Андешаи муҳаққиқон
- Сешанбе, 26 Март 2024
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Сиёсишавии дин — хатар ба фаҳанги миллӣ ва суботи ҷомеа. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ Март 23, 2024 16:33 ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/
Ҳодисаҳо ва зуҳуроти мухталифи ҳаёти сиёсии ҷомеа мураккабу пурпечутоб буда, омӯзиши ҳамаҷониба, таҳлили воқеӣ ва баҳогузории объективӣ талаб менамоянд. Дар замони муосир яке аз ин гуна масъалаҳо, ки дар шароити кунунии инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ мубрам ва зарурӣ эътироф мешавад, сиёсишавии дин ва хосиятҳои асосии он мебошад.
Инкишофи давлатҳо дар шакли давлати дунявӣ ва ифодаёбии ҳокимият дар шакли низоми демократӣ омӯзиши масъалаҳо ва равандҳои ба онҳо таҳдидоварро муҳим гардонидааст. Дар ҷомеа ва давлатҳои муосир, ки ба ҳайси либералӣ ва демократӣ шумурда мешаванд, ҳама гуна равандҳои сиёсии монеъшавандаи рушди онҳо бояд аз ҷиҳати илмӣ дақиқ баррасӣ шаванд.
Масъалаи сиёсишавии дин баҳси рӯзмаррае аст, ки дер боз диққати олимон, таҳлилгарони соҳаҳои гуногуни донишҳоро ҷалб намудааст. Доираҳои илмӣ ва академикӣ ба ин масъала бевосита таваҷҷуҳ менамоянд. Онҳо пайвастагии ин ду падидаи ҷамъиятиро аз диди илмӣ баррасӣ намуда, ҳанӯз аз марҳилаҳои пешин тобеъ гаштани яке аз онҳо ба дигар ва ё истифода бурдани яке аз онҳо аз ҷониби барандагони дигарашро бо мақсадҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Муфассал ...- Душанбе, 18 Март 2024
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Ҷанбаҳои фарҳангӣ ва ҷаҳоншинохтии Наврӯз
- Шанбе, 16 Март 2024
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Наврӯз – эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва таблиғгари ҳунарҳои мардумӣ
- Шанбе, 16 Март 2024
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Озодии виҷдон ва заминаи ҳуқуқии конститутсионии он (Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат)
Мулоқоти сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи мамлакат, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми кишвар дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазан, ҷашни сиюдусолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гаштани соли 2024 – ҳодисаи нодире дар ҳамкории давлат бо аҳли фарҳанг ва ходимони дин мебошад. Гуфтугӯи ошкоро доир ба самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, хусусан, масъалаи риояи озодии виҷдон ва кафолатҳои он дар ҷумҳурӣ, масоилҳои мураккаби дар ин самт мавҷуда ва роҳҳои бартарафсозии онҳо хеле рӯзмарра ва муфид мебошанд. Зеро ки ҳамкории давлат бо сохторҳои динӣ ва ходимони намоёни дину мазҳабҳои дар ҷумҳурӣ фаъолият дошта, яке аз самтҳои ҳассоси ҳаёти иҷтимоӣ буда, ба татбиқи сиёсати давлатии таълиму тарбияи ахлоқию ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон алоқаманд аст.
Муфассал ...