Парчами миллӣ - таҷассумгари давлатдории муосири тоҷикон
- Ҷумъа, Ноя 22 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Тавре баён гардид, Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар рафти Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари рукн ё муқаддасоти дигари давлатдорӣ ба монанди Нишон ва Суруди миллӣ, қабул гардид. Бо ин амал Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён бори аввал эълом кард, ки дар кишвар ҳокимияти конститутсионӣ бо муқаддасоти давлатдории он барқарор карда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 30 - юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2022 баргузор гардид, зикр намуданд, ки «қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишони соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми ҷумҳурӣ аз дигар иқдоми муҳими иҷлосияи таърихӣ буд. Зеро давлати соҳибистиқлоли тоҷикон беш аз як сол рамзҳои инъикоскунандаи соҳибихтиёрии худро надошт. Бинобар ин, рӯзи қабули Парчами давлатӣ, яъне 24 ноябрро мо ҷашни умумимиллӣ эълон кардем, ки ҳар сол аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург таҷлил мегардад».
Ёдовар бояд шуд, ки то ин вақт, яъне замони дар ҳайати собиқ ИҶШС қарор доштан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Парчами миллии худ буд. Чунончи, соли 1929 Парчами Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии (ҶМШС) Тоҷикистон амал мекард. Соли 1931 баъд аз ба ҳайси ҷумҳурии мустақил дар ҳайати ИҶШС табдил ёфтан, Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистон қабул шуда буд, ки он то фурупошии ИҶШС, яъне соли 1991 эътибор дошт.
Бояд қайд кард, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилии солҳои 1992 - 1997 барои давлати ҷавони тоҷикон ва муқаддасоти давлатдории он, аз ҷумла Парчами миллӣ, як имтиҳони ҷиддӣ буд. Дар он солҳои мудҳишу мушкил ва хеле муташанниҷ, ки ба бародаркушии тоҷикон сабаб шуд, мавҷудияти минбаъдаи ҷумҳурӣ зери суол қарор дошт. Вале, халқи заҳматкаш ва шуҷоъманди мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ин ҷанги таҳмилиро паси сар кунад. Дар натиҷаи азму талошҳои Пешвои миллат мардуми тоҷик ба ҳамдигарфаҳмӣ расида, давлат ва давлатдории хешро бо тамоми муқаддасоташ ҳифзу пойдор намуд. Дар натиҷа тамоми кирдору нақшаҳои душманони дохилӣ ва хориҷии кишвар барбод рафтанд.
Ба ҳама маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами миллиаш, ки рукни муҳимтарини давлатдорӣ аст, муаррифӣ мегардад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз сӣ сол аст дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ баромад мекунад, доштани Парчами миллӣ ва муқаддасоти дигар нишонаи асосии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Дар доираҳои академикӣ, илмиву коршиносӣ ба омӯзиш ва тадқиқот доир ба таърихи парчам илми махсусе бо номи «вексиллология» (аз калимаи лотинӣ vexillum - парчам) вуҷуд дорад. Дар натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ муайян карда шуд, ки калимаи «парчам» барои халқи тоҷик аз қадим маълум мебошанд. Дар ҳар давру замон он чун рамзи ҳукмронии қавмияту сулолаҳои мухталиф ба ҳисоб мерафтанд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки парчаму парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодони сарбаландамон ба монанди Коваи оҳангар ва ѓ., мерос мондааст.
Он рамзҳое, ки дар Парчами миллии имрӯзаи мо мавҷуданд таърихи гузаштаи аҷдодонамонро нишон медиҳанд. Чунончи, ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ аз минбарҳои гуногун борҳо таъкид намуданд, ки Парчами миллии имрӯза таҷассумгари асосҳои таърихӣ, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Воқеъан ҳам имрӯз Парчами миллӣ дар фаъолияти давлатдорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, гузаронидани чорабиниҳои мухталифи расмию ғайрирасмии ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дар ҳаёти рӯзмарраи ҳар як шаҳрванди тоҷик, нақши махсусеро дорад.
Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми созмону ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии бонуфузи дунё, ки ҷумҳуриамон узви онҳо мебошад, намояндагиҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ, муҳоҷиратӣ ва ѓайраи тоҷик дар хориҷи мамлакат ҷилвагараст. Тасвири он бошад дар пули миллӣ, нишонаҳои гуногуни сарисинагӣ, асноди тасдиқкунандаи шахсият ва ѓ. тасвир ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Парчами миллиро гиромӣ медорад. Таьрихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини кишвар муқаддас буда, бо шарофати ҷилои он мардум бештар муттаҳид гашта, амалҳои некро ба нақша мегиранду татбиқ мекунанд. Имрӯз шоҳиди онем, ки Парчами миллӣ қариб дар ҳама майдонҳои марказии шаҳру ноҳия, деҳоту ҷамоатҳои кишвар партавафшонӣ намуда, мардумро ба сарҷамъиву созандагӣ даъват мекунанд. Дар маркази шаҳри Душанбе бошад Парчами миллии аз ҳама баландтарин насб гардидааст, ки бо ҷилои худ ба ҷаҳониён аз ҳастиву пойдории давлати мустақили тоҷикон пайѓом медиҳад.
Бо дидани он дар қалби ҳар як фарди бонангу номуси тоҷик ифтихори ватандорӣ, ватандӯстӣ, ҷоннисорӣ ва ҳисси масъулияти азим нисбат ба Ватани худ, афзунтар мегардад. Метавон бо қотеъият гуфт, ки Парчами миллӣ таҷассумгари пойдору устувории давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Эҳтиром ба Парчами миллӣ бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеаи мо бошад.
Аз ин лиҳоз, бо як муҳаббати бузург ва самимияти инсонӣ таҷлил шудани Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоти дигари миллӣ - ин қадрдонӣ ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаланд ва тамаддунсозамон маҳсуб мешавад.
Имрӯз тамоми ҳадафҳои стратегии кишвар, корҳои созандагиву ободӣ, пешрафту тараққиёти кишвар, дар фазои орому осоишта, ваҳдату сарҷамъӣ ва адолату қонуният бо баланд бардоштани Парчами миллӣ дар амал татбиқ мешаванд. Дар ин ҷода, халқи тоҷик ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар пайи ҳифз кардани сулҳу субот, устувории истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг ва муносибатҳои пешрафтаи ҷамьиятӣ, мебошад.
Дар васфи Парчами миллӣ аҳли адаб осорҳои назмиву насрии зиёд эҷод кардаанд. Аз ҷумла шоири маҳбуби халқи тоҷик Камол Насрулло дар шеъри зерини худ тамоми гуфтаҳои болоиро тасдиқ намудаанд:
Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!
Парчами ту аз ҳама болотар аст!
Парчами ту Парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!
Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст!
Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!
Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,
Халқи моро ҷилваи болу пар аст!
Сангинов Н.Н., н.и.с., ходими калони
илмии шуъбаи масоили сиёсии муноибатҳои
байналмилалии ИФСҲ ба номи
А. Баҳоваддинови АМИТ