casino malaysia
casino malaysia
Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатӣ  ва субъекти комилҳуқуқи арсаи байналмилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

wrapper

Парчами миллӣ дар замони муосир яке аз рамзҳои асосии мавҷудияти давлат баромад намуда, бинобар дар ҳаёти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аҳамияти муҳим доштанаш вазъи ҳуқуқӣ, инчунин истифодаи он бо конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунҳо ба танзим дароварда мешавад.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик ҳанӯз дар асрҳои миёна давлати худро доштанд, ки тамоми нишонаҳои давлатдории муосирро доро буданд. Дар замони муосир яке аз рамзҳои давлат ин парчами миллӣ мебошад, ки гузаштагони мо онро доро буданд. Чи тавре, ки муҳаққиқи ҷавон А.Ҷураев қайд менамояд: «дар  замони Каёниён соҳиби дирафше буд, ки мавҷудияти давлатро ифода намуда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ арзи вуҷуд дошт, ки он – Дирафши Ковиёнӣ буд ва онро Ахтари Ковиёнӣ низ меномиданд... Ба ин минвол аввалин парчами таърихии тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешуд».
Вобаста ба аҳамият, моҳият ва нақши парчам дар мавҷудияту ташаккули давлатдорӣ дар байни сиёсатмадорону олимон ва ҷомеашиносон ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон вобаста ба масъалаи мазкур қайд менамоянд, ки «Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Муҳаққиқон Бобоҷонзода И.Ҳ. ва Қодирзода Т.Қ. чунин меҳисобанд, ки «Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатии кишвар мебошад. Он ҳамчун рамзи истиқлолият, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ маънидод мешавад.Парчами миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ на танҳо рамзи истиқлолияти кишвар аст, балки ҳамчун як воситаи муҳими муттаҳидсозӣ, муаррифии ҳувият ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат мекунад. Он баёнгари арзишҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва ҳадафҳои кишвар дар рушди дипломатияи сулҳомез ва ҳамкориҳои созанда мебошад».[1]        
Ба ақидаи профессор Маҳмадҷонова М.Т. «Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ таърихан дар тамаддуни башарият ифодагари арзишҳои муҳими фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҳама муҳим, ҳарбии миллатҳои соҳибистиқлол мебошад. Парчам матое мебошад, ки аксаран дар қисмати болоии чуб ва ё дигар воситае, амсоли нуги найза, ҳамеша барои намоён будан бо бардоштан ба баландии муайян, нигоҳ доштан дар қисмати болоии қасрҳо ва дар хаймаи размгоҳ парафшон мегашт. Парчам мутамарказии ғояи сиёсӣ буда, ду вазифаи асосӣ – огоҳонии аҳолӣ ва ифодаи ҳокимиятро таҷассум менамояд»[2].
 Профессор Собирзода Н.М. чунин ақида меронад, ки  «Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз се ранг иборат аст, матои хушку холӣ набуда, он таърих, тамаддун, фарҳанг, имрӯз ва ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷиконро дар худ инъикос менамояд. Ин рамзест, ки номуси миллиро баланд бардошта, заминаи устувории ваҳдату ягонагии миллиро таъмин месозад. Парчам ҷомеаро ба ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу созиш ва меҳнати софдилона баҳри рушди босуботи кишвар даъват менамояд. Парчам ваҳдати миллиро таҳким бахшида, мондагории истиқлоли давлатиро таъмин месозад».[3].
Ба ақидаи моён Парчами давлати ҳамчун рамзи мавҷудияти давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон, субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ, рамзи муттаҳидиву мутаммарказии давлат, инчунин татбиқи соҳибихтиёрии давлат дар ҳудуди муайни берун аз ҳудудии асосии давлат, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ насб кардани он иҷозат дода мешавад, баромад менамояд. 
Маврид ба зикри хос аст, ки имсол ба мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин ном 100 сипарӣ гардид. Чи тавре, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд бо Қарори бюрои ташкилии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Россия (болшевикҳо) аз 4 июни соли 1924 «Дар бораи тақсимоти миллии Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказї» Тоҷикистон дар аввал ҳамчун вилояти мухтор дар ҳайати ҶШС Узбекистон ташкил ёфт. Ҳамон сол, яъне 14 октябри соли 1924 иҷлосияи 2-юми Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ қарор қабул кард, ки Тоҷикистон на вилояти мухтор, балки ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон (Минбаъд ҶМШС Тоҷикистон) дар ҳайати Узбекистон таъсис ёбад.
Шоиста ба зикр аст, ки Парчами Тоҷикистони Шуравӣ шуруъ аз давраи пайдоишаш бо ҳамин ном бо назардошти тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқӣ ва рушду такомулли низоми давлатдории шуравӣ якчанд маротиба мавриди тағйирот қарор гирифтааст.
 Бояд қайд намуд, ки бо қарори Президиуми КИМ ҶМШС Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1929 Парчами давлаии ҶМШС Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз матои рангаш сурх иборат буда, дар тарафи чап, дар қабати даста нишони ҷумҳурии мухтор ҷой дода шуда буд.
  
Дар нишони давлатии ҶМШС Тоҷикистон досу болғаи тиллогин, осмони кабуд бо шуоҳои офтоб, дар гирдаш хушаи гандум ва пахта, инчунин  дар аторфи он  бо ҳуруфи русӣ «Пролетарии всех стран, соединяйтесь!», инчунин бо хатҳои арабӣ «Пролетарҳои ҳамаи малакатҳо як шавед!» тасвир ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки соли 1922 олими гералдисти[1] шуравӣ К. Дунин-Борковский таклиф намуд, ки ифодаҳои ҳарфӣ дар парчами давлатии Федератсияи Россия барҳам дода шуда, ба ҷойи он эмблемаи досу болға, ки ифодакунандаи синфи коргару деҳқони давлати Шуравиро дорад, тасвир карда шавад. Соли 1923 комиссияи конститутсионии КИМ ИҶШС масъалаи парчами давлатиро бинобар қабул гардидани авввалин Конститутсияи ИҶШС мавриди омӯзиши дақиқ қарор дод. [5, 25]  Тибқи моддаи 71 конститутсияи мазкур дар парчами давлати ИҶШС ниошнаи досу болға ҷой дода шуд. Парчами давлатиии ИҶШС боис ба он гардид, ки минбаъд дар парчами давлатии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба таври ҳатмӣ досу болға тасвир ёфтанд. [6, 83]
Бояд ёдовар шуд, ки 28 апрели соли 1929 дар анҷумани 2-юми Шуроҳои  ҶМШС Тоҷикистон Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон  бо назардошти Конститутсияи ҶШС Ўзбекистон ва Конститутсияи ИҶШС қабул гардид. Боби 17 ва моддаи 106 конститутсияи мазкур ба масъалаи парчами ҶМШС Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар моддаи мазкур қайд гардида буд, ки парчами давлати ҶМШС Тоҷикистон аз матоъи сурхи масоҳаташ 1:2 иборат буда, аз тарафи чап дар назди дастқапи он нишони давлатии ҶМШС Тоҷикистон тасвир ёфтааст.
Бо назардошти муқаррароти Конститусияи аввалини мамлакат моҳи апрели соли 1929 Парчами давлати ҶМШС Тоҷикистон маротибаи дуюм қабул гардид.
      
Маврид ба зикри хос аст, ки дар моддаи 105 Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон аломату тасвирҳои нишони давлатӣ шарҳ дода шудаанд.. Чунончи: «Нишони давлатии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон аз досу болғаи тилогини маҳаллии дастакашон ба тарафи поён, дар дохили ситораи панҷгуша, бо тасвир ёфтани куҳҳои пурбарф, ҳангоми шуоҳои тиллогини  офтоб баромадан ва дар боло осмони кабуд иборат мебошад. Ситора аз тарафи чап  бо хушаи пахта ва аз тарафи рост бо хушаи гандум иҳота шудааст. Дар поёни ситора бо забони руссӣ «Пролетарии всех стран, соединяйтесь!» дар росткунҷаи болоии ситора бо ҳуруфи арабӣ  «!شويد يک جهان همه پرولتارهاى» ва аз тарафи дигари росткунҷа бо хати лотинии ҷумлаи тоҷикӣ «Proletarhoji hamaji çahon jak şaved!» навиштаҷот мавҷуд аст. Нишон бо камарбанди тиллогин иҳота карда шуда, дар ин камарбанд пайи ҳам дар поён бо се забон навиштаҷот мавҷуд аст. Бо забони арабӣ: ;«جمهوريت اجتماعى شوروى مختارى تاجيکستان», бо забони тоҷикӣ ва ҳарфи лотинӣ: «Çumhurijati Içtimoiji Şŭraviji Muxtori Toçikiston»;  ва бо забони русӣ: «Таджикская Автономная Советская Социалистическая Республика». [7]
      Бояд қайд намуд, ки аввалин Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон гарчанде қабул шуда бошад, ҳам доираи амалаш хеле кутоҳ буд. Зеро  дар анҷумани III Шуроҳои Тоҷикистон 26 октябри соли 1929 Эъломия дар бораи табдил додани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва дохил шудан ба ҳайати ИҶШС  қабул карда шуд. Бо мақсади зербинои ҳуқуқии ҷумҳури нави иттифоқиро гузоштан 25 феврали соли 1931 дар Анҷумани 4-уми умумитоҷикии Шуроҳо Конститутсияи (Қонуни асосӣ) ва нишони давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Шоиста ба зикр аст, ки дар конститутсияи мазкур дар бораи парчами давлатӣ ягон меъёр муқаррар нагардидааст. Вале ба ақидаи моён ин парчам бо назардошти ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ ташкил ёфтан ва дар шакли нав тасдиқ гардидани нишони давлатӣ қабул гардидааст.
Парчами мазкур аз 2 апрели соли 1929 то 24 декабри соли 1931 дар ҷумҳурӣ амал кард.
Маврид ба зикри хос аст, ки  бо Қарори  иҷлосияи сеюми Кумитаи Иҷрояи Марказии Шуроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон даъвати якум «Дар бораи ҷорӣ намудани алфавити нави тоҷикӣ» дар ҷаласаи санаи 15 апрели соли 1928 қабул гардид. Тибқи банди 1 қарори мазкур алфавити нави  лотинӣ барои коргузорӣ дар ҳудуди ҶМШС Тоҷикистон қабул гардид.[8] Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани алфавити лотинӣ ба қабули парчами минбаъдаи ҷумҳурӣ таъсири худро расонид.
        Аввалин парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон аз матои сурх иборат буда, дар кунҷи тарафи чапи он бо ҳуруфи тоҷикии лотинӣ (латинизированном таджикском шрифтом) навиштаҷоти «ç.i.ş. toç.», ки маънои  «Çumhurijati Içtimoiji Şŭraviji Toçikiston» (Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон) мавҷуд буд.
26 майи соли 1936 иҷлосияи чоруми КИМ ҶШС Тоҷикистон, даъвати панҷум тасвир ва навиштаҷоти  нишон ва парчами давлатиро дар шакли нав тасдиқ намуд. Ба ақидаи рассоми беллорус А.Лукаши тарҳи нави парчам дар матои сурх ва дар кунҷи тарафи чап навиштаҷоти  «ÇŞS Toçikiston» (бе досу болға) тасдиқ гардид. [9]
Чи тавре, ки аз манбаъҳои таърихи маълум аст 1 марти соли 1937 дар анҷумани VI фавқуллодаи Умумитоҷикии Шуроҳо Конститутсия ҶШС Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид. Дар моддаи 130 Конститутсияи мазкур омадааст, ки «Парчами давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз матои сурх иборат буда, дар қисмати болоии чубаки он аз тарафи чап досу болғаи тиллогин бо навиштаҷоти «Таджикская ССР» ҷойгир карда шудааст.Таносуби паҳноӣ ба дарозӣ 1:2   мебошад. [10]
Маврид ба зикри хос аст, ки гарчанде дар моддаи 130 конститутсияи мазкур ибораи «ÇŞS Toçikiston» истифода нашуда бошад, ҳам дар амалия дар поёни досу болғаи тиллогин навиштаҷоти «ÇŞS Toçikiston» ва «Таджикская ССР» пайдарҳам ҷойгиранд. Бояд ҳаминро илова намуд, ки баъдан мухтасари «Ç» аз калимаи «Çumhurijat» ба мухтасари «R» аз калимаи  «Respublika»  иваз гардид.
 
         Бояд илова намуд, ки бо Қарори Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон Қонун аз 21 майи соли 1940 «Дар бораи гузариш аз ҳуруфи тоҷикии лотиниасос ба алифбои нави тоҷикӣ дар заминаи хати русӣ» қабул гардид, ки аз 1 сентябри соли 1940 пурра ҷорӣ шуд. Тибқи қонуни мазкур алифбои нави тоҷикӣ дар заминаи хати русӣ тасдиқ гардида, ҳамчун хати таълимӣ минбаъд истифода шуда, то айни ҳол мавриди истифода қарор дорад. [11]
Дар ҳамин замина 28 сентябри соли 1940 Президиуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон фармонеро ба тасвиб расонид, ки тибқи он навиштаҷоти ҳуруфи тоҷикии лотиниасос ба алифбои нави тоҷикӣ дар заминаи хати русӣ иваз карда шуданд. [12] Дар парчами давлатӣ истиллоҳи «RSS Toçikiston» ба «РСС Точикистон» иваз карда шуд(Нигаред ба расми поён).
 
Парчами мазкур то соли 1953 ҳамчун парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон истифода гардид.
20 марти соли 1953 Қарори Президиуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон  «Дар бораи Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки тибқи он дар асоси пешниҳоди рассоми рус Михаил Павлович Шликов тарҳи нави парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон қабул гардид. Дар банди 1 Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон» қайд гардида буд, ки «Парчами давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон рамзи давлатдории ҶШС Тоҷикистон мебошад».
Тибқи низомномаи мазкур парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон аз матои рангаш сурхи масоҳаташ 2:1 иборат буд. Парчам аз рангҳои сурх, сафед ва сабз иборат буд. Таносуби рангҳои парчам чунин буд: Тарафи болои парчам аз матои сурхе, ки нисфи паҳноии парчамро ташкил медод, аз поёни он хати сафед, ки аз панҷ як ҳиссаи паҳноӣ, сипас хати сабз, ки аз даҳ як қисм ва қисмати поён аз ранги сурх, ки аз панҷ як ҳиссаи парчамро ташкил медод иборат буданд. Дар қисмати болоии парчам аз тарафи чубак ситораи панҷгушадор ва дар поёни ситора досу болғаи тиллогин тасвир ёфта буд. Нигаред ба поён:
            Муаллифи парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон  Шликов М.П.вобаста ба шарҳи рангҳои парчами мазкур чунин навиштааст: «Ранги сурхи ранги умумиитифоқӣ (Ранги парчами давлатии ИҶШС. Шарҳи И.Ф.Ф.) мебошад.Ранги сафед – рамзи рушди пахтакорӣ ҳамчун воситаи асосии истеҳсолот дар ҷумҳурӣ; ранги сабз – рамзи мавҷудияти боғҳо, токзорҳо ва дарахтони тут барои рушди абрешим ва фарвовнии чарогоҳҳои куҳӣ; Досу болға нишон аз иттиҳоди коргарон ва шахсоне, ки ба хоҷагии қишлоқ машғуланд  мебошанд». [13]
Ҷиҳати тасдиқи тасвири мазкури парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон  19 сентябри соли 1953 Қонуни ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Қарори Президиуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Маврид ба зикри хос аст, соли 1978 Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистон қабул гардида, вобаста ба масъалаи парчами давлатӣ дар он меъёр муқаррар гардид. Моддаи 170 конститутсияи мазкур ба масъалаи маънидодкунии масоҳат ва рангҳои парчами давалтии ҶШС Тоҷикистон бахшида шуда, буд, ки дар он меъёрҳои низомномаи дар боло овардашуда бе ягон тағйиру илова такрор шудаанд. [14]
Парчами соли 1953 ҶШС Тоҷикистон то соли 1991 бе ягон тағйирот амал кард. Шуруъ аз 9 сентябри соли 1991 бинобар эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами соли 1953  то соли 1992 бо андак таҳаввулот, яъне бе нишонаи досу болға истифода гардид.          
Тавре ба ҳамагон маълум аст 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви мустақили ҷомеаи ҷаҳони ба узвияти СММ қабул гардид. Ба ин муносибат 2 марти соли 1992 дар саҳни қароргоҳи СММ воқеъ дар шаҳри Ню Йорк дар қатори давлатҳои дигари аъзо парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боло бардошта шуд, ки ин саҳифаи наве дар таърихи кишвари ҷавонамон ба ҳисоб мерафт.
 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ дар тарҳи нав қабул гардид. Баъдан  6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ қабул гардид. Тибқи моддаи 3 конститутсия Парчам ҳамчун рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, он хусусияти конститутсионӣ гирифт.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар иборат аст. Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки  11 декабри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар қисми якуми Низомномаи мазкур қайд гардидааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Пас аз қабули Низомнома 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ» қабул карда шуд. Дар Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозии он, моҳият ва тартиби истифодабар, инчунин ҷавобгарӣ барои беҳурмати насбат ба он муқаррар гардидааст.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддас танҳо дар ҷойҳои махсус, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, афрохта мешавад.
Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти  идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), инчунин дигар ҷойҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, афрохта мешавад. Ҳамчунин, дар қонуни мазкур дарҷ гардидааст, ки парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар  намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, афрохта мешавад.
 Пурсида мешавад, ки оё масъалаи афрохтани парчами миллиро қонунгузории миллӣ метавонад дар хориҷи кишвар ба танзим дарорад?
Маврид ба зикр хос аст, ки масъалаҳои марбут ба парчам на танҳо бо қонунгузории миллӣ балки бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ ба танзим дароварда мешаванд. Чунончи, давлати ҷавони Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ва минбаъд бояд ҳамкориҳоро бо давлатҳои хориҷӣ ва  созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонд. Бо ҳамин мақсад  парламенти мамлакат соли 1996 Конвенсияи Вена «Дар бораи муносибатҳои дипломатӣ» аз 18 апрели соли 1961-ро ба тасвиб расонид. Конвенсияи мазур дар баробари танзими масъалаҳои вазъи ҳуқуқии намояндагии дипломатӣ масъалаи парчами давлатҳоро низ ба танзим медарорад. Дар моддаи 20 конвенисяи мазкур дарҷ гардидааст, ки «Намояндагии дипломатӣ ҳуқуқи истифодаи парчам ва нишони давлатии худро дар бинои намояндагии дипломатӣ, қароргоҳи роҳбари намояндагӣ ва ҳамчунин  дар воситаҳои нақлиёти он дорад.» Маҳз дар ҳамин замина, имрӯз парчами Тоҷикистон дар бинои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, қароргоҳи сафир ва воситаҳои нақлиёти он афрохта мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз шохаи ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат, иштирокчии фаъоли аксари дастовардҳои муҳимми кишвар мебошад. Дар замони истиқлолияти давлатӣ, бо роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ, СААД, Ассамблеяи САҲА, Иттиҳоди Байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ, Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, Ассамблеяи парламентҳои Осиё ва Парламентҳои Аврупо, Ассамблеяи Парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Ассамблеяи парлумонии Осиё гардид. Дар қароргоҳи ҳар як созмони мазкур парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шудааст, ки ин маънои узвияти парламенти мамлакатро дар созмонҳои мазкур дошта, ба ин васила ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ ба нафъи давлату миллат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.
   Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи мавҷудияти давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон, субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ, рамзи муттаҳидиву мутаммарказии давлат, инчунин татбиқи соҳибихтиёрии давлат дар ҳудуди муайни берун аз ҳудудии асосии давлат, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ насб кардани он иҷозат дода мешавад, баромад менамояд. 
                    
                        Руйхати адабиёти истифодашуда:
  1. Бобоҷонзода И.Ҳ. Қодирзода Т.Қ. Парчами миллии Тоҷикистон: таърих ва моҳияти он ҳамчун рамзи давлатӣ. Сомонаи интситути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://ifppanrt.tj/tj/ilm-va-navidho/andeshai-muhakkikon/item/2008-parchami-millii-to-ikiston-ta-rikh-va-mo-iyati-on-amchun-ramzi-davlat.html( Санаи муроҷиат:19 нябри соли 2024.);
  2. Маҳмадҷонова М.Т. Парчам рамзи давлатдорӣ ва ватанпарварӣ.Сомоани расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://amit.tj/tj/parcham-ramzi-davlatdori-va-vatanparvari ( Санаи муроҷиат:19 нябри соли 2024.);
  3. Собирзода Н.М. Парчам – василаи таҳкими ваҳдати миллӣ. Сомоани расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: Https://amit.tj/tj/parcham-vasilai-takhkimi-vakhdati-milli( санаи муроҷиат:19 нябри соли 2024.);
  4. НиколаеваМ. Государственные эмблемы Советского Таджикистана./ М. Николаева. – Д.: Ирфон, 1969. – 40 с.;
  5. Зоири Гафур Махмудзода. История Таджикской вексиллологии и геральдики второй половины ХIХ– начала XXI веков. Дисс. канд. ист. наук. 07.00.02 – Отечественная история (исторические науки).Душанбе 2020;
  6. Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1929 / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.- С.321-322;
  7. Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1929 / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.- С.321-322;
  8. Қарори иҷлосияи сеюми Кумитаи Иҷрояи Марказии Шуроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон даъвати якум «Дар бораи ҷорӣ намудани алфавити нави тоҷикӣ» дар ҷаласаи санаи 15 апрели соли 1928. Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.- С.292-293;
  9. Таджикская ССР. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://www.hrono.ru/heraldicum/flagi/tadjik/soviet.html( санаи муроҷиат:19 нябри соли 2024.);Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 1 марти соли 1937 / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.- С. 438-459;
  10. Закон от 21 мая 1940 года «О переводе таджикской письменности с латинизированного на новый таджикский алфавит на основе русской графики» / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019. – С. 469;
  11. Фармони Президиуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи навиштаҷот дар парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон» аз 28 сентябри соли 1940. Манбаъ: БМД. ҶТ. ф.297,оп.18, д.40, л.173;
  12. Пояснение художника М.Шлыкова к экскизе Государственного флага Таджикской ССР. Источник: ЦГА РТ. Ф.297, оп.18-19 а, д.214, лл .18-24;
  13. Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1978 / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.-С.638-675.
 
Ходими калони илмии Шўъбаи
њуќуќи байналмилалии Институти
фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи АМИТ
номзади илмњои  њуќуќшиносї                                                   Идизода Ф.Ф.
 
 
[1] Гералдика — фанни махсуси таърих аст, ки ба масъалаи омӯзиши нишону рамзҳои давлатӣ, инчунин анъана ва таҷрибаи истифодаи онҳо машғул мебошад.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia