Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон
- Чоршанбе, Ноя 27 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар таърихи ҳар як халқ воқеаҳое ҳастанд, ки онҳо дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ ва таъмин намудани самти ҷараёни минбаъдаи ҷомеа нақши калидӣ мебозанд. Дар таърихи халқи тоҷик ҳамин гуна воқеаи муҳим ва тақдирсоз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он рӯзҳои 16-ноябр -2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, зеро он солҳо вазъ дар пойтахти ҷумҳурӣ ором набуд ва гузаронидани ин иҷлосия дар пойтахт ѓайриимкон буд.
Ин иҷлосия дар замоне ба кори худ оғоз намуд, ки вазъияти сиёсию иқтисодии мамлакат хеле мураккаб гардида, сохтори ҳокимияти давлатӣ фалаҷ шуда буд ва хатари парокандагии давлат ва аз байн рафтани миллати куҳанбунёди тоҷик ба миён омад. Дар давраи мудҳиш ва фоҷиабор диққати тамоми мардуми кишвар ба ҷараёни кори иҷлосия ва қарорҳои қабулнамудаи он нигаронида шуда буд. Одамон ҳама дар андешае буданд, ки намояндагони мардумӣ, шахсиятҳои шинохтаи кишвар, роҳбарони ҳаракату созмон ва ақаллиятҳои мамлакат барои наҷоти давлатдории миллӣ, пешгирии қатлу куштор ва муътадил гардонидани вазъи ноороми мамлакат чӣ чораҳо меандешанд.
Иҷлосияи ХVI масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист мудохилаи ошкори душманони хориҷиро маҳкум намуда, манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.
Дар воқеъ, Иҷлосияи 16-ум умеду орзуҳои мардумро дар амал татбиқ намуда, қарорҳои муҳим қабул карда, дар таърихи мамлакат саҳифаи пурифтихоре боз намуд.
Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни кори он ба миён омада буд. Пайдоиши ин ғоя худ як зарурияти таърихӣ ба ҳисоб мерафт, ки қодир буд халқи парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ созад. Идеяи ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон сокинони мамлакат ҷой гирифта, заминаи бунёди сулҳро тақвият бахшад.
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI-ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва аз гирдоби нобудӣ нигоҳ дошт.
Дар ин иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ - 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид. Дар баробари ин дар раванди Иҷлосия муқаддасоти миллии мо Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Дар он иҷлосия сарвари нави давлати мо фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди ҷасуру матинирода Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид гаштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, парчами кишварро бӯсида, савганд ёд карданд ва бо иштирокдорони иҷлосия рӯ оварда чунин иброз намуданд, ки: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, мисли хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боъэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳо, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналмилалиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуданд. Раиси тозаинтихоби кишвар мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буданд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам».
Дар воқеъ таърих гувоҳ аст, ки ин иҷлосия сарчашмаи сулҳу субот буда, шукуфоии ватани азизамон аз он оѓоз гашт.Сардори давлат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи худ қадамҳои устувор гузошта, тамоми гурезаҳоро ба ватан баргардониданд, созишномаи сулҳ ва ризояти миллиро ба имзо расониданд, гарчанде дар он замон расидан ба сулҳу субот кори осон набуд, зеро барои расидан ба ин ҳадаф сардори давлат дар ҳақиқат ҷони худро дареѓ надошта, ба хотири фардои Тоҷикистони азиз дар манотиқи ноамн сари мизи музокирот нишаста билохира ин созишномаро ба имзо расониданд. Тамоми ҳамватаноне, ки ба ҳайси гуреза дар хоки дигар давлатҳо буданд, ба ватан баргардониданд, хонаҳои сухтаю валангори онҳоро барқарор намуданд, мардум оҳиста- охиста ба хаёти муқаррарӣ баргашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил балки бо гузашти вақт падид меоянд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад». Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Ин иҷлосияи тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии Ҷумҳурии азизамон истифода барем.»
Ҳамин тариқ маҳз ҳамин анҷуман оғози наҷоти давлатдории миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гашта, тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик – таҳаммулпазирию башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит созад.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оѓози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор намуда, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкамтар намоем. Дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.
Имрӯз бо қаноатмандии бузург метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба миён овард, худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро дар сатҳи баланд ташкил ва арзёбӣ намуд.
Иҷлосия барои ҳамаи аҳолии Тоҷикистон як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва рӯ овардан ба волоияти қонун ва иҷрои нақшаҳои азими созандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваста дар амал татбиқ меёбанд.
Саидзода Муҳаббат Шералӣ -Ходими
пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат
ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳоншумулӣ
- Ҷойгоҳи шабакаҳои иртиботӣ дар стратегияи империяи Ҳахоманишиҳо
- Ҷойгоҳи Ибни Ҳайсам дар рушди илм ( Ибни Ҳайсам поягузорӣ илми оптика)
- Ҳувият ва Ваҳдати миллӣ
- Конфронс дар мавзуӣ рушди илмҳои фалсафӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”(Бахшида ба 90-солагии академик М.Диноршоев)