣ ва таносуб бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷии Тоҷикистон, асоси иқтисодӣ, гуногуншаклии моликият ва объектҳои моликияти истисноии давлатро муайян ва танзим кардааст. Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, асосҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, мафҳуми шаҳрвандӣ, тартиби соҳиб шудан ва қатъи шаҳрвандӣ, таҳти ҳимояи давлат қарор доштани шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои фардӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва кафолати онҳо, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар боби дуюми Конститутсия танзим ёфтааст. Бобҳои 3-9   масъалаҳои низоми мақомоти давлатӣ, усулҳо, тартиби ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд ва прокуратураро равшан ва танзим кардаанд. Боби даҳум тартиби тағйироту иловаҳо дохил кардан ба Конститутсия, тағйирнопазирии баъзе ҳолат ва арзишҳои давлатро муайян кардааст. Қисми муқаррароти интиқолии Конститутсия хислати равшанӣ андози ба баъзе масъалаҳои сатҳи конститутсионӣ дошта, дар таркиби Конститутсия мавқеи мустақил дорад.
Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабули Конститутсияи соли 1994  шакли    идоракунии президентӣ дорад, зеро ки матни он тибқи лоиҳаи идораи президентӣ тартиб дода шуда, қабул шудааст.  Аммо бевосита дар матни он то соли 2016 қайд наёфта буд. Ба матни моддаи якуми дар раъйпурсии соли 2016 маъқул донисташуда қисми дуюм илова карда шуд, ки мувофиқи  он шакли идораи ҶТ президентӣ мебошад. Дар боби чоруми Конститутсия ва баъзе моддаҳои бобҳои дигар вазъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ёфтааст. Салоҳияти Президенти ҶТ дар идора ва ҳалли масъалаҳои роҳбарии ҷумҳурӣ хеле фарогир буда, дар  низоми ҳокимиятдорӣ ва сарварии давлат нақши олӣ дорад. Дар робита бо ин омил дар матни аввалаи Конститутсияи ҶТ соли 1994, тағйиру иловаҳои  ба он минбаъд се маротиба ворид карда шуда, вазъи Президенти ҶТ хеле мукаммал гардид. Хусусан, тағйиру иловаҳои ба Конститутсия 22 майи соли 2016 ворид кардашуда, қонунҳои конститутсионӣ  дар бораи бо унвони ифтихории сиё панҷум-ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асоси хислати  махсуси конститутсионӣ пайдо кардани унвони мазкур гардид. Ба моддаи 65 сархати панҷуми зерин «Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдади миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад» илова гардид, ки дар он сухан дар бораи як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, меравад. Таъсисёбии унвони ифтихории мазкур эҳтироми махсус ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, қадрдониро нисбат ба хизматҳои шоистаи ӯ дар пойдор гардонидани сохтори давлатии Тоҷикистон, пеш гирифтани сиёсати хирадмандонаи хориҷӣ, дар миқёси байналмилалӣ пеш гирифтани иқдоми ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи мамлакатҳои тамоюли гуногуни иҷтимоӣ-сиёсӣ, ташаббусҳои муфиди сатҳи ҷаҳонӣ ва ғайра ифода мекунад. Яъне унвони мазкур хислати фардӣ дорад ва барои қадрнамоии хизматҳои махсуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.
Ислоҳоти конститутсионӣ. Ҳеҷ як санади меъёрии ҳуқуқии сатҳи баланд комилан мукаммал ва бе нуқсон намебошад. Ин омил ба конститутсия низ дахл дорад. Хусусан, конститутсияи давраи гузариш аз як сохтори ҷамъиятӣ ба сохтори дигар ва бунёди давлати нав, ташкили ниҳодҳои қудратӣ ва муайян кардани салоҳияти онҳо, танзими ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд ва ғайра ба ботадриҷ мукаммал гардидан эҳтиёҷ дорад. Дар робита бо ин масоилҳо масъалаи тағйиру иловаҳо дохил кардан, мукаммал намудани меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия яке аз роҳҳои такмил додан ва мувофиқи талаботи дигаргунгардии муносибатҳои ҷамъиятӣ шуморидан омили муқаррарист. Бо назардошти чунин ҳолатҳо ҷойи тааҷуб нест, ки ба Конститутсияи ҶТ соли 1994 то ҳол се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Ислоҳоти конститутсионии соли 1999 ба моҳият ва мазмуни Конститутсия таъсири хеле амиқи мусбӣ гузошт. Моҳиятан тавассути дигаргунсозӣ ва навгардонӣ чандин меъёр ва ҳолатҳои Конститутсияи ҶТ соли 1994 хислати созишӣ ва шартномаи ҷамъиятӣ пайдо карданд. Нерӯҳои дар раванди  ислоҳоти конститутсионӣ иштирок дошта, бо роҳи гузашткунӣ ва мусолиҳа  роҳҳои такмили конститутсияро дарёб карданд ва ба рушди минбаъдаи он заминаи устувор гузоштанд. Фақат якчанд аз тағйироту иловаҳое, ки соли 1999 ба Конститутсияи мазкур ворид шударо номбар кардан кифоя аст, ки кас ба мазмун ва моҳияти онҳо сарфаҳм ва аҳамияти онҳоро дарк намояд: 1) дар моддаи 28 муқаррар карда шуд, ки «Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, … иштирок намояд». Тавассути чунин илова ба ихтилофи ҷиддии байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин дар ин мавзӯъ хотима гузошта шуда, ба фаъолияти расмии ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон боздоштшуда ва ё манъшуда иҷозат дода шуд;
2) тағйиротҳои ҷиддӣ дар ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии ҶТ пешбинӣ карда шуданд, ки мувофиқи онҳо: а) Маҷлиси Олӣ – парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд; б) Маҷлиси Олӣ аз ду палата: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат гардид; в) палатаи Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва вакилон дар он ба таври касбӣ кор мекунанд; г) Маҷлиси миллӣ аз намояндагони минтақаҳои ҷумҳурӣ иборат буда, узви он ба тарзи даъватӣ дар иҷлосияҳо иштирок менамоянд; д) тарзи интихобшавии вакилони Маҷлиси намояндагон бо ду роҳ – худпешбарӣ ва аз номи ҳизби сиёсӣ пешбарӣ шудан суръат мегирад, узви Маҷлиси миллӣ бо роҳи дар Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои итоати ҷумҳурӣ интихоб шудан (25 кас), аз тарафи Президенти ҶТ таъин гардидан (8 нафар) ва ҳуқуқи ҳар як Президенти собиқи ҷумҳурӣ ба узви якумраи Маҷлиси миллӣ розӣ будан, суръат мегирад; е) мандати аъзои Парлумон озод буда, вакил мувофиқи ақидаи худ овоз  медиҳад.
  1. Мувофиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ асосан доираи салоҳияти Маҷлиси Олӣ ва салоҳияти Президенти ҶТ муайян карда шудааст.
  2. Вазъи ҳуқуқии конститутсионии Президенти ҶТ боз ҳам устувор гардонида шуд. Дар таҳрири аввалаи Конститутсия муайян карда шуда буд, ки як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Дар таҳрири соли 1999 муқаррар гардид, ки Президенти ҶТ ба мӯҳлати 7 сол интихоб мегардад ва бештар аз як мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.
  3. Матни моддаи 72 аз нав таҳрир гашта, меъёр дар хусуси суди импичмент бекор карда шуд.
  4. Доираи салоҳияти Президент хеле фарогир гашта, ҳалли аксари масъалаҳои ҷиддии сохтмон ва идоракунии давлатӣ ба ихтиёри ӯ гузошта шуд.
Тағйироту иловаҳои ба Конститутсияи ҶТ соли 1999 дар раъйпурсии   солҳои 2003 ва 2016 ворид карда шуда, ба монанди соли 1999  самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатиро танзимкунанда ва фарогир набуданд. Бинобар ин онҳоро фақат шартан ислоҳоти конститутсионӣ номидан мумкин аст.  Дар раъйпурсии умумихалқӣ аз 22 июни соли 2003 ба 54 моддаҳои Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳадафи асосии онҳо такмили минбаъдаи низоми сиёсӣ ва давлатии ҷумҳурӣ, равшан гардонидани равандҳои демократӣ, мукаммал кардани роҳҳои такмили кафолатҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳайё сохтани асосҳои конститутсионии инкишофи минбаъдаи низоми иқтисоди озод ва соҳибкорӣ, таъмини субботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мерафт. Яке аз навгонии таҷрибаи конститутсионӣ дар ин маърака аз он иборат гардид, ки дар хотимаи матни Конститутсия қисми Муқаррароти интиқолӣ иборат аз чор қисм пайдо гардид. Дар онҳо мӯҳлати эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани тағйиру иловаҳои мазкур, тартиби амали қонунҳое, ки ба тағйиру иловаҳо мухолифат надоранд, дар бораи мӯҳлати ваколати Президент ва ба мӯҳлати 10 сол дароз кардани ваколати судяҳо танзим ёфтанд.
Раъйпурсии 22 майи соли 2016 дар бораи тағйироту иловаҳо ворид намудан ба Конститутсияи ҶТ соли 1994 аз он оғоз ёфт, ки ибораи «Сарқонун» аз матни Конститутсия хориҷ карда шуд. Дар моддаи якуми Конститутсия шакли идораи  президентии идораи ҶТ расмӣ гардонида шуд ва дар он воқеияти шакли идораи президентӣ доштани ҶТ инъикос карда шуд. Дар моддаи 8 муқаррар карда шуд, ки дар ҶТ фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст. Ҳадафи чунин иловаҳо  ҳифзи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ, роҳ надодан ба мудохилаи хориҷӣ ба ҳаёти сиёсии мамлакат мебошад. Аммо масъалаи манъгузорӣ ба таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта масоили давраи муосири низоми сиёсии мамлакат буда, мавқеи нерӯҳои дар сари қудрат бударо бештар ифода мекунад. Яке аз иловаҳо ин равшанӣ андохтан ба моддаи 15 Конститутсия оид ба масъалаи  асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии ҶТ мебошад, ки тибқи он илова дар бораи мутобиқи қонунгузории ҶТ ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ба шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб шудан аст. Чунин нуқсон аз давраи қабули Конститутсия ҷой дошт ва акнун ислоҳ кардани он меъёри Конститутсияро ба воқеият наздик гардонид.
Таҳрири зерини моддаи 34: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд» - иловае мебошад, ки хислати ғамхорӣ ба  робитаи байни волидон ва фарзандон ва баръакс мебошад. Чандин тағйиротҳои ба Конститутсия ворид кардашуда ба тағйири синну соли интихобшавӣ ва баъзе шартҳои интихоботӣ робита доранд. Ва яке аз иловаҳои пешбини кардашуда, ба  тартиби савгандёдкунии аъзои Парлумон, аъзои Ҳукумат, судяҳо, судяи Суди конститутсионӣ дахл дорад, ки барои қатъӣ риоя шудани вазифаҳои хизматии онҳо мусоидат менамояд. Дар моддаи 61 ба масъалаи аз тарафи ки ва бо кадом тартиб тафсир додани Конститутсия равшанӣ андохта шуда, муқарар карда шуд, ки тафсири Конститутсия дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул ва ҷонибдорӣ карда мешавад. Албатта яке аз иловаҳои дар моддаи 65 пешбинӣ шуда, дар хусуси мӯҳлати ваколати Президент ва дар бораи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад, ки асоси тағйирёбии вазъи ҳуқуқӣ ва воқеии Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.
Такмили низоми ҳуқуқ ва қонунгузории ҶТ бо тағйиру иловаҳо дохил кардан ба Конститутсия анҷом намеёбад. Балки  қабули онҳо оғози мукаммалгардонӣ ва мувофиқнамоии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳолатҳо ва меъёрҳои нави Конститутсия мебошад. Бинобар ин, маъракаи тағйироту иловаҳо ворид кардан ба Конститутсия бо анҷоми раъйпурсӣ ба анҷом намерасад. Балки давраи нави мукаммалгардонии қонунгузории ҷумҳурӣ оғоз ёфта, мунтазам ва ботадриҷ мувофиқати онҳо бо Конститутсия таъмин карда мешавад. Ин омил ташабускорони вориди тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия водор месозад, ки масъулияти асоснок тайёр кардани таклифҳоро чуқур дарк намоянд ва фақат бо мақсади таҳрири луғавию граматикии конститутсия маҳдуд нагарданд.
Арзишҳои тағйирнопазири конститутсионӣ. Дар матни конститут-сияи бисёр давлатҳо ҳолатҳое ҷой доранд, ки дар хусуси тағйирнопазирии баъзе арзишҳо, ба монанди меъёрҳо дар бораи моҳияти давлат, шакли идораи давлат, дахлнопазирии ҳудуди давлат, эътиқодмандии динии мардум ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Масалан, дар моддаи 4 Конститутсияи Ҷумҳурии Туркия гуфта шудааст, ки ҳолатҳои моддаи 1-уми Конститутсия, ки шакли давлатро ҳамчун Ҷумҳурӣ муқаррар кардааст,       ҳолати моддаи 2-юм дар бораи тавзеҳи Ҷумҳурӣ ва ҳолати моддаи 3-юм ислоҳ гашта наметавонанд, ҳамзамон таклифҳо дар бораи тағйири онҳо низ пешниҳод шуда наметавонанд. Мувофиқи моддаи 175 Конститутсияи давлати Шоҳигарии Марокаш «Ҳолатҳои конститутсия, ки ба дини мусулмонӣ, шакли шоҳигарии идоракунӣ, сохти демократии давлат ва ҳолатҳо дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дахл доранд аз нав дида баромада намешаванд». Бо ҳамин мазмун дар моддаи 139 Конститутсияи Ҷумҳурии Италия гуфта шудааст, ки «Шакли ҷумҳуриявии иджоракунӣ наметавонад мавзӯи аз нав дидабарои гардад». Ба хамин монанд меъёрҳо дар конститутсияи боз чандин давлатҳои дигар ҷой доранд.
Конститутсияи ҶТ соли 1994 бори аввал дар таҷриба ва танзими асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ масъалаи тағйирнопазириро муқаррар кард. Дар моддаи садуми Конститутсия эълон карда шуд, ки «Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқ-бунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд». Ҳадафи асосии муқаррар кардани меъёрҳои мазкури конститутсионӣ дар сатҳи конститутсионӣ кафолат додани дахлнопазирии арзишҳое мебошад, ки устувории шакли идораи давлат, моҳияти давлат  ва тамомияти арзии ҷумҳуриро таъмин менамоянд. Ҳар гуна кушиши дигаргунсозии ин арзишҳо хилофи конститутсия мебошад.
 
 
Давом дорад.
 
 
 
Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор 
Мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон    
 
Ашӯрбой Имомов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор,
 Сарходими илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон    

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia