Конститутсия – асоси кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
- Чоршанбе, Окт 30 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии тақдирсози давлат, санади ҳуқуқии таъсисёбандаи кишвар ва ба танзимдарорандаи фаъолияти ҳамаи субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад .
Истилоҳи Конститутсия маънои «барқарор мекунам», «таъсис медиҳам»-ро дошта, таърихи хело ҳам тулонӣ дорад. Аммо ба сифати Қонуни асосии кишвар, низому дастури давлатдорӣ, ки ҳадафи асосиаш аз маҳдуд сохтани ҳокимияти беҳади давлат, танзимкунандаи равобити байни давлат ва мақомоти мухталифи он ва аз ҳама муҳим муайянкунандаи равобити байни давлат ва шаҳрванд, таҳкимбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, мутафаккирон ва муҳаққиқони даврони гузашта ба ин ақида буданд, ки қонунӣ будани ҷомеаи сиёсӣ ва сохти бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Қонуни асосӣ марбут аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин, санади муътабар барои такмил ва танзими ҳуқуқи инсон ва фаъолияти мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, мавҷудияти гуногунандешии сиёсӣ рӯи кор омад.
Моҳи феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни
асосӣ, таъсис дода шуд ва охири моҳи апрели соли 1992 лоихаи Қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандони дар матбуоти даврӣ нашр гардид. Бинобар сабаби вазъи нооромии кишвар бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мӯҳлати муҳокимаи лоиҳаи Қонуни асосӣ то аввали моҳи июли соли 1992 тамдид карда шуд. Сарфи назар аз ин ва дигар тадбирҳое, ки ҳукумати воқеӣ андешид, аммо вазъияти сиёсӣ аз зери назорат хориҷ гардида то ба сатҳи ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ расид. Табиист, ки дар ин шароит қабул кардани Конститутсияи кишвар ѓайри имкон буд.
асосӣ, таъсис дода шуд ва охири моҳи апрели соли 1992 лоихаи Қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандони дар матбуоти даврӣ нашр гардид. Бинобар сабаби вазъи нооромии кишвар бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мӯҳлати муҳокимаи лоиҳаи Қонуни асосӣ то аввали моҳи июли соли 1992 тамдид карда шуд. Сарфи назар аз ин ва дигар тадбирҳое, ки ҳукумати воқеӣ андешид, аммо вазъияти сиёсӣ аз зери назорат хориҷ гардида то ба сатҳи ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ расид. Табиист, ки дар ин шароит қабул кардани Конститутсияи кишвар ѓайри имкон буд.
Пас аз баргузории Иҷлосияи тақдирсозӣ 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таҳлили Конститутсияи нави миллӣ аз нав ба миён омад. Иҷлосияи мазкур барои барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар нақши басо бузурге бозид ва вазъи солими ҷомеаро таъмин кард. Дар ин шароит лоиҳаи нави Конститутсия таҳлил гардид ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд.
Муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурӣ, ба маъракаи дар ҳақиқат сиёсии умумихалқии тақдирсоз табдил ёфт ва мардуми кишвар барои такмили мазмуну мӯҳтавои лоиҳа пешниҳодҳои муфид ирсол доштанд. Илова бар ин ба лоиҳаи Конститутсия, коршиносони як қатор кишварҳои ҷаҳон, ба мисли давлатҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Аврупо, инчунин Созмони Миллалӣ Муттаҳид ва дигар Созмонҳои байналмиллалӣ назару андешаҳои худро изҳор доштанд.
6 ноябри соли 1994 лоиҳа аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ба худ ҳукми қонуни асосии давлатро гирифт. Ин санади тақдирсоз қонуни олии кишвар мебошад ва номи «Конститутсия»-ро гирифт.
Хислати олӣ доштани Конститутсия дар меъёрҳои ҳуқуқии он дарҷ ёфтаанд. Масъалан, қисми моддаи 10-и он, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши Олии ҳуқуқӣ дошта меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқие, ки бар хилофи Конститутсия мебошанд эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Тамоми қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурӣ ба расмият дароварда ва қабул карда мешаванд. Агар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бар хилофи Конститутсия бошанд онҳо қувваи қонунӣ пайдо намекунанд.
Мувофиқи қисми 2-и моддаи 10 –и Конститутсияи Ҷумҳурӣ, давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя ва иҷро намоянд. Яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлат ва ҳамаи сохторҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва иттиҳодияҳои онҳо вазифаи риоя ва иҷрои талаботи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки дар асоси Конститутсия ба расмият дароварда ва қабул шудаанд, гузоштааст.
Иҷро ва риоя намудани Конститутсияи Ҷумҳурй ва дигар қонунҳои кишвар, зиндагии иҷтимоии мо шаҳрвандони Ҷумҳуриро дигаргун сохт, яъне рӯ ба беҳбудӣ овард. Ҳамзамон риоя ва иҷро намудани талаботи қонунҳои байналмиллалӣ низ ҳатмӣ бояд бошанд.
Дар қисми 3 модда 10-и Сарконуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр гардидааст, ки санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмиллалӣ амал мекунанд. Бо назардошти ин Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳамзамон узви созишномаҳои бисёртарафаи байналмиллалӣ мебошад, ки дар сатҳи Созмони Миллалӣ Муттаҳид, Иттифоқи Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ ба имзо расидаанд. Тоҷикистон инчунин бо давлатҳои алоҳида низ созишномаҳои дутарафа ба имзо расонидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини шароити зиндагии арзанда, зиндагии осоишта ва инкишофи озодонаро бо чунин аломатҳояш барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад:
Мувофиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон- Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, зарои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Давлати соҳибихтиёр самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, интихоби шакли давлатдорӣ ва шакли молумулкиро мустақилона ҳал мекунад.
Вобаста ба сиёсатӣ хориҷӣ бошад, давлат тарзу усулҳои муносибат
бо давлатҳои хориҷй ва умуман ҷаҳониро мустақилона ҳал менамояд. Мувофиқи қисми 1 моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрй ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалй мегардонад. Бинобар ин, меъёрӣ конститутсионӣ ба тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони озодона иштирок намуданро дар чорабиниҳои сиёсӣ
бо давлатҳои хориҷй ва умуман ҷаҳониро мустақилона ҳал менамояд. Мувофиқи қисми 1 моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрй ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалй мегардонад. Бинобар ин, меъёрӣ конститутсионӣ ба тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони озодона иштирок намуданро дар чорабиниҳои сиёсӣ
райъпурсии умумихалқӣ (референдум) медиҳад. Барои қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон бевосита дар ташкилёбӣ ва инкишофи шакли идораи давлатӣ ва сохтори давлатдорӣ саҳми худро мегузоранд. Чунки яке аз усули (принсипи) Конститутсия ин аст, ки давлат бе мавҷудияти халқ вуҷуд дошта наметавонад ва ё ин, ки халқ бе мавҷудияти давлат роҳу равиши худро ба низом дароварданаш номумкин аст.
Аз ин лиҳоз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия,
қонунҳои Ҷумҳурӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии
байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сабт шудааст.
қонунҳои Ҷумҳурӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии
байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сабт шудааст.
Дар давлатҳои тараққи ёфта пеш аз ҳама ба сифати арзиши Олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди назар меистад ва арзиши Олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсонро Конститутсияҳои демократии давлатҳои ҷаҳон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардаанд.
Бинобар ин мувофиқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ доранд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эҳтиром, риоя ва ҳифз менамояд.
Инсон дар бо баробари ба дунё омадан ҳуқуқҳои фитриро доро мебошад, ба монанди: ҳуқуқ ба ҳаёт, ба озодӣ ва дар баробари ин ҳеҷ кас ба ҳаёти инсон, қадру номуси ӯ дахолат карда наметавонад. Ҳамзамон ба ин, инсон дар вақти зиндагии рӯзмарааш ба дигар ҳуқуқҳо низ ниёз дорад, ки истифодаи онҳо аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Давлат эҳтиром намудани инсон ва шаҳрвандро яке аз принсипи асосии давлатдорӣ дониста, барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кӯшишу талошҳои зиёдеро ба итмом мерасонад. Ба монандӣ: таъмини истиқлолияти давлатӣ, волоияти қонун, амнияти миллӣ, эътироф намудан ва пазируфтани плюрализми сиёсӣ. Маҳз бо ҳамин дастовардҳо риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд роҳи худро меёбад. Яке аз ѓояҳо ва принсипи асосии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ таъмини эҳтиром ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки давлат дар асос ва муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии баиналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст дар ҳудуди Ҷумҳурӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро бевосита дар соҳаи ҳаёти сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ҳифз менамояд. Вобаста ба сиёсати хориҷӣ бошад, давлат ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар хориҷи кишвар, ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳдуд ва поймол мегарданд, бо муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эҳтироф намудааст ҳифз менамояд. Инчунин, Тоҷикистон дар робита оид ба ҳукуқӣ инсон бо давлатҳои зиёди ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд, ки сафоратхона ва консулгарӣ ҳамчун намояндаи қонунии давлат, барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳимояи манфиати давлат таъсис дода шудааст, ки бевосита сиёсати давлатиро барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мушахасс ба роҳ монда истодаанд.
Қобили зикр аст, ки давлат шаҳрвандони худро аз истифодаи Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба монанди Эъломияи умуми ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 қабул гардида, ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (Милитсия, Прокуратура, Суд), мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар дохили давлат ва берун аз ҳудуди он амал мекунанд, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худашон имконияти самаранок медиҳад.
Риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки таввасути меъёрҳои Конститутсия ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», ки 14 декабри соли 1996 қабул гардидааст, амалӣ мешавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худашон ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, макомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муроҷиат намоянд. Бинобар ин, тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва ашхоси бе шаҳрванд аз тарафи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе восита ҳифз гардида, эҳтиромона доир ба масъалаҳое, ки шаҳрвандон муроҷиат менамоянд, новобаста аз мансубият мақомотҳои давлатӣ эҳтиром зоҳир намуда, оиди масъалаҳои пешниҳод шудаи шаҳрвандон роҳу усулҳои ҳалли масъалаҳоро дар доираи Конститутсияи мамлакат ва дигар қонунҳои Ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, талаботи муроҷиаткунандагонро қонеъ мегардонанд.
Тоҷикистон ва ашхоси бе шаҳрванд аз тарафи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе восита ҳифз гардида, эҳтиромона доир ба масъалаҳое, ки шаҳрвандон муроҷиат менамоянд, новобаста аз мансубият мақомотҳои давлатӣ эҳтиром зоҳир намуда, оиди масъалаҳои пешниҳод шудаи шаҳрвандон роҳу усулҳои ҳалли масъалаҳоро дар доираи Конститутсияи мамлакат ва дигар қонунҳои Ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, талаботи муроҷиаткунандагонро қонеъ мегардонанд.
Бедилзода Ҳ- н.и.с., и.в., мудири
шуъбаи масоили сиёсии
муносибатҳои байнамилалӣ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон